Аз таърихи пули миллии Тоҷикистон

Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад.
Тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии хахоманишиянд (асрҳои VI — V то милод), ки дар бозёфти машҳури «Хазинаи Амударё», ки ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд.
Сарзаминҳои Суғд ва Бохтари қадим, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз қаламрави онҳост қисмати муҳими империяи Хахоманиширо ташкил намуда, дар меҳвари савдои қадими байналхалқии Шарқу Ғарб қарор гирифта буданд.
Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV — миёнаи асри III то милод) рушд пайдо качрд.
Зикри ин матлаб муҳим аст, ки дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сиккахона амал мекард, ки дар он тангаҳои калони нуқрагӣ (тетрадрахма) бо ному тасвири шоҳ сикка зада мешуд. Шукуфоии бештари муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба давраи мавҷудияти давлати Юнонӣ — Бохтарӣ (асрҳои III — II то милод) тааллуқ дорад.
Дар аҳди Кӯшониён рушди муомилоти пулӣ идома ёфт ва хусусиятҳои нави маҳаллӣ пайдо кард. Тангаҳо дар он айём аз тилло, нуқра ва мис сикка зада мешуданд. Дар қаламрави Тоҷикистони қадим бештар аз 20 хазинаи тангаҳои кӯшонӣ бозёфт гардидааст.
Дар тангаҳои кӯшонӣ тасвирҳое, ки бо дини зардуштӣ робита доштанд, бартарӣ пайдо намуда буданд. Дар айни замон шоҳони кӯшонӣ сиёсати мӯътадили ҳамоии мазҳабиро амалӣ намуда, дар тангаҳои худ тасвири худои ҳиндувон Шива ва ҳамчунин Буддоро ҷой дода буданд. Онҳо халқу фарҳангҳои мухталифро муттаҳид намуда буданд, ки дар шароити ҳамзистии осоишта инкишоф меёфтанд.
Дар асрҳои миёна муомилоти пулӣ дар давраи нахустин давлати мутамаркази Тоҷикон — Сомониён дар асрҳои IХ — Х то авҷи аълои тараққиёти худ расид. Дар ин замон дар бештар аз 30 шаҳри Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо амал мекарданд.
Дирҳамҳои Сомонӣ на танҳо дар ҳудуди ин давлат, балки фаротар аз қаламрави он дар муомилот қарор доштанд.
Рушди минбаъдаи муомилоти пулӣ дар Осиёи Миёна ба давраи Темуриён (асри ХV) рост меояд. Хазинаҳои бузурги тангаҳои мисини Темуриён дар Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Регар ва маҳалҳои дигар бозёфт гардидаанд.
Сикказании танга дар қаламрави Осиёи Миёна то соли 1920 идома ёфт.
Барориши нахустин пулҳои коғазӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, ки мисли сиккаҳои нуқра «танга» ном доштанд, ба солҳои охири ҳукмронии амири охирини Бухоро Саид Олимхон рост меояд.
Пулҳои коғазӣ бо арзиши 20, 50 100, 300, 500, 1 000, 2 000, 5 000, 10 000 танга ба муомилот бароварда шуда буданд.
Моҳи сентябри соли 1920 дар қаламрави аморати Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро ташкил гардид, ки барориши ҳамон пулҳои коғазии амириро танҳо бо фарқиятҳои ҷузъӣ идома дод, аз ҷумла дар доираи болоӣ навиштаи «Ҳукми ҳумоюни олӣ содир шуд» ба нишонаи шӯравӣ -тасвири дос ва бастаи гандум иваз гардид ва ному вазифаи мансабдорон дигар карда шуданд. Тамоми матни ин пулҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ то соли 1925 ягон муассисаи бонкӣ мавҷуд набуд.
Зарурияти ифтитоҳи муассисаи мустақили бонкӣ бо ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) ба миён омад.
Моҳи майи соли 1925 таъсиси воҳиди ҷумҳуриявии Душанбегӣ, баъдтар Тоҷикистонии Бонки давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ эълон гардид.
Ташкили низоми муосири бонкӣ танҳо баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид.
Бо вуҷуди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард, то охири соли 1993 дар ҳудуди ҷумҳурӣ пули давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар аз 1 январи соли 1994 — пули нақди Федератсияи Русия гардиш мекард.
Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустақил ягона кишваре боқӣ монда буд, ки дар қаламрави он то соли 1995 рубли Федератсияи Русия дар муомилот истифода мешуд. Ин вазъият як қатор мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодиро ба миён овард: қарзи давлатии ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани пули нақд барои пардохти музди кор, нафақа ва кӯмакпулиҳо бемайлон меафзуд; маблағгузории иқтисодиёт амалан қатъ гардид ва ниҳоят Бонки миллии Тоҷикистон имконияти гузаронидани сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ ва асъориро маҳрум буд.
Ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигар зарурияти ҷорӣ кардани пули худиро ба миён овард.
Ҳамин тариқ бо мақсади татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ, суръатбахшӣ бв дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми мустақили пулии Тоҷикистон бо ташаббуси шахсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов дар хусуси ҷорӣ кардани пули миллии Тоҷикистон қарор қабул гардид.
Мутобиқи Қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ аз 6 майи соли 1995, № 8 (324) «Дар бораи тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ — рубли тоҷикӣ» аз 10 майи соли 1995 пули миллии Тоҷикистон бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубли намунаи соли 1994, барориши Бонки миллии Тоҷикистон, ба муомилот бароварда шуд.
Ба муомилот баровардани пули миллӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошт ва падидаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие гардид, ки бо мусоидати Хазинаи Байналхалқии Асъор сурат гирифт.
Ин воҳиди пулӣ дар муддати 5 соли дар муомилот қарор доштанаш дар ташкили заминаҳои истиқлолияти иқтисодии кишвар нақши муҳим бозид ва барои оғози фаъолияти нави комилан миллии пулӣ шароити зарурӣ муҳайё гардонд.
Бо фароҳам омадани суботи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 бо муассисаи Giӯsӯckӯ & Dӯvқiӯnt (Олмон) барои тайёр кардани пули миллӣ, ки таърихи гузашта ва фарҳангии имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос менамояд,шартнома баст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, № 415 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар — «Сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.
Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.
Бо мақсади такмили сохтори низомии пулии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №УП 645 аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филизии барориши Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.Ин тангаҳо дар Корхонаи сикказании шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тайёр карда шуданд. Муқаррар гардид, ки тангаҳои филизӣ бо пулҳои коғазии ҳамарзиш баробар гардиш хоҳанд кард.
Пули миллӣ, ки дар минтақаи гардиш эътибори кофӣ дорад, рамзи шоёни Тоҷикистони мустақил гашт ва ба сифати воситаи боэътимоди танзими иқтисодиёти тараққикардаистодаи кишвари мо хизмат хоҳад кард. Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар Идтиҳоди давлатҳои мустақил маҳсуб мегардад, ки таваҷҷӯҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст.
Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд: тангаҳои арзиши 5 сомонӣ ба ифтихори 10-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тангаҳои арзиши 3 сомонӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон, ш. Душанбе. Ин тангаҳо дар ду шакл — аз нуқра ва маводи омехта (латун ва мелхиор) сикка зада шудаанд. Тангаҳое, ки аз маводи омехта сикказанӣ шудаанд дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Пули коғазӣ

Сомонӣ

Коғази пул: сад дар сад аз нахи пахта сохта шуда, дорои нахҳои ҳимоявии беранг мебошад, ки дар зери шӯоъҳои ултрабунафш бо рангҳои дурахшандаи сурх, кабуд ва сабз намудор мешаванд.

Тарзҳои чоп:

металлографӣ:

дар рӯи пул — расм, ҳамаи матнҳо, рақамҳои ифодакунандаи арзиши пул, навори нақшдори дурангаи амудӣ, Нишони давлатии Тоҷикистон,аломати рамзӣ барои нобиноён, имзои шахсони масъул

Офсетӣ:

дар рӯи пул — резахатакҳои заминаи пул, ки рафта-рафта аз як ранг ба ранги дигар тағйир меёбанд (чопи ирис), тасвири заминавии қисмати марказии пул, гулнақшҳои тарафи рост, тасвирҳои ба ҳам пайвандшаванда, нақши «гули лола» бо унсури зидди нусхабардории»РЕАК» дар паси пул — тамоми тасвирҳо ва навиштаҳо

барҷаста:

дар рӯи пул — рақамҳои силсилавии пул

Унсурҳои асосии ҳимоявии пул:

1. Нишонаи обӣ: тасвири чандтобишаи расми шахси рӯи пул, ки дар муқобили рӯшноӣ дида мешавад.
2. Риштаи ҳимоявӣ: навори филизии дохили пул, ки зоҳиран шаш порча буда,ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ дидан ҳамчун риштаи яклухти хиратоби матни такроршавандаи «БМТ» бо тасвири роставу чаппа намоён мешавад.
3. Резанавишт: дар рӯи пул — резаматн ба забони тоҷикӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад;дар паси пул — резаматн ба забони англисӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад.
4. Унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ: ҳангоми мушоҳида намудани пул таҳти кунҷҳои гуногун дар нақши «гули лола» чандин рақами хираву равшан намоён мешавад, ки арзиши пулро ифода мекунад.
5. Тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда: унсурҳои тасвир, ки дар дохили доираҳои сафедранги ҳарду рӯи пул ҷойгир шудаанд, ҳангоми дидан дар муқобили рӯшноӣ ба ҳам пайваст шуда, нишони Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
6. Кинеграмма: ҳангоми тағйир додани кунҷи рӯшноии навори амудии филизӣ, тасвири нишони Бонки миллии Тоҷикистон ва матнҳои тоҷикию англисӣ, ки дар рӯи он воқеъ мебошанд, бо рангҳои гуногун медурахшанд.
7. Нишона барои нобиноён: шаклҳои ҳаштгӯшаи дар поёни қисмати сафеди пул ҷойгиршуда дорои хосияти барҷастагӣ мебошанд, ки бо даст ҳис карда мешаванд.
8. ҳимояи магнитӣ: рақами силсилавии уфуқии воқеъ дар кунҷи болоии тарафи чапи пул дорои хосияти магнитӣ мебошад.

Андоза:
1 сомонӣ — 141мм х 65мм
3 сомонӣ — 141мм х 65мм
5 сомонӣ -144мм х 65мм
10 сомонӣ -147мм х 65мм
20 сомонӣ -150мм х 65мм
50 сомонӣ -153мм х 65мм
100 сомонӣ -156мм х 65мм
200 сомонӣ -159мм х 68мм
500 сомонӣ -162мм х 71мм

Мирзо Турсунзода (1911 — 1977) — шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 — 1937) – қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садриддини Айнӣ (1878 — 1954) — Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Оромгоҳи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ноҳияи Панҷакент

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314 — 1384) — мутафаккир ва шоири тоҷик Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ш.Кӯлоб
Абӯалӣ ибни Сино (980 — 1037) — олим, энсиклопедисти бузурги халқи тоҷик Қалъаи Ҳисор
Бобоҷон Ғафуров (1908 — 1977) — Қаҳрамони Тоҷикистон, олим, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон Чойхонаи «Сино» дар ноҳияи Исфара
Исмоили Сомонӣ (849 — 907) — асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон — Давлати Сомониён Қасри Президент
Нусратулло Махсум (1881 — 1937) – қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Бинои Китобхонаи миллӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 – 941) — сардафтари адабиёти классикии тоҷик Бинои Қасри миллат
Дирам

Коғази пул: аз нахи пахта сохта шуда, дорои нахҳои ҳимоявии беранг мебошад, ки дар зери шӯоъҳои ултрабунафш бо рангҳои дурахшандаи сурх, кабуд ва сабз намудор мешаванд.

Тарзҳои чоп:офсетӣ: дар рӯи пул — тамоми тасвирҳо ғайр аз рақами силсилавии пулдар паси пул — тамоми тасвирҳо ва навиштаҳобарҷаста:дар рӯи пул — рақами силсилавии пул

Унсурҳои асосии ҳимоявии пул 1.Нишонаи обӣ: тасвири чандтобишаи нишони Бонки миллии Тоҷикистон 2.Риштаи ҳимоявӣ: навори шаффофи полимерӣ бо навиштаи «БМТ» ба шакли роставу чаппа3.Резанавишт: дар рӯи пул — резаматн ба забони тоҷикӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад дар паси пул — резаматн ба забони англисӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад 4.Ҳимояи магнитӣ: рақами силсилавии пул дорои хосияти магнитӣ мебошад

Андоза : 110мм х 60мм

Бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ Манзараи кӯҳистон
Кохи маданият дар хоҷагии ба номи Ӯрунхоҷаев Оромгоҳ дар Чилучорчашмаи Шаҳритус
Маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон Роҳи кӯҳистон
Исмоили Сомонӣ Водии кӯҳистон

Танга

Тавсифи тангаҳои филизии Бонки миллии Тоҷикистон барориши соли 2011.

Арзиши 1 дирам:

Рӯи танга (аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “1”, дар зери адад калимаи “дирам”, дар тарафи чапи адади “1” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.

     

Паси танга (реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар қисми поёнии қурс адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд.

Арзиши 2 дирам:

Рӯи танга (аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “2”, дар зери адад калимаи “дирам”, дар тарафи чапи адади “2” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.

     

Паси танга (реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар қисми поёнии қурс адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд.

Арзиши 5 дирам:

Рӯи танга(аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “5” , дар зери адад калимаи “дирам”, дар зери калимаи “дирам” як адад ва дар тарафи чапи адади “5” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.

     

Паси танга(реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд.

Арзиши 10 дирам:

Рӯи танга(аверс):  Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “10” дар зери адад калимаи “дирам”, дар зери калимаи “дирам” як адад ва дар тарафи чапи адади “10” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.

                                                                  

Паси танга(реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд.

Арзиши 20 дирам:

Рӯи танга(аверс):  Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “20” дар зери адад калимаи “дирам”, дар зери калимаи “дирам” як адад ва дар тарафи чапи адади “20” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.

     

Паси танга(реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд.

Арзиши 50 дирам:

Рӯи танга (аверс): Дар маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “50” , дар зери адад калимаи “дирам”, дар зери калимаи “дирам” як адад ва дар тарафи чапи адади “50” ба тарзи амудӣ ду қатор унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.

     

Паси танга (реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд.

Арзиши 1 сомонӣ:

Рӯи танга (аверс): Дар қисми болоии маркази қурс адади ифодакунандаи арзиши танга, “1” , дар зери адад калимаи “сомонӣ”, аз тарафи рости адади “1” ва зери калимаи “сомонӣ” бо тарзҳои амудӣ ва офоқӣ унсурҳои нақшу нигори миллӣ нақш ёфтаанд.

     

Паси танга (реверс): Дар маркази қурс Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давро даври нишон навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар қисми поёнии қуср адади ифодакунандаи соли барориши танга – “2011” тасвир шудаанд.

Хусусиятҳои техникӣ:

Номгӯи мушаххасот 1 д 2 д 5 д 10 д 20 д  50 д 1 с
Шакл даврашакл даврашакл даврашакл даврашакл даврашакл даврашакл даврашакл
Атроф ҳамвор ҳамвор ҳамвор ҳамвор дандонадор дандонаҳои фосилавӣ дандонадор
Филиз пӯлод бо мис(қабати дохилӣ) ва пӯлоду мис бо латун(қабати болоӣ) пӯлод бо мис(қабати дохилӣ) ва пӯлоду мис бо латун(қабати болоӣ) мис-латун мис-латун мис-латун мис-латун пӯлод-мис-никел
Ранг зард зард зард зард зард зард сафед
Қутр мм. 14,5 16,00 18,00 20,50 23,50 26,00 27,00
Вазн гр. 1,30 1,60 2,0 3,0 4.5 5,5 5,2
Танга

Тоҷикон анъанаи хеле қадими сикказанӣ ва муомилоти пулӣ доранд. Барориши аввалин сиккаҳо дар сарзамини бостонии Бохтару Суғд аз асри III то милод, аз замони давлатдории сулолаҳои Селевкиён ва Юнону Бохтариён ибтидо мегирад. Ин сиккаҳо драхма (дирҳам) ном дошта, тибқи анъанаҳои сикказании юнониён сохта мешуданд. Минбаъд сикказанӣ ва муомилоти пулӣ дар тӯли таърихи миллат ҳеҷ гоҳ қатъ нагардида, то садаи ХХ пайваста идома ёфтааст.

Авҷи аълои сикказанӣ ва муомилоти молию пулӣ ба даврони аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён (875 — 999), ки пули нави Тоҷикистони мустақил ба ифтихори онҳо «Сомонӣ» номгузорӣ шудааст, рост меояд. Қобили тазаккур аст, ки дар қаламрави ин давлати муқтадир қариб 30 маркази сикказанӣ вуҷуд дошт.
Арзиш Қутр (мм) Ғафсӣ (мм) Вазн (г.) Филиз
Ранг
1 дирам 14,5 1.30
пӯлод бо мис(қабати дохилӣ) ва пӯлоду мис бо латун(қабати болоӣ)
зард
2 дирам 16,0 1.60
пӯлод бо мис(қабати дохилӣ) ва пӯлоду мис бо латун(қабати болоӣ)
зард
5 дирам 16,50 1,35 2,00 Дуфилиза (латун-пӯлод-латун) зард
10 дирам 17.50 1.40 2.40 Дуфилиза (латун-пӯлод-латун) зард
20 дирам 18.50 1.40 2.70 Дуфилиза (латун-пӯлод-латун) зард
25 дирам 19.00 1,40 2,76 Мис-руҳ зард
50 дирам 21,00 1,45 3,60 Мис-руҳ зард
1 сомонӣ 24,00 1,60 5,20 Мис-никел сафед
3 сомонӣ 25,50 1,80 6,30 Мис-никел сафед
5 сомонӣ 26,50 1,85 7,00 Мис-никел сафед
 

 

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Март 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Фев    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-