Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

Май 22, 2020 18:38

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари садамаи фоҷеабори ҳавопаймои мусофирбар дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Карочӣ, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон гардид, моро андӯҳгин намуд.

Таъзияву тасаллияти амиқи худ ва мардуми Тоҷикистонро ба халқи дӯсти Покистон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам».

Май 22, 2020 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи «Дӯстии абадӣ» иштирок намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази «ЭКСПО»-и шаҳри Душанбе боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд
Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд