Мунира Каримова, сардухтури Беморхонаи касалиҳои сирояти кӯдаконаи шаҳри Душанбе: «Шарт нест, ки тамоми доруҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳоро захира кунед»

Май 4, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳеҷ гуна зарурат вуҷуд надорад, ки мо пешакӣ  доруҳои зиддивирусӣ  ва антибиотикҳоро харида, захира намоем. Ин  кори нодуруст аст. Дар ҳар як хона бояд маҷмӯи доруҳои кумаки аввал нигоҳ  дошта шавад»,-гуфт сардухтури муассисаи давлатии «Беморхонаи  касалиҳои сирояткунандаи  шаҳрии кӯдакон»  Мунира Каримова.

Бояд зикр кард, ки бо пайдо шудани бемории  коронавирус дар Тоҷикистон, шаҳрвандони зиёд на танҳо антисептикҳо ва ниқобҳо, балки  доруҳои зиддивирусӣ  ва антибиотикҳои  пуртаъсирро низ аз дорухонаҳо мехаранд. Баъзе кормандони бевиҷдони дорухонаҳо аз ин ҳолат истифода  бурда, нархи чунин доруҳоро бамаротиб баланд бардоштаанд. Илова бар ин, одамон бо чунин амали хеш ба шахсони воқеан ниёзманд  норасоии доруҳои номбурдаро эҷод мекунанд.

«Гузашта аз ин, ба ҳеҷ ваҷҳ бе ташхиси табиб ва дорухати  ӯ  аз чунин давоҳо набояд истифода намуд.  Ин на танҳо  фоида  намерасонад, балки ба ҷисми солим зиён низ меоварад»,- афзуд мутахассис

Табиб тавсия дод, ки  имрӯз одамон дар мадди аввал бояд бо роҳи табиӣ масунияти худро  сироятнопазир намоянд. Яъне, ҳамарӯза истеъмоли ғизои солим, инчунин  меваҷот ва сабзавот муҳим аст. Ҳамзамон меъёри ҳаррӯза нӯшидани оби соф низ набояд фаромӯш гардад.

Коронавирус бемории хосе ҳаст, ки онро бояд табибони соҳибтаҷриба  табобат кунанд.

Мунира Каримова инчунин зикр намуд, ки айни замон риоя  кардани қоидаҳои оддӣ- нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, гигиенаи  шахсӣ ва мувофиқи имкон нарафтан ба  ҷойҳои ҷамъиятӣ  хеле муҳим аст.

«Дар сурати пайдо шудани аломатҳои беморӣ, аз ҷумла, вараҷа, сулфа фавран ба  табибони марказҳои саломатии ҷойи зист  бояд муроҷиат намуд»,-  гуфт табиб.

Май 4, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон