Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд

Февраль 17, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» байни хизматчиёни ҳарбӣ ва муассисаҳои олии мамлакат мусобиқаи тирпаронӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи мусобиқа муайян намудани маҳорати тирпаронии хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, раёсатҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа», Донишкадаи ҳарбӣ, Литсейи ҳарбӣ ва кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз силоҳи оташфишони таппонча арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа аз муассисаҳои олии мамлакат дастаҳои кафедраҳои ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки ин иқдом дар самти пешбурд ва ба роҳ мондани чорабиниҳои ҳарбӣ – варзишӣ ба таҳкими суботу амният ва дар маҷмуъ ба мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат нигаронида шудааст.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои умумидаставӣ мақоми аввалро дастаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, мақоми дуюмро дастаи кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва мақоми сеюмро дастаи раёсати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соҳиб гардиданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид