ШАҲРИ БОСТОНИИ ҲИСОР

Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ҳисор аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва дороии ёдгориҳои ҳама давр диқати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд. Одамон ҳануз 40-50 ҳазор сол қабл дар ин мавзеи бобаракат маскун шуда, ба зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон бо маданияти моддии қадимтарини одамон вомехуранд. Дар давраи неолит (қарни санг) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳо маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиён кашф намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.

Шаҳри Ҳисор дар асри ХII- то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбада махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то ба 85-90 га-ро дар бар мегирифт.

Ҳисор дар давраи Кушониён шаҳри тарақикарда, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, савдоӣ ва мадании водии Ҳисор ба шумор мерафт. Дар сарчашмаҳои таърихии чинӣ оиди Тахористон маълумотҳои нодир дода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар назди ҳар як шаҳр марказҳои минтақаҳо ибодатхона саҷдагоҳҳои бошукуҳ бо роҳибони сершумор амал мекарданд. Дар назди шаҳри Ҳисор низ ибодатхонаи буддоӣ мавҷуд буд. Аз навиштаҳои сайёҳи чинӣ Сюан Сзян бармеояд, дар шаҳри Ҳисор, ки он вақт Шумон ном мебурданд ду дайри Буддоӣ вуҷуд доштааст. Ҳуҷраи ғории аз поякуҳи деҳаи Бустон дарёфтшуда ҳаҷман калон буда, мумкин аст барои роҳибони буддоӣ ҳамчун «катхика-сала»_-суҳбатгоҳ истифода бурда мешуд. Тахмин дар ин ҳуҷраи ғори зиёда аз 100 нафар роҳиб ё худ саҷдакунандагон ҷойгир шуданаш мумкин аст. Дар охири ғор болои суфаи начандон васеъ ва баланд муҷассамаи Буддо ё худ олотҳои муқадасотӣ гузашта мешуданд.

Сокинони деҳа оилаи Абдуллоевҳо аз поякӯҳ барои сохтани хона хок гирифта хишт мерезанд, инчунин аҳли деха барои корҳои сохтмонӣ аз ин ҳудуд бо булдозер хок канда истифода мебаранд. Дар мавриди бо булдозер кандани хок ғори сунъӣ кушода мешавад. Сокинони деҳа Муродов Раҳматулло ва Абдуллоев Лутфулло ба кормандони мамнӯъгоҳ хабар медиҳанд. Гурӯҳи кормандони мамнӯъгоҳ барои муайян намудан, аз он дидан намуданд. Дар натиҷа маьлум гардид, ки ғори сунъӣ дар пояи адир сохта шуда, даромадгоҳаш аз тарафи ғарби ҷойгир буда, васегиаш 4,5м, баландиаш 2,4-2,5м., дарозии боқимондааш 33м., дар охири ғор суфаи баланду начандон васеъ (40-50см).ҷой дода шуда буд. Он барои гузоштани ҷиҳоз ё худ чароғ истифода бурда мешуд. Девори ғор хеле ҳамвор буда, шифти он аркмонанд сохта шудааст. Қисман сатҳи девори ғор хароб шудааст. Сатҳи фарши ғор бо хокҳои рехта пушида шуда буд, барои муайян намудани фарши он қисми майдони он тоза карда шуд. Тахмин кардан мумкин аст, ки фарши ғор бо гаҷ кисман рӯпуш карда шуда аст. Инчунин тахмин кардан мумкин аст, ки фарши он як чанд маротиба тармим шуда бошад. Болои фарш назди девор боқимондаи нимсӯхтаи чӯб, хокистар, кулухҳои сӯхта муайян карда шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки аз сабаби кандани адир даромадгоҳи ғор вайрон гардида буд, агар мо майдони кандаи адирро ба инобат гирем, ки он 23метрро ташкил медиҳад. Бинобар ин дарозии ғор мумкин аст 56 метрро ташкил медод, баландии ғор аз сатҳи майдон дар баландии 18-20 метр воқеъ буд. Ин ғор дар майдон ягона набуд, аз паҳлуи шимолии он дар масофаи 8-10м. суроби ғори дигар мушоҳида карда мешуд,ки соли 2010 ғори дуюм кушода шуд. Барои пурра муайян намудани шакли тарҳрезии ин ғорҳо бояд ҳафриёт гузаронида шавад. Бо гуфтаи Абдуллоев Лутфулло дар мавриди кандани хок аз ин қисмат хокистару пораҳои зарфҳои сафолин дарёфт намудааст. Акнун саволе ба миён меояд, ки ин ғорҳо кай сохта шудаанд ва бо кадом мақсад истифода бурда мешуданд? Дар адабиёти бостоншиносӣ ва таърихӣ чунин ғорҳои сунъиро гурезгоҳ ё худ поногоҳ гуфта ном мебаранд. Чунин гурезгоҳҳо начандон дур аз шахракҳои қадима баландии поякуҳи адирҳо месохтанд, кушиш мекарданд, ки даромадгоҳи он барои бегонагон номалум бошад. Чунин гурезгоҳо пеш аз ҳама барои мухофизати зану кудакону пиронсолон пешбини шуда буданд. Чунин гурезгоҳҳо дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат, Ноҳияи Ёвон ва ҳудуди Султонобод муайян кардашудааст. Инчунин дар дигар нохияҳо, ки шаҳракҳои қадима бошад дар наздикии он чунин гурезгоҳ мавҷуд буданаш аз эҳтимол дур нест, танҳо онро дарёфт намудан лозим аст. Гурезгоҳи аз Ваҳдат ва Султонобод дарёфтшуда нисбатан хело хурд мебошанд дарозии он аз 2м. то 5-6метрро ташкил медиҳад. Чунин фарқият ба шумораи аҳоли вобаста мебошад. Аз он сабабе, ки шаҳраки Ҳисор аз асрхои ХII то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдории водии Ҳисор башумор мерафт ва аҳолии он нисбат ба дигар шаҳрҳо сершумор буд, алалхусус дар давраи тарақикардаи кушониён асрҳои II то мелод то II-и мелодӣ. Дар давраи кушониён асосан чунин ғорҳо, хамчун ибодатхонаҳои буддоӣ истифода мешуд. Бояд қайд намуд, ки ибодатгоҳҳо ва сачдагоҳҳои Буддои начандон дур аз ҳудуди шаҳрҳо ҷойгир буданд. Ибодатгоҳҳои Буддоӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон омӯхта шудааст, ба мисоли Аҷинатеппа дар наздикии ш. Қурғонтеппа, Уштур Муло соҳили рости Амударё ноҳияи Шаҳритуз, Қаротеппа, Фаёзтеппа, Зурмала дар наздикии шаҳри қадимаи Термез ва ғайра. Ҳамаи ин ибодатгоҳҳо дар масофаи муайян берун аз ҳудуди шаҳрҳои давраи Кушониён воқеъ гардида буданд.

Ягона маҷмааи ибодатгоҳи ғориву нимғора Каротеппа дар наздикии ш.Термез башумор меравад. Хеле бошукуҳ, зебо бо сутунҳои сангин ва муҷассамаҳои сершумор оро дода шудаанд, девори хуҷраҳои ибодатгоҳ ва ҳуҷраҳои роҳибон бо тасвирҳои Буддоро ифодакунанда оро дода шуда аст.

«Ҳисор» дар луғатҳои тафсирӣ ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷои мустаҳакам, девори даври қалъа омадааст. Мафҳумоти зеринро гирифтани ин водии зархез дар қалби қаторкӯҳҳо доман паҳн кардани он ва вуҷуд доштани қалъаи мустаҳкам собит месозад. То асри XV ин диёри зархезро , ки қаламрави салтанатҳои гуногун буд, бештар бо номҳои «Шумон» ё «Шомон» ном мебурданд. Чунончӣ, сайёҳи чинии асри VII-и мелодӣ Сюан-Сзян дар сафарномааш менигорад, ки «Хонигарии Шумон аз ғарб то шарқ ба масофаи чоршабонарӯз роҳ , аз ҷануб то шимол ба масофаи душабонарӯз роҳпаймоӣ тул мекашад. Дар он ду дайри буддоӣ вуҷуд дорад».

Ҷуғрофияшиноси асри X ал-Муқаддасӣ менависад, ки «Шумон»-и замони ӯ «уммаҳот», яъне «модаршаҳр» аст. Ал-Муқаддасӣ бо сабаби ободию бузургиаш модари шаҳрҳои ин минтақа шуморидааст. Аввалин маротиба номи «Ҳисор» ва «Ҳисори Шодмон» дар асари муаррихи дарбори сулолаи темуриён Алии Яздӣ «Зафарнома» зикр ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи тарақикардаи кушониён майдони шаҳрак 426 га-ро ташкил менамуд, ки шаҳри калони он давра ба шумор мерафт. Дар атрофи он дар масофаи то 4-8км. шаҳракҳои истеҳсолӣ воқеъ буд. Масалан дар ҳудудҳои деҳаи Оқулӣ, Иттифоқ, Тупхона, Бустон, Дурбад, Илич , Шарора, Лангар, Кӯҳнабой, Мортеппа, Ғуриёт, Қаҳрамон, теппаҳои хурду калон мавҷуд аст, ки далели мавҷудоти шаҳракҳои давраи антиқӣ мебошад. Аз ин лиҳоз аҳолии атрофи шаҳраки Ҳисор дар мавриди корҳои кишоварзӣ аз майдони заминҳои деҳаҳои дар боло зикршуда пораҳои зарфҳои кулолӣ, олотҳои фулузотӣ дарёфт менамоянд.

Аз соли 705 то соли 708 дар тасарруфи шаҳри Шумон, Қутайба ибни Муслим муваффақият ба даст дароварда натавонист ва танҳо соли 709 ба ӯ муясар шуд, ки дар байни қабилаҳои турк ва суғдиён иғво андохта, вазъияти арабҳоро беҳтар кунад. Подшоҳи Суғд Тархун аз тарс бо Қутайба сулҳ баст. Аз фурсат истифода бурда, бо қувваи ашрофони маҳалии Хуросон, ҳокимони Балху Чағониёнро ба тарафи худ кашид. Соли 710 ба Қутайба муяссар гардид, ки баъди ду моҳи муҳосира Шумонро тасарруф намояд. Мувофиқи навиштаи Салоти Масъудӣ дар гузари Кулоҳдӯзони шаҳри Ҳисор нахуст-масҷид бо номи Масҷиди Сангин бунёд карда шуд. Манора ва ду пешайвони масҷид бошад, дар асри XIV сохта шуда аст.

Дар тадқиқоти муҳими географӣ таърих ва ёдгортҳои водии Ҳисор саҳми олимон мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм зиёд аст. Аввалин олим, ки дар бораи муҳити географӣ ва ҷойгиршавии шаҳри Ҳисор саҳм гузошта, маълумоти саҳеҳ додаст, Маев Н.А ба шумор меравад. Липский, Лиленталъ, Минаев, Покатило, Хаников дар водии Ҳисор тадқиқотҳои иқтисодӣ географӣ гузаронида, дар ҳисоботҳои худ оиди шаҳрҳо, деҳаҳо, ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии аҳолӣ, таърих ва ёдгориҳои водии Ҳисор маълумотҳо овардаанд. Омӯзиши водӣ аз с. 80- уми асри 19-оғоз гардида, дар солҳои 20-30 юми асри 20 баъди барқароршавии ҳокимияти шуравӣ дар Тоҷикистон ҳаматарафа вусъат меёбад. Андреев шарқшинос мардумшинос с-1925 дар бораи ёдгориҳои меъморӣ шаҳри Ҳисор тадқиқотҳои омузиширо оғоз намуд. Ӯ аввалин шуда харитаи ёдгориҳои бостонии водии Ҳисорро тартиб дода, дар тупхона-никрополи шаҳри Ҳисор ҳафриёт мегузаронад. Дар натиҷа мавҷудбудани қабатҳои мадании давраи биринҷ ва антиқаро дастрас менамояд. Дар шаҳраки Ҳисор олимони муосир бо сарварии Б.А. Литвинский ҳафриёт гузаронидаанд. Дар тупхона Бубнова М.А., Салтопская Евгений Дмитриевна., В.И.Салавиев дар солҳои гуногун ҳафриёт гузаронидаанд. Баъди таъсисёбии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор корҳои восеъи таҳқиқотӣ дар ҳудуди Регистон, Қалъаи Ҳисор ва қисматҳои гуногуни шаҳр гузаронида мешавад. Мақсади ин ҳафриётҳо муаян намудани қабатҳои маданӣ ва тармими иншоотҳои меъморӣ равона карда шуда дар омӯзиши он саҳми олимон Атохонов Т.М.,Самойлик П.Т, Абдуллоев А. беҳамтост. Дар омӯзиш ва барқароркунии ёдгориҳои меъмории мамнӯъгоҳ меъморон тадқиқотчиён Брагинистский, Ҳасанов З., Брус Н. ,Н. Репин Хворорих. Т., Валиев Н., Мирзоқулов А. саҳми беҳамто гузоштаанд. Дар рушд ва ташакулли мамнӯъгоҳи Ҳисор роҳбарони он Додарҷонов Э, Ҳасанов З., Неъматов, Н.Н., Ҳасанов Р.,ҶураевА., Қаюмов А.,Ҳамроев Ф. ва Ҷобиров З. кушишҳои зиёде ба харҷ овардаанд.

«Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» осорхонаест зери фазои кушод ва қимати беҳамтои таърихӣ, бостоншиносӣ ва меъмориро бархурдор аст. Мамнуъгоҳ бо қарори махсуси ҳукумат соли 1982 арзи вуҷуд кардааст. Имрӯз ҳудуди 22 гектарро доро буда, дар қитъаи зебоманзари водии Ҳисор воқеъ гардида аст. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000-сол қабл инҷо маркази тамаддуни волое арзи ҳастӣ дошт. Ёдгориҳои таърихию меъморие ки то ба имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI-и пеш аз милод оғоз гирифта, то садаи XIX думбола мегирад. Лаҳзае, ки моро маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба оғуш мегирад, хештанро дар шаҳри асримиёнагие бо майдонаш Регистон, дижи қадим , силсилаи иншоотҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷомиавӣ–савдоӣ мебинем. Майдони Регистонро ду мадраса Кӯҳна ва Нав, корвонсарои Хиштин, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва Таҳоратхона иҳота крдааст. Дуртар аз майдони Регистон дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масчиди Сангин, масчиди Одина, масчид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеанд.

Шаҳри Ҳисор то инқилоби Октябр маркази Бухорои Шарқӣ ба шумор мерафт. Соли 1924 аз назди дарвозаи Арки Ҳисор эъломияи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистонро хонданд ва Душанбе марказ эълон карда шуд.

Шаҳри асри миёнагии Ҳисор дар масофаи 10 км бо девор ва хандақи васеи пур аз об иҳота шуда буд. Шаҳр чор дарвоза дошт. Аз қисмати ҷанубии шаҳр дарвоза бо номи «Шакарӣ», зеро дар ин қисмат одамони ба қанодӣ машғулбуда зиндагонӣ мекарданд. Аз қисмати ғарбии шаҳр дарвоза бо номи «Чангоб» , зеро аз ин тараф дарёи Чангоб мегузашт. Аз қисмати шимолу шарқии дарвозаи «Чашмаи Моҳиён», дар он ҷо чашмаи обест бо номи «Чашмаи Моҳиён» ва қисмати шарқии шаҳр бошад, дарвозае будааст, бо номи дарвозаи «Хоки Сафед», дар он ҷо теппаест бо номи теппаи Хоки Сафед. Баландии девори атрофи шаҳр 5-8 метр, паҳноии девор 4-5 метрро ташкил медод, ки миршаб бо аспу ароба болои девор гашту гузор намуда атрофи шаҳрро назорат мекард.

Ҳокимони кишварҳои ҳамсоя ба боигарии водии Ҳисор чашми тамаъ медухтанд ва барои забти он лашкар мекашиданд. Салтанатҳои каёниён, бохтариҳо, ҳахоманишҳо, юнонию бохтариҳо, слевкидҳо, кушониён, сосониҳо, арабҳо, сомониҳо, хоразмшоҳиҳо, муғулҳо, темуриҳо, шайбониҳо ва ҳоказо тез-тез иваз мешуданд. Воҳаҳои сабзу хуррам шабакаҳои обёрикунӣ (корезҳо) дар натиҷаи тохтутоз валангор мешуданд.

Қалъаи Ҳисор пайваста ҳадафи ҳуҷуми истилогарон мегардид. Ҳафриётчӣ Павел Самойлик девори қисмати чапи Аркро буриши калоне карда, дар мағзи он гулулаи калони нағз тарошидаи сангинро дарёфт намудааст, ки он аз манҷаниқи истилогарони араб партоб карда шудааст.

Тибқи шаҳодати афсари армияи подшоҳии рус подпручик Литвинов баландии девори қалъа аз теппаи фарозаш 3-5 метрро ташкил намуда, кунгурадор будааст. Мувофиқи гуфтаҳои Абдаҳалим Раҳимов ғафсии девори кунгурадор ба андозае васеъ будааст, ки беки Ҳисор дар фойтуни аспдор гирдо-гирди қалъа тоб хурда қаламравашро тамошо мекардааст.

Дар ду тарафи дарвозаи асосии арк ду бурҷи баланди мудаввар қад афрохтаанд, ки ғафсии деворҳояшон зиёда аз як метр мебошад. Бурҷҳо ҳаштогӣ тиркаш доранд. Дар пешоруи дарвоза ду тарафи он суфаҳои калон мавҷуданд, ки дар ин ҷо тупҳо меистоданд. Баъди аз дарвозаи Арк гузаштан дар ду тарафаш қаровулхонаҳоро мебинем. Пас аз убури миёнсарои дар самтҳои чапу рости Арк ду хоктудаи азим ба чашм мерасанд. Дар ин ҷо зиндонҳо будаанд. Дар яке аз ин зиндонҳо сарвари шӯриши машҳури халқӣ бар зидди золимони манғит –ҷувозкаши балҷувонӣ–Восеъ ҳангоми ба Шаҳрисабз барои қатл бурданаш маҳбус буд. Дар тали баландтарини тарафи рости қалъа қароргоҳи ҳоким буд. Қисмати ғарбии начандон баланди қалъаро «Уштурхона» ном мебурданд. Дар ин ҷо аспу уштурҳоро нигоҳ медоштанд. Дар қисмати шимолии қалъа майдони мудаввар воқеъ мебошад, ки «Аскархона» ном дошт. Аз Аскархона чашмаи обе заҳида мебарояд. Дар бораи қалъа ва чашмаи дохили он ривоятҳои аҷоиби халқӣ машҳуранд. Гуштаспон (Низак) ҳокими Ҳисор дар вақти тасарруфи араб тамоми дорои ва хазинаи худро ба ин чашмаи бетаг андохт, то ин ки ба дасти душман наафтад.

Дар қисмати ғарбии Аскархона дарвозае будааст ва аз ин ҷо ба дохили қалъа озуқаворию молҳои хоҷагӣ ворид мекардаанд. Болои қалъа се масчид атрофи қалъа бисту як ва панҷ мадраса вуҷуд дошт.

Дар пойгоҳи қалъа, яъне дар майдони Регистон бозори калони Ҳисор воқеъ будааст. Яке роҳҳои маркази «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» аз Ҳисор мегузашт. Сайёҳҳон. Муҳаққиқон ва савдогарони зиёде аз мамолики гуногуни Осёву Аврупо ба Ҳисор ташриф оварда, дар хотироти хеш доир ба шаҳри Ҳисор ёдовар шудаанд.

Сайёҳ-муҳаққиқи намоён Габриел Бонвало аз Фаронса, муаррихи машҳури маҷорӣ Армений Вамбери, сайёҳ муҳаққиқи амрикоӣ Рафаел Пампелли, муҳаққиқи немис А. Регел маълумотҳои дақиқе дар дастхатҳои худ доир ба ёдгориҳо ва биноҳои Ҳисор навиштаанд. Аз ҷумла, Габриел Бонвало соли 1889 дар китоби худ «Аз Қавқоз то Ҳиндустон тавассути Помир»-ҳолати қалъаи Ҳисорро тасвир кардааст. Махсусан ҳолати бозори Ҳисор васеъ нишон дода шудааст. Дар бозор ғайр аз молҳои маҳаллӣ-матоҳои гуногун, гугирд, тугмаву сӯзанҳои ҳархелаи аз Россия овардашуда, инчунин матоъҳои истеҳсоли ҳунармандони англису фаронсавӣ, молҳои Ҳиндустону Чин хеле фаровон вомехӯрад.

Ҳафриётчии америкоӣ Рафаел Пампелли натиҷаи сафарҳои хешро дар ду китоби калонҳаҷм ба қалам дода, ба Ҳисор бобҳои алоҳида бахшидааст. Қалъаи Ҳисор қароргоҳи ҳокимнишинро тавсиф намуда, дар гузаштаи дур роҳи муҳими тиҷорат барои Чину Ҳиндустон, Қошғар ҳисоб шудани Ҳисори Шодмонро зикр менамояд.

Дар хотироти онҳо махсус ба ҳунари дасти ҳунармандони ҳисорӣ-алоча, корд, шамшеру сипар, ки дар Осиёи Миёна ва чи берун аз он маълуму машҳур буданд, баҳои баланд дода шудааст.

Ба ақидаи афсари армияи рус капитан Лилиентал аҳолии ҳокимигарии Ҳисор дар асри XIX 170 ҳазорро ташкил медодааст. Аскархонаи Ҳисор бо 400 сарбоз ва 11 туп яке аз гарнизонҳои калонтарини Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт.

Муаррих Ш. Т. Юсуфов ҳангоми омӯзиши архиви Қушбегии Ҳисор бо феҳристи биноҳои Ҳисори асримиёнагӣ вохӯрд. Дар он номи 5 мадраса зикр карда мешавад, ки яктоашро ба исми «Чашмаи моҳиён» тавсиф менамоянд. Дар рафти кори ҳафриётӣ дар мавзеи «Чашмаи моҳиён» тарҳи мадраса маълум гардида, археологҳо буньёди онро ба асри хv нисбат медиҳанд.

Мадрасаи Кӯҳна аз сохти анъанавӣ баъзе фарқиятҳо дорад: қаноти рости биноро пурра масҷид бо пешайвонаш ишғол намуда, дар қаноти чап дарсхона вуҷуд дорад. Вазифаи дарсхонаро чор ҳуҷраи масоҳати ҳар яке 16 метри мураббаъ иҷро менамоянд, ҳуҷраҳои боқимонда 13 метри мураббаъ мебошанд.

Дар мадрасаи Кӯҳна 31 ҳуҷра ҳаст. Масоҳати умумии майдони бино 2550 метри мураббаъро ишғол менамояд.

Ҳар ҳуҷра аз бухорӣ (оташдони деворӣ), тоқҷаҳои китобу зарфмонӣ иборат буда, бомаш гумбазмонанд (балхӣ) мебошад.

Мадрасаи Нав баъди 50 соли буньёди Мадрасаи Кӯҳна сохта шудааст, яъне дар нимаи дуввуми асри ХVII Абдуҳалим Раҳимови таърихи сохтмони Мадрасаи Навро чунин гуфтааст: «як оими» (зани олитабори) савдогари қӯқандӣ барои савдо ба Ҳисор меояд. Аз табиат, обу ҳавои Ҳисор мафтун шуда барои сохтмони Мадрасаи Нав пул иона (тӯҳфаи хайрия) мекунад». Мадраса дорои 28 ҳуҷра,ки аз ин 21-тоаш дар ошёнаи якум, 7-тоаш дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст ва як масчиду як синфхона мебошад.

Шоироне, ки мадрасаҳои Ҳисорро хатм кардаанд: Низомиддин бинни Яъқуб –ул- Ҳисорӣ, Биҳиштии Ҳисорӣ, Муҳаббати Ҳисорӣ, Хоҷа Абдураҳим ибни Хоҷа Абдураҳмони Ҳисорӣ, Қудсии Ҳисорӣ (Ҷомии Сонӣ), Ҷомии Ҳисорӣ, Хоксорӣ, Шоҳӣ, Мавлоно Хиргоҳӣ, Фавқии Ҳисорӣ (Мискин), Тошхоҷаи Ирсӣ, Саидҷони Ҳисорӣ, Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Мирзо Мункӣ, Мирзо Мурассаъ, Фориғи Ҳисорӣ, Парии Ҳисорӣ, Мулло Исои Бадахшони (Мавзун),Мулло Муҳаммадшарифи Ғамгин, Имомиддини Банда, Мулло Азимқули Холӣ, Домулло Хоҷимуроди Розӣ, Қозӣ Комили Комил, Музмари Ҳисорӣ, Ҳазинии Ҳисорӣ, Хатиби Ҳисорӣ, Мавлоно Ушшоқи Ёвқутчии Ҳисорӣ, Ҷазбии Ҳисорӣ, Дабири Ҳисорӣ, Бисмили Ҳисорӣ.

Олимони ба монанди, Собир Сайқалии Ҳисорӣ, Домулло Бердиқул, Мавлоно Юсуфи Кангуртӣ, Мавлоно Абдулҳай ибни Хоҷа Чокари Ҳисорӣ, Мавлоно Абдурасули Кубодиёнӣ, Мавлоно Юсуфбой, Мавлоно Муҳиддини Ҳисорӣ (Абдулазиз), Рабии Саъдулло, Мавлоно Холмуҳаммади Кулобӣ (Халифаи Шаҳид), Миён Убайдуллоҳ, Мавлоно Шайх Нуриддин (Соҳибнафас), Мавлоно Закариёи Симиганҷӣ, Домулло Муҳаммад Шариф, Домулло Насриддин,Мавлоно Қудбиддин (Махсуми Бемалол), Муфтии Сангинмурод, Эшони Саъдуллохон, Эшони Ҳомидхон (Хатиб), Мулло Файзулло, Мулло Абдукарим, Мулло Абдураҳим, Мулло Абдуҳаким, Домулло Наҷмиддин, Домулло Ҳамро ва ғайраҳо мадрасаҳои Ҳисорро хатм кардаанд.

Дар вақти ҳукумронии Абдулкаримхон мадрасаи Навро мадрасаи Улламо ном мебурданд. Дар ин мадраса ҳокими Ҳисор тамоми олимону шоирони он давраро ҷамъ намуда «Доираи адабии Ҳисори Шодмонро ташкил кардааст.Умуман бисьёр биноҳои маъмурӣ ва олии Ҳисори кӯҳна дар аҳди Абдулкаримхон (ҳокими охирин то ба аморати Бухоро зӯран тобеъ карда шудани Ҳисор) сохта шуданд, ки давраи шукӯҳу азамати Ҳисори мустақил ба шумор мерафт. Шоир парии Ҳисорӣ ҷангҳои фотеҳонаи Абукаримхонро барои ба Бухоро тобеъ кардани Дарвоз, Қаротегин ва Қиягизалдӣ достони «Зафарнома»-ро бахшидааст. Мавзун ва дигар шоирони доираи адабии Ҳисор дар ситоиши ӯ қасидаҳо гуфтаанд. Дар бораи шахсияти мударрисҳои мадрасаҳои Ҳисор, баъзе маълумот ҷамъ овардем.

Номи аслии яке аз мударрисонро ҳам А. Усмонов дар натиҷаи ҷустуҷуҳои зиёд дарёфт намудааст. Ӯ Бердиқул ном дошта, аслан аз деҳаи Луҳур,(ҷамоати деҳоти Луҳури ноҳияи Рудакӣ) ва хеши дигараш Пошоқул Алимардонов ин аздеҳаи Янгиобод, (ҷамоати деҳоти Луҳури ноиҳаи Рудакӣ) дар бораи бобои донишманди худ чунин маълумот додаанд: «Домулло Бердиқул 54 сол умр дидаанд. Дар мадрасаи Мири Араби Бухоро 12 сол таҳсил намудаанд. Аз паи таҳсилу тадрис (дарсдиҳӣ) шуда ҳатто оиладор нашудаанд. Афкори пешқадам доштанд.

Аз сабаби насл надоштан васият мекунанд, ки дар байни ин ду мадраса (Наву Кӯҳна) дафн намояндаш, ки ақалан шогирдон ӯро ёд кунанд».

Васияти мударрисро иҷро кардаанд. Ҳоло оромгоҳи домулло Бердиқул дар байни ду мадраса воқеъ аст.

Корвонсарой дар самти рости мадрасаи Кӯҳна ҷойгир аст. Тарҳи он аз ҳавлии чоркунҷаи 25х30м, ки бобиноҳои як ва дуошёна иҳота шудааст,иборат мебошад. Деворҳо аз хишти пухта сохта шудаанд. Корвонсарой дорои 34 ҳуҷра мебошад, ки дар ин ҳуҷраҳо меҳмонон, саёҳон ва савдогарони ба Ҳисор ташриф оварда иқомат мекардаанд.

Корвонсарой соли 1804 дар вақти ҳукумронии Саидбии Атолиқ сохта шудааст.

Таҳоратхона байни мадрасаҳои Наву Кӯҳна ҷойгир аст. Таҳоратхона яке аз анвоъи иншооти маҳфузмонда мебошад, ки дар назди масчиду мадрасаҳо сохта мешуданд. Сохтмоне мушабеҳ ба сохтмони таҳоратхонаи муҷтамаи Ҳисор вуҷуд надорад. Ба қарни XV мансуб мебошад.

Мақбараи Махдуми Аъзам дар самти ҷанубии мадрасаи Кӯҳна воқеъ гардидааст. Мақбара аз се иншооти гунбаздори гуногунзамон сохта шудаанд. Бинои аввал «Зиёратхона» ё ин ки масчиди гузари Шакарӣ асри X, бинои дуюм «Гурхона» аз қисмати ғарбии бино болои қабри Шайх Ҷунайдулоҳи Ҳисорӣ асри XIII ва бинои сеюм болои қабри Хоҷа Муҳаммад Хевагӣ асри XVI сохта шудаанд.

Баъди инқилоби Октябр шиори зараровари инқилобчиён «Дунёи куҳанро зеру забар намуда олами нав месозем!» аз ҷумла ба мавҷудияти шаҳри бостонии Ҳисор зарбаи ҷонкоҳ зад. Хиштҳои биноҳои қадима барои сохтмони идораи фермаҳои ширу мол, анборҳои хоҷагӣ, ҳаммому мактаб, беморхонаву теарт ва манзилгоҳи шахсӣ истифода шудааст.

Таърихи Ҳисори бостон ҷузъи ҷудонашавандаи рушду такомул ва камолоти халқи тоҷик мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри ҳифзу нигаҳдории ин ёдгориҳои нодири халқамон ғамхориҳои рӯзафзун мекунад. Дар муддати кутоҳ маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор ба яке аз марказҳои сайёҳии Ҷумҳурӣ табдил меёбад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо ЮНЕСКО аз 1 марти соли 2012 таҳти № 90 бо мақсади таъмини ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ 10 сентябри соли 2015 ҷашни 3000 солагии Ҳисор таҷлил карда мешавад.

Шаҳри Ҳисор дар асрҳои XVI-XIX маркази сиёсиию иқтисодии Бухорои Шарқӣ баҳисоб мерафт. Дар Ҳисор ҳунармандӣ ниҳоят тараққӣ қарда буд. Ҳисор яке аз марказҳои калони қадимии абр, алочаи абрешимӣ ва нимабрешимӣ ба шумор мерафт. Алочаҳо бо номҳои абрӯи сиёҳ, чашми кабк, пӯсти мор, зинапоя, дарахти гуногуншакл, нақши доираи калон-лаълинусха, нақши каҷаки дутарафа-думи шер ном бурда мешуданд.

Яке азнамудҳои паҳншуда ва қадимии санъати мардуми Ҳисор кулолӣ, мисгарӣ, заргарӣ ва кандакорӣ мебошад, ки ба намунаҳои онҳо дар ин водӣ бисёр вохӯрдан мумкин аст. Дар хотироти саёҳони ба Ҳисор ташриф оварда, махсус ба ҳунари дастии ҳунармандони ҳисорӣ — алоча, корд, шамшеру сипар, ки дар Осиёи Миёна ва чӣ берун аз он маълуму машҳур буданд, баҳои баланд дода шудааст. Дар пойгоҳи қалъа, яъне дар майдони Регистон бозори калони Ҳисор воқеъ будааст. Яке аз роҳҳои марказии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» аз Ҳисор мегузашт.

Хотироти сайёҳҳон, муҳаққиқон доир ба шаҳри Ҳисор

Сайёҳҳон, муҳаққиқон ва савдогарони зиёде аз мамолики гуногуни Осёву Аврупо ба Ҳисор ташриф оварда, дар хотироти хеш доир ба шаҳри Ҳисор ёдовар шудаанд.

Сайёҳ-муҳаққиқи намоён Габриел Бонвало аз Фаронса, муаррихи машҳури маҷорӣ Армений Вамбери, сайёҳ-муҳаққиқи амрикоӣ Рафаел Пампелли, муҳаққиқи немис А. Регел маълумотҳои дақиқе дар ёддоштҳои худро доир ба ёдгориҳои шаҳри Ҳисор навиштаанд. Аз ҷумла, Габриел Бонвало соли 1889 дар китоби худ «Аз Қавқоз то Ҳиндустон тавассути Помир» ҳолати қалъаи Ҳисорро чунин тасвир намудааст: «Дар бозор ғайр аз молҳои маҳаллӣ, матоҳои гуногун, гӯгирд, тугмаву сӯзанҳои ҳархелаи аз Россия овардашуда, инчунин матоъҳои истеҳсоли ҳунармандони англису фаронсавӣ, молҳои Ҳиндустону Чин хеле фаровон во мехӯрад».

М. С. Андреев аз ҷумла, бозори шабҳангоми Ҳисорро чунин тасвир кардааст: «Шабҳангом, вақте ки осмони Ҳисор ситоразор шуд, мо дар болохонаи чойхонаи марказии Ҳисор нишаста, бозори шабро назорра мекардем. Дар майдони бузурги бозор хурмаҳои калони кунҷитдошта машъалафрӯз буда, атрофро рӯз барин равшан мекарданд. Дар ин ҷой инчунин чанд нафарнавозанда бо нағораву даф (дойра) ва сурнай менишастанд. Тамошобинон зич давра гирифта, чой менӯшиданду бонидоҳои шодиомез маҳорати ромишгаронро таҳсин мекарданд…».

Зарфҳои гилин аз давраи неолит пайдошуда ба ҳазорсолаи 6-7 то милод рост меояд. Дар бораи коркарди зарфҳои гилини дар қисматҳои куҳистони Тоҷикистон Пенирева Е.М маълумоти хосе додааст. Дар асоси гуногунии шакл ва ороишоти сатҳӣ зарфҳои сафолӣ бо маданиятҳои алоҳидаи бостонӣ ҷудо карда мешавад. Бо ривоҷёбии сохти хоҷагидории ҷомеа тараққиёти соҳаи кулолгарӣ низ мушоҳида карда мешавад. Алалхусус дар давраи энеолит намуди зарфҳо зиёд шуда сатҳашон сайқалдода мешуд ва бо мӯйқалам бо рангҳои сурх, сиёҳ, зарчатоб бо ҳаргуна тасвирҳо оро дода мешуданд.

Аввалин маротиба дар Миср ва Байнаннаҳрайн ҳазорсолаи IV то мелод чархи кулолгарии сустҳаракаткунанда ихтироъ карда шуда буд. Дар давраҳои минбаъда чархи кулолгарии тезҳаракаткунанда ихтироъ карда шуд. Чархи кулолӣ дастгоҳест барои сохтани зарфҳои сафолин.

Нахустин чархи кулолӣ дар ҳазораҳои IV-III то мелод дар Байнаннаҳрайн пайдо шудааст. Дар байни халқҳои Осиёи миёна, аз ҷумла тоҷикон аз ҳазораи III то милод маълум гардид. Дар гузашта ду хели чархи кулолгарӣ маълум буд.

Кашидадузӣ аслан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши либос, иқоматгоҳ, ҷиҳози хона ва дигар васоити зиндагӣ истифода мешавад. Асбобҳои асосии кашидадузӣ сузан, чангак, бигиз, ангуштпона ва ғ. мебошад. Зардузӣ ва таркдузӣ қисми ҷудонашавандаи кашидадузӣ башумор меравад. Таърихи кашидадузӣ ба замонҳои хеле қадим, ба асри санг тааллуқ дорад: пайдошавии кук дар либосҳои аз пусти ҳайвонот тайёршуда, такомули он ҳангоми гузаштан аз бигизҳои сангӣ ба устухонӣ ва ба сузанҳои биринҷӣ ва дертар пулодӣ, инчунин ба вуҷуд омадани касби бофандагӣ ва рангуборкунӣ аз инкишофи тадриҷии ин касб шаҳодат медиҳад. Аз ахбороти маъхазҳои адабӣ, ҳафриётӣ-археологӣ равшанаст, ки кашидадузӣ аз навъи ҳунарҳои қадима буда, ҳар қавме ба сабки хоси худ анъанаҳои беҳтарини онро дар ин поя ба рузгори мо овардаанд.

Нақшу нигори либос ва куртаҳои водии Ҳисор дорои қимати баланди бадеиянд. Рангҳои мухталифу равшани нақшҳои он бо ҳам мувофиқати том дошта тобиши якдигарро пурра мекунанд. Қариб дар тамоми гушаву канори Тоҷикистон занони тоҷик ба ин кор шуғл меварзанд.

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Март 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Фев    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-