Дар Душанбе озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол», «Омӯзгори сол» ва «Хонандаи сол» ҷамъбаст мегарданд

Апрель 9, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои  ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол», «Омӯзгори сол» ва «Хонандаи сол» 16 ҳазору  660 сомонӣ  ҷудо намуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд,  озмунҳои мазкур  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт  роҳандозӣ гардидааст.

Рустами Эмомалӣ  бо ин қарор масъулинро барои андешидани тадбирҳо  ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе  вазифадор намудааст.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи маориф  яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.

Ёдовар мешавем, ки  дар шаҳри Душанбе 137 муассисаи таҳсилоти томактабӣ  фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 91 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 33 муассисаи томактабии хусусӣ  ва 13 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд. Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ    29854 нафарро ташкил  дода, ба онҳо 1603 нафар мураббияҳо тарбия медиҳанд.

Дар шаҳри Душанбе 149 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии  асосӣ, 128 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ   (бо назардошти мактабҳои типпи нав ва махсус), 1 муассисаи махсуси ҷумҳуриявӣ, 2 мактаби мусиқӣ, 1 мактаби варзишӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Соли 2019  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8863 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2018   294 нафар зиёд мебошад. Инчунин  дар шаҳр 6 муассисаи интернатӣ  ва 1 хонаи кӯдакони синни томактабӣ   фаъолият менамояд, ки дар он 1063 нафар хонандагон, аз ҷумла 44 нафар ятими кулл, 57 нафар бемодар, 307 нафар бепадар, 175 нафар аз оилаҳои камбизоат, 33 нафар аз оилаи бепарастор, 307 нафар кӯдакони маъюб, 86 нафар аз оилаҳое, ки падару модарашон бемор ва 54 нафар аз оилаҳое, ки падару модарашон дар маҳбас мебошанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Дар соли таҳсили 2019 –2020 сифати дониши хонандагон дар шаҳри Душанбе дар чоряки якум 42,1 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ  95,4 фоизро ташкил намуд. Сифати таҳсилот нисбат ба соли таҳсили гузашта 0,1 фоиз баланд гардидааст.

Муҳассилини муассисаҳои таҳсилотии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намуда, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд. Соли 2019  171 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ  (44 нафар ҷойи якум, 51 нафар ҷойи дуюм ва 76 нафар ҷойи сеюм) ва 237 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ   (54 нафар ҷойи якум, 81 нафар ҷойи дуюм ва 102 нафар ҷойи сеюм) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Апрель 9, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Раиси шаҳри Душанбе ба 5 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбон ва беморон кумаки моддӣ расониданд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе»
ҚАДРДОНӢ АЗ ЗАҲМАТИ ТАБИБОНИ ДУШАНБЕ. Соҳибкори тоҷик дар посух ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ба 1700 нафар кормандони соҳаи тиб кумак расонид
ТО ИМРӮЗ БЕШ АЗ 512 ҲАЗОР СОКИНОНИ ДУШАНБЕ БА КАРАНТИН ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД. Оид ба тадбирҳои андешида ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус дар пойтахт
ГАШТУГУЗОР БЕ НИҚОБ ҚАТЪИЯН МАНЪ АСТ! Идомаи амалиёти профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт
АЗ ИНҲО ИБРАТ ГИРЕД! Кумаки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт
«Тоҷикгидроэлектро-монтаж» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ таҷҳизот кумак намуд
ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми беш аз 2,5 миллион сомонӣ лавозимоти зарурии тиббӣ кумак расонид
COVID-19: Фаъолияти кошонаҳои ҳусн, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи мошинҳо то 31 майи соли 2020 манъ карда шуд
ДУШАНБЕ СОЛИ 2021 ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ МЕГАРДАД. Дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои узви ИДМ
МО ДАР ЯКҶОЯГӢ БАР COVID-19 ҒОЛИБ МЕОЕМ! Бо кӯмаки Ӯзбекистон дар Душанбе бемористони сайёр ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ ТАЙЁРИРО БА ЗИМИСТОНИ ОЯНДА АЗ ҲОЛО ШУРУЪ МЕКУНАД. Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти пойтахт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 қарор ба тасвиб расонданд

Маводҳои таҳлилӣ