Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 22 июли соли 2019 сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд.
Тахминан соати 16:35 дақиқа ба ин ҳолат шаҳрвандони ҶҚ монеа шуда, худсарона заминро кофта, навиштаҷоти «Оқсой» ва парчами кишварашонро насб карданд. Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.
Қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурданд, ки бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.
Шаҳрвандони ҶҚ аз фурсат истифода бурда, ғайриқонунӣ роҳи «Исфара-Ворух»-ро бастанд.
Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.
Айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ








Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд






