Тавре ки маълум аст, соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ эътироф гаштааст.

Дар бештар кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Аз рӯзҳои аввали шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ (СУТ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо ин ташкилот ба роҳ монд. Моҳи майи соли 2010 Котиби Генералии СУТ ҷаноби Т.Рифаӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо як қатор масъулини вазорату идораҳои мамлакат вохӯриҳои судманд анҷом дод. Вобаста ба ҳамкориҳои судманд байни мақомоти ваколатдор дар соҳаи туризм ва СУТ Меморандуми ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм имзо гардид.

Барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои туристии нав ба кишвар ва муаррифии захираҳои туристии мамлакат дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонии соҳавӣ соли 2008 нахустин маротиба дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи туристии “Тоҷикистон — кишвари туризм” дар масоҳати 200 метри мураббаъ бо ҷалби тамоми ширкатҳои туристӣ ва минтақаҳои дорои захираҳои туристӣ ташкил карда шуд.

Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон, аз соли 2008 масъулини соҳаи туризм дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Япония) ва Лондон (Британияи Кабир) баргузор мегарданд, иштирок менамоянд. Дар натиҷа имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.

Дар ин давра бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самараноки захираҳои об аз соли 2009 дар доираи Барномаи «Об барои ҳаёт» ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Озодӣ» ташкил ва баргузор мегардад.

Дар экспедитсия кӯҳнавардон аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Франсия, Испания, Шветсия, Венгрия, Булғористон, Литва, Украина, Россия ва дигар кишварҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Бояд қайд кард, ки соли 2010 дар баландии 7495 метр дар қуллаи баландтарини минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо номи «Исмоили Сомонӣ» парчами Тоҷикистон ва нишонаи «Об барои ҳаёт» барафрохта шуд.

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Туризм яке аз соҳаҳои бонуфӯз ва сердаромад дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ нақши арзанда бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориљӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар эълон намудааст.

Дар поён 35 номгӯи маконҳои дидании Тоҷикистонро меорем, ки ҳамчун имконяитҳои туристӣ шинохта шудаанд.

Панҷакенти қадим

Саразм

Истаравшан

Кӯҳои Фон

Искандаркӯл

Моркул

Парки миллӣ

Хуҷанд

Шаҳри Душанбе

Варзоб

Ромит

Сарихосор

Балҷувон

Ҳисор

Чилучорчашма

Чилдухтарон

Кӯлоб

Ҳазрати Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Карон

Дарвоз

Кӯҳҳои Помир

Гармчашма

Хоҷаобигарм

Сароб

Ҷелондеҳ

Бибифотимаи Заҳро

Авҷ

Қалъаи Қаҳқаҳа

Янчун

Пиряхи Федченко

Сарез

Қаракӯл

Қайроқум

Ҳулбук

Норак

Кӯлҳои водии зархези Зарафшон

Зарафшон водии хушманзараву баландкӯҳе дар болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон аст. Дарозии дарё 877 километрро ташкил медиҳад, ки 316 километри он аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Дарёи Зарафшон аз пиряхҳои кӯҳистони Мастчоҳ сарчашма мегирад. Водии Зарафшонро кӯҳистон низ мегӯянд. Баландии қаторкӯҳҳо аз 2000 то 5500 метр мерасанд.

Дар водии Зарафшон зиёда аз 30 кӯл мавҷуд аст, ки машҳуртарини онҳо кӯли Калон, Искандаркӯл, Алоуддин, Марғзор ва Ҳафткӯл мебошанд. Ин водии зархез аз канданиҳои фоиданок бой аст. Конҳои волфрам (Ҷилав), сурма, симоб (Ҷиҷикрӯд, Шинг-Мағнов), ангиштсанг (Фон-Яғноб), масолеҳи сохтмон аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Дар ин ҷо корхонаи муштараки истеҳсоли тиллои Тоҷикистону Чин фаъолият мекунад.

Водии Зарафшон мавзеи қадимаи зироаткорӣ буда, дар шаҳри Саразми бостонӣ зиёда аз 5500 сол қабл тоҷикон маскун буданд. Дар он давра Саразм яке аз бузургтарин гаҳвораҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Дар ин водии зархез як шаҳр (Панҷакент) ва 254 деҳа ҷой гирифтааст. Боқимондаҳои Саразми бостонӣ дар 15-километрии шаҳри Панҷакент мавҷуд аст.

Водии зархези Зарафшон дорои захираҳои бузурги туристӣ мебошад. Дар давраи шӯравӣ қаторкӯҳҳои Фон яке аз базаҳои маъруфтарини кӯҳнавардии варзишгарони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Кӯҳҳои Фон 11 қуллаи зиёда аз 5000-метра доранд, ки баландтарини онҳо Чимтарға (5489 метр) мебошад.

Ҳанӯз дар асри XV абераи Темур – фотеҳи Ҳинд, олим ва шоир Заҳириддин Муҳаммад Бобур ба Мастчоҳ ва Фондарё сафар карда, хотираҳои хешро навиштааст. Соли 1841 нахустин аврупоиён дар ҳайати экспедитсияи Бухоро Искандаркӯлро дида буданд, ки миёни онҳо географи маъруф Александр Леман низ буд. Олими шинохта А.П. Федченко бошад, соли 1870 ба Яғноб, Искандаркӯл ва Кӯли Калон сафар намуд. Соли 1911 бошад, муҳаққиқи Осиёи Марказӣ Н.Л. Корженевский ба кӯҳҳои Фон сафар кард. Яке аз қуллаҳои 7-ҳазорметраи Помир ба номи ҳамсари ӯ – Евгения гузошта шудааст.

Соли 1936 аз водии Зарафшон роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Ленинобод (Хуҷанд) убур намуд. Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ сайёҳи чолоку ҷасур Н.В. Паганутси ба ин водии хушманзара ба сайру саёҳат омад. Соли 1964 ӯ пешниҳод намуд, ки ба водии Зарафшон 12 хатсайри сайёҳӣ кашида шавад.

Дар давраи шӯравӣ танҳо ба кӯҳҳои Фон 8 хатсайри сайёҳӣ амал мекард. Якум, тавассути ағбаи Дукдон. Ин хатсайр аз Искандаркӯл оғоз ёфта, тавассути убур аз дарёи Дукдон, ағбаи Дукдон – дарёи Арчамайдон – дарёи Киштут – деҳаи Кулолӣ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент ба итмом мерасид. Дар ин хатсайр сайёҳон бо арчаҳои зарафшонӣ, олуболуву настаран ва кабкҳои хушилҳон дучор меоянд. Водии дарёи Арчамайдон бо сарсабзиаш ҳар бинандаро мафтун мекунад. Ин гуна мавзеъҳои серарча дар Осиёи Марказӣ хеле кам мондаанд. Аз ин рӯ, сайёҳи маъруфи шӯравӣ Ф.Г. Патрунов Арчамайдонро ҳамчун “ёдгории табиӣ” дар китоби “По Таджикистану” васф намудааст. Дарозии хатсайри мазкур 90 километр буда, сайёҳон онро дар 7 рӯз тай мекарданд.

Хатсайри дуюм тавассути ағбаи Мура сурат мегирифт. Сайёҳон аз Искандаркӯл ба сафар баромада, тавассути ағбаи Мура ба деҳаи Қаратоғ ва аз он ҷо ба шаҳри Душанбе меомаданд. Дарозии роҳ 100 километр ва муддати сафар 7 рӯз буд. Баландии ағбаи Мура 3793 метрро ташкил медиҳад. Сайёҳон тавассути ин хатсайр аз кӯли Пайрон (Париён) гузашта, ба Қаратоғ мерасиданд.

Хатсайри сеюм: Искандаркӯл – дарёи Арг (Қазноқ) – Кӯли Аллои Калон – дарёи Киштут – деҳаи Кулолӣ – Панҷрӯд. Дарозии хатсайр 95 километр ва давомнокии саёҳат 8 рӯз буд.

Хатсайри чорум: Искандаркӯл – дарёи Арг – ағбаи Қазноқи Шарқӣ – кӯли Алоуддин – ағбаи Алоуддин – Кӯли Калон – Панҷрӯд. Давомнокии саёҳат 8 рӯз ва дарозии хатсайр 115 километрро ташкил медод. Кӯтоҳтарин хатсайр тавассути дарёи Саримат – ағбаи Товасанг то кӯли Марғзорро дар бар мегирифт, ки дарозии роҳ 60 километр ва давомнокии сафар 4 рӯз буд.

Дар давраи шӯравӣ дар шаҳри Панҷакент меҳмонхонаҳои “Панҷакент”, “Турист” ва “Суғдиён” ба меҳмонон хизмат мерасониданд. Азбаски он солҳо хатсайрҳои туристӣ мутамарказ буда, сарҳад миёни ҷумҳуриҳо вуҷуд надошт, аксар касоне ки аз қисмати аврупоии  Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Самарқанд меомаданд, Панҷакентро низ зиёрат мекарданд. Фасли тобистон бошад, дар меҳмонхонаҳо ҷои холӣ набуд.

Имрӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди туризми Зарафшон барои барқарор намудани хатсайрҳои туристии собиқ кӯшиши зиёд намуда истодааст, ки шоёни таҳсин аст. Ин мавзеи хушманзара дурнамои хуб барои рушди туризми кӯҳнавардӣ, экологӣ ва этнографӣ дорад. Хуб мешуд, ки васоити ахбори омма низ дар тарғиби ин гуна мавзеъҳои хушманзара ҳисса гузоранд. Зеро ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ боиси рушди инфрасохтори туризм ва бо ҷои кор таъмин шудани ҳазорон нафар ҳамватанон мегардад.

Маводҳои видеоӣ

Февраль 2017
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Янв    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Ҷой барои реклама