Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон

Март 31, 2025 12:40

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони воломақомро самимона истиқбол намуданд ва маросими аксбардории муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои ҳамсояро самимона хайрамақдам гуфта, бори дигар онҳоро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва изҳор доштанд, ки «ин ҷашн давоми ҳазорсолаҳо барои таҳкими ҳадафҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият хизмат намудааст».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».

«Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем», — зикр намуданд Пешвои миллат зимни суханронӣ.  Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.

Президенти давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро «рӯйдоди бисёр муҳим» арзёбӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи худ ба Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи ду кишвар равона намояд.

Сарвари давлати мо аз имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва табодули тасдиқномаҳо оид ба он изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бо имзои ин санади таърихӣ «дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон марҳилаи сифатан нави рушд оғоз ёфт».

Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «мо ба ояндаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон хушбинии баланд дорем».

Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд».

Март 31, 2025 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд