МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад

Май 9, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Бодиринг яке аз сабзавоти табиӣ ва фоиданок мебошад, ки онро ҳам барои ғизо ва ҳам барои зебоӣ истифода бурдан мумкин аст. Бодиринг сабзавоти серистеъмол ва дӯстдоштаи инсон мебошад, ки аксар вақт дар ғизои ҳаррӯза, истифода мешавад. Илова кардани бодиринг ба ғизои ҳаррӯза метавонад на танҳо организмро солим нигоҳ дорад, балки ба саломатии дил, пӯст ва гурдаҳо низ таъсири мусбат расонад.

Дар таркиби бодиринг 95% об мавҷуд аст. Аз ин рӯ он сабаби беҳтар кардани тавозуни об дар организм мегардад. Бодиринг махсусан дар ҳавои гарм барои пешгирии хушкшавии бадан кумак мерасонад.

Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий ва магний, инчунин антиоксидантҳо бой мебошад. Ин таркибҳо барои нигоҳ доштани саломатии организм муҳим мебошанд.

Аз сабабе, ки дар таркиби бодиринг калий мавҷуд аст, он барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад. Бодиринг таъсири натрийро кам карда, ба беҳтар  намудани кори дил мусоидат мекунад.

Ҳамчунин бодиринг дорои нахи табиӣ мебошад, ки барои беҳтар кардани ҳозима ва пешгирии қабзият кумак мерасонад. Он барои хориҷ кардани токсинҳо аз организм, беҳтар шудани кори гурдаҳо ва пешгирии сангҳои гурда низ ёрӣ мерасонад.

Бино ба маълумоти табиби ҷаҳоншумули тоҷик  Абӯалӣ ибни Сино, бодиринг таб ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми бемориҳои ҷигар муфид аст. Ба ақидаи Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ, бодиринг ҷисмро тоза ва сард мекунад, барои меъдаи гарм ва илтиҳоби масона муфид аст, шикамро нарм месозад, пешоб ва санги гурдаю масонаро меронад.

Барои шахсоне, ки мехоҳанд вазни зиёдатии худро кам намоянд, истеъмоли зиёди бодиринг тавсия дода мешавад. Зеро он ба зуд пур кардани шикам мусоидат намуда, эҳсоси гуруснагиро кам мекунад.

Ҳамчунин бодиринг барои нигоҳубини пӯст хеле фоиданок аст. Онро ҳамчун ниқоб барои тароват бахшидан ва сабук кардани пӯст истифода мебаранд. Он равғанҳои қабати болоии пӯстро тоза мекунад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки тухми бодирингро кӯфта, ба варам гузошта банданд, онро беҳтар мекунад. Ҳар рӯз чаҳор грамм тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, захми шушро низ шифо мебахшад. Бодирингро пора карда, ба пешонӣ ва сар гузошта банданд, дарди сареро, ки сабаби он истеъмоли моддаҳои гарм бошад, рафъ мекунад.

Оби бодиринг барои равондани доғи кунҷитак ва гармича нафъ дорад. Бо ҷӯшидаи решаи бодиринг зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Оби бо асал омехтаи бодиринг давои сурфа аст.

Бодирингро дар шакли хӯриш, шарбат ва ҳамчун ғизои алоҳида истеъмол кардан мумкин аст. Баъди истеъмоли бодиринг нӯшидани оби хунук ё газдор, лимонад ва шир ҷоиз нест.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 9, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери дараи Камароби ноҳияи Рашт 450 хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Занону модарони собиқадор бо сарбозон ва сокинони Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав мулоқот намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар вобаста ба амнияти иттилоотӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Хатлон бо сабаби надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Кӯдаконро дар тобистон бо чӣ метавон банд кард?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Турсунзода беш аз 6 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд
Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад