ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
ДУШАНБЕ, 13.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе пиру ҷавон, хурду калон дар тараддуди дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯзанд. Кӯчаю хиёбонҳои пойтахт бо рамзҳои Наврӯзи бостонӣ — табақаи суманак ва гулҳои рангобаранг оро ёфтаанд, ки аз шукӯҳу шаҳомати














