Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст.

Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошад: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II- солҳои 3200-2900 то асри мо; III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.

Асоси иқтисоди сокинони Саразмро соҳаи ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медод, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат буд. Аз охири ҳазораи IV-ум сар карда то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин  захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ  дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Иқтисоди дар ҳоли рушди устувор қарордошта ва фарҳанги волои моддии Саразм нишонаҳои махсуси Маркази тарзи заминдории минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардиданд.

Бо густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV-уми то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистони Ҷанубӣ, Эрон, Балуҷистон, Ҳиндустон ва Афғонистон муносибатҳои ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ  монданд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва  муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бостоншиносон дар шаҳраки Саразм дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994), Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986), Париж (соли 1985), Олмон (соли 1992), Эрон (соли 2003), Италия (соли 2007) ва қитъаи Африқо (соли 2008) мавриди омўзишу баррасӣ қарор гирифтааст.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 391, аз 21-уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500 солаи шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии  тоҷикон  мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон карда шуд.

Маводҳои видеоӣ

Май 2017
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Апр    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Ҷой барои реклама