Дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари ҷашну анъанаҳои миллии тоҷикон» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд

Март 30, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари ҷашну анъанаҳои миллии тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Қабл аз оғози конференсия иштирокдорон дар саҳни донишгоҳ бо намоиши анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, аллаи модар, маросими хонадоршавии навҷавонони тоҷик, шеъру таронахонӣ шинос шуданд.

Дар идома ба як зумра аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, ба якчанд занони ҳунарманд мошинаҳои дарздӯзӣ тақдим гардиданд.

Зимни ифтитоҳи конференсия иброз гардид, ки Наврӯзи оламафрӯз рамзи покиву сафо, шодиву нишот, умеду орзуҳои нек ва таҷассумгари суннатҳои волои аҷдодӣ мебошад. Ин ҷашни бузург паёми созандагӣ, бунёдкорӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмиро ба дилҳо меорад.

Тазаккур дода шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз эҳё гардида, мақоми хосса пайдо кардааст.


Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Наврӯз яке аз зуҳуроти беназир ва ҷузъи муҳими фарҳанги миллии мо ба шумор рафта, дар тӯли мавҷудияти беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳамчун сарчашмаи муҳими ахлоқиву тарбиявӣ барои дар руҳияи бунёдкориву созандагӣ, таҳаммулгароӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, дӯстию рафоқат, ҳамзистӣ ва некиву накукорӣ тарбия намудани инсоният хизмат ва фарҳанги миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

«Аз ин лиҳоз, Наврӯз ҳамчун маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод сарчашмаи ифтихор ва воситаи муҳимтарини худшиносиву худогоҳӣ ба шумор рафта, ба шарофати истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё ва мақоми байналмилалиро соҳиб гардид», — илова намуд Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Бо ифтихор иброз гардид, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли нави аҷдодӣ – Наврӯз мақоми байналмилалиро сазовор гардида, Шашмақом, чакан, атласу адрас ва дигар осору арзишҳои бостониамон аз тарафи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги башарӣ эътироф шуданд. Ин ҳама имкони таърихӣ дод, ки тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунсоз муаррифӣ гардиданд.

Пас аз суханронии иштирокдорон якчанд нафар фаъолон ва собиқадорони давлатию ҳизбӣ барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, мусоидат дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҷалби мардум ба корҳои созандагӣ бо медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.


АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Март 30, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд