Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат баргузории якчанд чорабинии сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вазорати мудофиа маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин расонида шуда, консерти идона доир мегардад.
Бахшида ба ин рӯз дар назди муҷассамаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар шаҳри Душанбе ва Оромгоҳи сарбози номаълум дар маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур гулчанбар гузошта мешавад.
Дар робита ба ин чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии «Ирам», «Фирдавсӣ», «Куруши Кабир», «Мироненко»-и шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо бо иштироки афсарону сарбозони сохторҳои ҳарбӣ барномаҳои гуногун ташкил гардиданд.
Ба мақсади шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ барои ҷавонони синни даъватӣ «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор мешавад. Ҳамзамон баргузории чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар байни хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба нақша гирифта шудааст.
Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ озмуни «Суруди сарбоз» доир мегардад. Озмун ба баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати ҳарбӣ мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки баргузории ин чорабиниҳо дар таҳкими омодагӣ, маърифат ва робитаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин тарғиби идеяҳои ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат нақши муҳим дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






