Холмурод Шарифов-фаъоли ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва адабии ҷумҳурӣ даргузашт

Декабрь 26, 2017 16:05

ДУШАНБЕ, 26.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 26 декабр арбоби шинохтаи давлатии Тоҷикистон, вазири собиқи фарҳанг ва раиси собиқи Кумитаи табъу нашри ҷумҳурӣ Холмурод Шарифов дар синни 91 аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Холмурод Шарифов яке аз фаъолони ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва адабӣ буда, солҳои зиёд, яъне аз нимаи асри гузашта то солҳои наздик дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Дар гузашта Холмурод Шарифов ба ҳайси раиси шаҳри Панҷакент,  раиси ноҳияи Ёвон, Вазири фарҳанг ва раиси Кумитаи табъу нашри ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.

Номбурда 12 феврали соли 1927 дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар хурдсолияш хонадонашон ба водии Вахш кӯч бастааст. Фаъолияти меҳнатияшро аз 15-солагӣ дар ноҳияи Октябри вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтари вилояти Хатлон) сар карда, то соли 1946 ба сифати узви колхоз фаъолият доштааст. Солҳои 1946-1955 дар созмонҳои комсомолии водиҳои Вахшу Ҳисору Қаротегин адои вазифа карда, сипас корманди мақомоти давлатӣ, ҳамзамон сардори ситоди сохтмони Канали Марғедар (дар Панҷакент) будааст. Солҳои 1960-1963 дар Академияи илмҳои ҷамъиятии КМ КПСС (Маскав) таҳсил карда, ба гирифтани унвони илмии номзади илмҳои фалсафа ноил гардидааст.

Ӯ ҳамчунин муддате ҷонишини мудири шуъбаи идеологияи КМ ҲК Тоҷикистон, муовини аввали Вазири маданият ва солҳои 1968-1979 мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, раиси Кумитаи табъу нашри Тоҷикистон, солҳои 1990-1996 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, солҳои зиёд узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамолики Осиёву Африқо, узви КМ ҲКТ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11) будааст.

Солҳои 1990-2002 раисии Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро бар уҳда дошт.

Осори илмии мавсуф дар китобҳои «Меҳнати ҷамъиятӣ ва инкишофи шахсият» (1962), «Техника. Труд. Человек» (дар китоби «Труд как фактор развития личности»; Москва, 1963), «Ташаккули одами нав» (1965), «Социалистическая культура таджикского народа» (1974), «Омилҳои педагогӣ ва психологии кори ҳизбӣ-сиёсӣ» (1971) ва ғ. ба табъ расидаанд. Хусусан асари «Бунёди маънавии одами нав» (1977, 1984) аз тарафи ҳамагон хуш пазируфта шудааст. Бисёр навиштаҳои публитсистии ӯ дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ чоп шудаанд.

Солҳои охир Х. Шарифов чун нависанда, публитсист, санъатшинос ва хотиранигор шуғл меварзид. Асарҳои ӯ «Гард дар мижгон» (1972), «Нақши хотир» (1988), «Зов памяти» (1989), «Рози дил» (1991), «Оламафрӯзон» (1992), «Сарнавишт» (1994), «Алтернатуф» (2001), «Ахтарони фарҳанг» (2002), «Меҳрнома» (2004), «Ҷаҳони Марям Исоева» (2011), «На звездном празднике столетья» (2014) ва ғ. дар инкишофи жанри очерку портрету ҳикоя, хусусан сафарномаву ёддоштнависӣ дар адабиёти тоҷик саҳм гузоштаанд.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Декабрь 26, 2017 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст