“ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД…”. Андешаҳои Сахидод Раҳматуллозода оид ба шӯҳрати ҷаҳонии устод Айнӣ

Апрель 9, 2018 15:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 14 апрели соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Устод Айнӣ ва илму адабу фарҳанг» бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ конференсияи байналхалқии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад. Институти забон ва адабиёти  ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз таъсисдиҳандагони ин ҳамоиши илмӣ ба шумор меравад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА  ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Асосгузори адабиёти навини тоҷик, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аз нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ ҳисобида шудааст. Ба андешаи шумо, бо кадом хусусиятҳо асарҳои пурарзиши устод Айнӣ ганҷинаи тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ гардонидаанд?

С. Раҳматуллозода: Асарҳои устод дар пояи имрӯзи адабиёти ҷаҳонӣ таълиф шуда, на танҳо бо маводу муҳтавои нави миллӣ ва ҷанбаи амиқи инсондӯстона, балки тавассути шинохти бадеии равандҳои тозаи таърихӣ, барҳам хӯрдани даврони зулму истеъмор, замони ба арсаи муборизаҳои озодихоҳона ворид шудани инсони нав ва кушоишҳои адабиву ҳунариашон ганҷинаи тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ сохта, дили оламиёнро тасхир кардаанд. Аммо, пеш аз ҳама, устод поягузори маънавиёти нави тоҷикӣ мебошад. Яъне, ӯ ҳам дар муайян шудани сарнавишти таърихӣ, ҳувияти мардуми тоҷик ва худшинохтагии миллии ӯ ва ҳам шаклгирии андешаи иҷтимоии вай, бунёди илму адаб ва фарҳанги навини он саҳми муассир ва тақдирсоз гирифтааст. Ин таҷрибаи устод, дар айни замон барои бисёре аз мардумони Шарқ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ ибратомӯз афтодааст ва аз ҳамин ҷиҳат барои мардуми Ғарб низ саҳифаҳои нав боз намудааст. Бинобар ин эҷодиёти Айнӣ, хусусан насри реалистии ӯ, натиҷаи ба ҳам пайванд додани эҷоди беҳтарин анъанаҳои адабиёти Шарқ ва Ғарб мебошад.

АМИТ «Ховар»: Нуфуз ва таъсири мактаби Айнӣ дар инкишофи адабиёти миллатҳои гуногуни собиқ шӯравӣ чӣ гуна аст?

С. Раҳматуллозода:   Мактаби бузург ва гуногунҷабҳаи реалистии Шарқ, пеш аз ҳама, бо номи Айнӣ вобаста аст. Инро нависандагони қазоқ Мухтор Авезов ва Собит Муқанов, нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов, Маҳтӣ  Ҳусейн (Озарбойҷон), Ғафур Ғулом (Ӯзбекистон), Бердӣ Карбобоев (Туркманистон) ва дигарон иқрор карданд. Айнӣ ба сифати яке аз  асосгузорони адабиёти ӯзбек низ шинохта шудааст. Нависандаи шаҳир Чингиз Айтматов бо эҳтироми хос Айниро дар қатори Мухтор Авезов аз устодони бузурги худ ба шумор овардааст.

АМИТ «Ховар»: Устод Айнӣ дар зуҳуру инкишофи адабиёти воқеъгаро ва мардумӣ шудани забони адабӣ дар адабиёти Шарқи хориҷа чӣ мавқею мақом дорад?

С. Раҳматуллозода: Мавқею мақоми Айнӣ дар зуҳуру инкишофи адабиёти воқеъгаро ва мардумӣ шудани забони адабӣ дар адабиёти Шарқи хориҷа, бахусус Афғонистон ва Эрон  низ бузург мебошад, ки онро донишманди Эрон Саид Нафисӣ эътироф карда буд. Метавон бархе аз асарҳои Айниро номбар намуд, ки дар ин давлатҳо нашр гардидаанд. Чаҳор ҷилди «Ёддоштҳо», «Одина», «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ва баъзе дигар аз асарҳои Айнӣ дар Эрон бо сарсуханҳои муфассал ва тавзеҳоти илмӣ ба чоп расидаанд. Ҳамчунин осори вай ба забонҳои чинӣ, арабӣ, ҳиндӣ, урду, банголӣ,  малайзӣ, уйғурӣ нашр шудаанд. Ба ҳамин сабаб аст, ки Конференсияи 2-юми нависандагонии мамлакатҳои Осиё ва Африқо (Қоҳира, 1962) дар баённомаи худ махсус таъкид кард: «Мо дар инкишофи тафаккур ва бедории худ аз асарҳои бисёр адибони гумном, инчунин нависандагоне, ба мисли Робиндронат Такур, Лу Син, Садриддин Айнӣ ва Таҳо Ҳусайн миннатдору шукргузор ҳастем».

АМИТ «Ховар»: Осори устод Айнӣ дар мамлакатҳои Ғарб чӣ гуна шӯҳрат доранд ва ба кадом забонҳо тарҷума шудаанд?  

С. Раҳматуллозода: Нависандагон ва донишмандони ғарбӣ номи Айниро бо Ҷек Лондон, Киплинг, Горкий, Кнут Гамсун барин нависандагони шаҳир дар як қатор гузоштаанд. Бахусус, асарҳои устод «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Мактаби кӯҳна» дар Ғарб ба нашр расидаву шӯҳрат ёфтаанд, ки дар ин амал тарҷумаҳои русии осори ӯ нақши муайян доштаанд. Масалан, Луйи Арагон, нависандаи бузурги франсуз дар силсилаи осори «Адабиёти халқҳои шӯравӣ» асари Айнӣ «Ёддоштҳо»-ро ба сифати китоби дуюми ин силсила ба чоп расонид. Дар ин замина дар Россия ва кишварҳои ғарбӣ як силсила таҳқиқот дар мавриди эҷодиёти устод Айнӣ анҷом дода шудаанд.  Бино ба навиштаи нависанда ва мунаққиди машҳури Франсия Андре Вюрмсер, “Марги судхӯр”-и С. Айнӣ бо “Гобсек”-и Оноре де Балзак дар як поя меситанд, “ҳарчанд амалҳои судхӯронаи Қорӣ-Ишкамба аз судхӯриҳои Гобсек, бо назардошти тафовутьи сохти ҷамъиятии кишварҳояшон аз ҳам фарқ доранд”.

 Арфлед Курелла, муҳаққиқи немис эҷодиёти Айниро маҳсули бисёр муваффақи ба ҳам омадану гуфтмони беҳтарин суннатҳои ду фарҳанги бузурги ҷаҳонӣ – Шарқу Ғарб ҳисобидааст. Рӯзноманигори чех Юлиус Фучик изҳор дошта буд: «Айнӣ на танҳо нависандаи шумо, балки нависандаи мо ҳам мебошад. Китобҳои ӯ барои мо на танҳо намунаи ҳунари зебо, балки асбоби аёнии таълимӣ мебошанд».  Ба қавли муҳаққиқи эронӣ Алберт Кучулӣ: «Айнӣ танҳо моли тоҷикон нест, ӯ мутааллиқ ба ҳамаи башарият аст». Ин аст, ки 100-солагии зодрӯзи Айнӣ (1978) бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси байналхалқӣ ҷашн гирифта шуд. Осори Айнӣ ба забони русӣ, 17 забони халқҳои собиқ шӯравӣ ва зиёда аз 12 забони хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои сернуфуси олам — чинӣ, ҳиндӣ, немисӣ, англисӣ, франсузӣ ва ғайра тарҷумаю нашр шуда, барои мутолиа ба ҷаҳониён дастрас гардидааст.

Дарвоқеъ, Айнӣ мутааллиқ ба ҳама мардуми ҷаҳон ва ифтихори миллати тоҷик аст. Шоири тоҷик Бозор Собир барҳақ фармудааст:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Апрель 9, 2018 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»