Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин бародаршаҳр гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Раиси музофот ҷаноби Ван Юн, ки бо сафари корӣ ба пойтахти мамлакати мо ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба махсус таъкид намуданд.
Тарафҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрока, технология, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Қисми зиёди музокирот ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Хайнан бахшида шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки музофоти Хайнан бо масоҳати 35 000 метри мураббаъ ва 9 миллион нафар аҳолӣ дар қисмати ҷанубии Чин ҷойгир буда, маркази он шаҳри Хайкоу мебошад. Сарчашмаҳои асосии иқтисодиёти музофоти Хайнан соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ маҳсуб мешаванд. Он яке аз марказҳои бузурги сайёҳии баҳрӣ дар ҷаҳон буда, бо иқлими тропикии худ беш аз 50 намуди меваҷот ва 120 намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва содирот менамояд.
Дар ҷараёни музокирот байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии музофоти Хайнан Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тасвиб расид.
Санади бародаршаҳриро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии музофоти Хайнан муовини Раиси музофоти Хайнан ҷаноби Ван Юн имзо карданд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчӣ (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин (18 сентябри соли 2018) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.















Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






