Дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари ҷашну анъанаҳои миллии тоҷикон» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд

Март 30, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари ҷашну анъанаҳои миллии тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Қабл аз оғози конференсия иштирокдорон дар саҳни донишгоҳ бо намоиши анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, аллаи модар, маросими хонадоршавии навҷавонони тоҷик, шеъру таронахонӣ шинос шуданд.

Дар идома ба як зумра аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, ба якчанд занони ҳунарманд мошинаҳои дарздӯзӣ тақдим гардиданд.

Зимни ифтитоҳи конференсия иброз гардид, ки Наврӯзи оламафрӯз рамзи покиву сафо, шодиву нишот, умеду орзуҳои нек ва таҷассумгари суннатҳои волои аҷдодӣ мебошад. Ин ҷашни бузург паёми созандагӣ, бунёдкорӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмиро ба дилҳо меорад.

Тазаккур дода шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз эҳё гардида, мақоми хосса пайдо кардааст.


Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Наврӯз яке аз зуҳуроти беназир ва ҷузъи муҳими фарҳанги миллии мо ба шумор рафта, дар тӯли мавҷудияти беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳамчун сарчашмаи муҳими ахлоқиву тарбиявӣ барои дар руҳияи бунёдкориву созандагӣ, таҳаммулгароӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, дӯстию рафоқат, ҳамзистӣ ва некиву накукорӣ тарбия намудани инсоният хизмат ва фарҳанги миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

«Аз ин лиҳоз, Наврӯз ҳамчун маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод сарчашмаи ифтихор ва воситаи муҳимтарини худшиносиву худогоҳӣ ба шумор рафта, ба шарофати истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё ва мақоми байналмилалиро соҳиб гардид», — илова намуд Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Бо ифтихор иброз гардид, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли нави аҷдодӣ – Наврӯз мақоми байналмилалиро сазовор гардида, Шашмақом, чакан, атласу адрас ва дигар осору арзишҳои бостониамон аз тарафи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги башарӣ эътироф шуданд. Ин ҳама имкони таърихӣ дод, ки тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунсоз муаррифӣ гардиданд.

Пас аз суханронии иштирокдорон якчанд нафар фаъолон ва собиқадорони давлатию ҳизбӣ барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, мусоидат дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҷалби мардум ба корҳои созандагӣ бо медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.


АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Март 30, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ — ИДИ ЗАНОНИ ВАҲДАТСАРО». Ин форум занони тоҷик, узбек ва қирғизро дар фазои дӯстӣ ба ҳам овардааст
Маросими гусели сарони давлатҳои Қирғизистон ва Узбекистон
Иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии муштараки наврӯзӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аз маҷмааи Қалъаи Хуҷанд
Маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар
Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон
Маросими имзои Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
«НАВРӮЗ — ИДИ ЗАНОНИ ВАҲДАТСАРО». Дар шаҳри Хуҷанд Форуми байналмилалии занон баргузор мегардад