Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 1, 2025 16:21

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябри соли 2025, тахминан соати 18:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Афғонистон ба кормандони ширкати роҳсозии «China Road and Bridge Corporation» дар деҳаи Шодаки ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа ду шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳалокат расида, 2 шаҳрванди кишвари мазкур ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Айнан чунин амали террористӣ рӯзи 26 ноябри соли ҷорӣ 2025 аз ҳудуди вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ба қаламрави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд, ки дар натиҷаи он 3 корманди ширкати «Шоҳин-СМ» аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳалокат расида, як нафар захмӣ гардид.

Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор барои халалдор намудани вазъият дар сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуданд.

Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассири саривақтӣ ҷиҳати таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта, даъват ба амал меорад.

Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ ором ва таҳти назорати мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар идома дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Декабрь 1, 2025 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд