Имрӯз – Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрсозӣ. То охири сол дар Душанбе дуюмин эстакадаи 3-сатҳа мавриди истифода қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1949 8 ноябр ҳамасола дар аксар давлатҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии шаҳрсозӣ таҷлил мегардад. Ин иқдом бо пешниҳоди хатмкардаи Институти урбанизми Париж, профессори Донишгоҳи Буэнос-Айрес Карлсон Мария-делла-Паолера роҳандозӣ гардид. Мақсад аз таҷлили ин рӯз рушди шаҳрҳо ва фароҳам овардани шароити зист барои одамон дар онҳо мебошад.
Бо истифода аз ин маврид тасмим гирифтем дар бораи бунёди роҳҳои сеқабата (эстакада) дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ибрози назар намоем.
Ҳукумати мамлакат барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани онҳо бунёди эстакадаҳои сесатҳаро (роҳҳои болои ҳам) дар шаҳр ба роҳ мондааст.
Айни ҳол дар пойтахти мамлакат бунёди дуюмин эстакадаи 3-сатҳа дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе ҷараён дошта, қарор аст корҳои сохтмонии иншооти мазкур то охири ҳамин сол анҷом ёбанд.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи марти соли 2018 оғоз гардида, муҳлати анҷоми он то моҳҳои апрел-майи соли 2020 муайян шуда буд.
Азбаски ин роҳ барои пойтахт аҳамияти муҳим дорад ва он дар маркази шаҳр ҷойгир аст, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки сохтмони онро то моҳи декабри соли равон ба анҷом расонанд.
Менеҷери лоиҳаи мазкур Аброр Музаффаров зикр кард, ки айни замон дар ин минтақаи сохтмонӣ 90 фоизи корҳо ба анҷом расида, мумфаршкунӣ ва бетонрезӣ дар роҳҳои мошингузари он идома дорад.
«Алҳол сохтмончиён дар ду баст зарбдорона меҳнат намуда, талош доранд, ки то анҷоми соли равон сохтмони эстакадаи мазкурро ба охир расонанд. Боварамон комил аст, ки бунёди иншоотро дар муҳлати муқаррарнамудаи Пешвои миллат ба анҷом мерасонем. Мо он рӯзи хушро, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи истифодаи роҳ ширкат хоҳанд кард, бесаброна интизор ҳастем»,-гуфт номбурда.
Аброр Музаффаров ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон мумфарш намудани қабати болоии роҳ бо ғафсии 4 см, мумфарш намудани қабати поёнии роҳ бо ғафсии 6 см ва рӯйпӯш намудани қабати болоии асосии роҳ бо шағали сиёҳ бо ғафсии 8 см ба анҷом расонида шудааст.
Эстакадаи мазкур аз роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар доираи амалишавии ин лоиҳа инчунин дар қисмати шимоливу ҷанубии буриши кӯчаи Абуалӣ ибни Сино гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта мешаванд.
Тавре менеҷери лоиҳа иброз дошт, дар доираи ин лоиҳа инчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳу гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар назар аст.
Ин эстакадаи сеқабатаи замонавӣ бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва гузариши пиёдагардонро дар ин қитъаи роҳ таъмин менамояд. Бояд гуфт, ки ин мавзеъ яке аз ҷойҳои серодами шаҳр буда, ҳамарӯза онро теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёт убур менамуданд, ки он боиси танбашавии роҳ ва рух додани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардид.
Тибқи иттилои масъулин, соли сеюм аст, ки дар бунёди эстакадаи сеқабата дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино 414 коргари соҳибтахассус, аз ҷумла, 344 нафар тоҷик ва 70 нафар хориҷӣ аҳлона заҳмат мекашанд. Барои онҳо шароити хуби кор, техникаи замонавӣ ва музди муносиб таъмин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон нахустин эстакадаи сесатҳа (роҳҳои болоиҳам) дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта шуд.
5 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи расмии эстакадаи мазкур иштирок доштанд. Ин эстакада аз 3 сатҳ иборат буда, дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудаанд.
Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд. Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ шудаанд. Дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардида, барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудаанд.
Аз ин пеш роҳи мазкур асосан ба сифати шоҳроҳе истифода мешуд, ки аз он воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон, меҳмонони пойтахт, ҳамчунин нақлиёти боркаш ва ҷамъиятӣ мегузаштанд, ки ин ташкили муътадили ҳаракатро дар қитъаи мазкур мураккаб сохта, боиси танбашавӣ ва дигар мушкилот дар роҳ мегардид. Бунёди эстакада бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳоро таъмин намуда, барои беҳтар гардидани шароити ҳаракат дар ин қитъа мусоидат намуд.
Тибқи иттилои муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов, то соли 2025 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 20 адад чунин чорроҳаҳои сесатҳа дар пойтахт сохта мешаванд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»