Ба саҳифаи асосӣ

Иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон

  1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
  1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.
  1. Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез.
  1. Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген 7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.
  1. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим – таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. Бо назардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод доир ба таъмини амну субот тавассути таҷдиди иқтисодӣ-иҷтимоии Афғонистон намуд. Дар ин ҷода Созмони Оғохон ва Ҳукумати ШМА пайи ҳам панҷ пули хурду калон дар дарёи сарҳадии Панҷ сохта шуд. Сохтмони пулҳои наздисарҳадӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон, аз ҷумла, дарёфти ҷои кор, хариди маводи ғизоӣ ва рӯзгор, доруворӣ, гирифтани муолиҷа дар шифохонаҳои ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
  1. Эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ташабусси мазкур 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ш. Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа як қатор санадҳои ниҳоӣ қабул шуданд:

— Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об;

— Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об

— Натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об

  1. Таъсис додани маркази минтақавӣ оид ба масъалаи минаҳо.
  2. 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии СММ қатънома таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ дар Кумитаи дуюми МУ СММ пешбарй шуда буд, тасдиқ гардид.

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Март 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Фев    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-