Ба саҳифаи асосӣ

Иқтисодиёт

Ислоҳоти иқтисодӣ. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ба таври мунтазам ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои институтсионалию сохторӣ гузаронида мешаванд, ки ин барои такмили низоми бонкӣ ва молиявии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бисёр муҳим ва ҳадафнок арзёбӣ мешавад.

Дар тӯли 20 соли истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.

Аз соли 1997, яъне пас аз пойдор гардидани сулҳ дар кишвар иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ овард. Ҳатто дар соли 2009, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бӯҳрони азими иқтисодиву молиявӣ ба авҷи худ расида, дар иқтисодиёти ҷаҳон коҳишёбӣ мушоҳида карда мешуд, ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки таъсири ин бӯҳронро ба иқтисодиёт кам намуда, тамоюли мусбати рушди иқтисодиётро нигоҳ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибаҳои иқтисодии хешро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа баланд бардошт.

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд, ки ҳоло ин кишварҳо дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ дар кишвар саҳмгузорӣ менамоянд.

Ҳанӯз дар ибтидои асри XXI – соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Президент дар радифи 191 кишвари ҷаҳон Эъломияи Ҳазорсоларо ба имзо расонид. Дар ин замина Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳоеро, ки баёнгари ӯҳдадориҳо барои таъмини густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола маҳсуб мегарданд, ба роҳ андохт.

Соли 2010 аз оғози Эъломияи Ҳазорсола 10 сол сипарӣ гардид ва ба ин муносибат бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиши байналмилалӣ оид ба дастовардҳои кишварҳои аъзо доир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ, ки моҳи сентябри соли 2010 дар Созмони Милали Муттаҳид доир гардид, бевосита иштирок намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Президенти кишвар дар ин ҳамоиш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба масъалаҳои рушди устувор, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти дорои хусусияти дарозмуддат, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногуннавъии биологӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи об таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва якчанд стратегияву барномаҳои миёнамӯҳлат, ки дар комёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола асоси воқеӣ маҳсуб мегарданд, таҳия ва қабул гардида, ҳоло мавриди амал қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян намуд ва барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои стратегӣ саъю талош меварзад.

Татбиқи босамари ҳуҷҷатҳои стратегӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувори макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 % соли 2003 то 46,7 % дар соли 2009 коҳиш ёбад.

Раванди ислоҳот дар ҳамаи бахшҳои таркибии иқтисодиёти кишвар ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар заминаи таъмини ҳамкориҳои босамар бо шарикони рушд таҳти назорати бевосита ва пайвастаи Роҳбари давлат қарор дорад. Бо ин мақсад Президенти кишвар Шӯрои миллии рушдро таъсис дод, ки он таъмини ҳамаҷониба ва ҳадафмандонаи Стратегияи миллии рушд ва стратегияҳои миёнамӯҳлатро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бо ҷалби сармоягузории мустақим ва саҳми шарикони рушд ба ӯҳда дорад.

Дар ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои стратегии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ — Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва марҳалаи дуюми Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 амалӣ мегарданд. Ҳадаф ва зарурияти қабули барномаҳои мазкур ба таври устувор баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд тавассути рушди иқтисодӣ, табдил додани Тоҷикистон ба давлати демократии рушдёфта, ки дар он ҳамаи табақаҳои ҷамъият аз дастовардҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ истифода мебаранд, равона карда шудааст. Барои ноил гаштан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде паси сар гардид ва имрӯз Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки дар он иқтисоди муосири бозаргонӣ ташаккул ёфта, ба татбиқи нақшаҳои азими рушди устувор заминаи воқеӣ гузошта шудааст.

Дар натиҷаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин гардид, ки он ба мӯътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 то ба имрӯз 2,6 маротиба афзуда, рушди миёнаи он дар як сол 7,1 % -ро ташкил медиҳад. Чунин рушди иқтисодӣ ба туфайли таъмини афзоиши бемайлони фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар кишвар ба даст омадааст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли 1997 то имрӯз 2,5 баробар, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 2,8 баробар, ҳаҷми боркашонӣ тавассути тамоми намудҳои нақлиёт 1,7 баробар, мусофиркашонӣ 4,3 баробар, ҳаҷми гардиши савдои чакана 3,2 баробар ва хизматрасонии нақдӣ ба аҳолӣ 7,8 баробар афзудааст ва ҳаҷми буҷети давлатӣ 75 баробар, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 36,3 ва даромадҳои пулии аҳолӣ 38 баробар афзоиш ёфтанд.

Дар давраи истиқлолият бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ корҳои зиёде анҷом дода шуда, зиёда аз 80 барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки онҳо бевосита ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд.

Дар раванди татбиқи Барномаи амнияти озуқаворӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқ менамояд ва пайваста барои устувор гардидани муносибатҳои мутақобилан муфиди иқтисодӣ дар минтақа ва дар сатҳи байналмилалӣ талош меварзад.

Дар ин ҷода робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ва Барномаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар самти баррасии масоили вазъияти амнияти озуқаворӣ дар мавриди мавҷудият, дастрасӣ ва истеъмоли озуқа дар кишвар, ҳамчунин оид ба татбиқи чорабиниҳои Барнома ҷиҳати ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва ҳамоҳанг сохтани барномаҳои муштарак барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати таъсиси шабакаи намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳое, ки аз нигоҳи бозорҳои афзалиятноки фурӯши молҳои ватанӣ мусоиданд, тадбирҳои амалӣ андешида шуданд ва имрӯз дар 23 кишвари хориҷӣ намояндагиҳои тиҷоратӣ арзи вуҷуд доранд.

Бо дарназардошти зарурияти ҷалби сармоягузорӣ ва омӯзиши талаботи бозорҳои беруна ба молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар беш аз даҳ давлат ва минтақаҳои алоҳидаи давлатҳои хориҷӣ намояндагиҳои тиҷоратии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар соли 2010 барои беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ як қатор чораҳо андешида шуданд. Дар натиҷа тибқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат” Тоҷикистон ду сол паи ҳам ба радифи даҳ давлати ислоҳотгар шомил гардид. Соли 2010 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 зина боло рафт. Ҳоло дар мамлакат ба хотири танзим ва мувофиқаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷиҳати таъмини босамар ва шаффофияти фаъолияти соҳибкорӣ як қатор чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти муҳими ҷашнӣ, аз ҷумла сохтмони хати интиқоли барқии 500 — КВт «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи 500 — КВт «Душанбе», сохтмони нақби «Озодӣ», сохтмони роҳҳои автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», «Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Кулма-Қароқурум», таҷдиди роҳи автомобилгарди «Дӯстӣ-Панҷи поён» (марҳалаҳои 1 ва 2) ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар маҷмӯъ аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди иқтисодӣ ноил гардид, ки метавон танҳо чанде аз онҳоро номбар кард:

— гузаштани кишвар ба иқтисоди бозорӣ, ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ;

— барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ҷаҳон, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ;

— сохтмони роҳҳои оҳан ва шоҳроҳҳои автомобилгард. Дар даврони истиқлолият барои наздик шудани роҳҳои автомобилгард дар самтҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Норак-Кӯлоб нақбҳо канда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин самт кандани нақбҳои дигар низ идома дорад. Дар оянда сохтмони роҳ байни се давлати форсизабон Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон дар назар аст;

— сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз ҷумла сохтмон ва ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1» ва идома ёфтани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Сангтӯда-2», «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург. Дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар маҷмӯъ 235 адад НБО-и хурд бо иқтидори аз 5 то 2500 кВт сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

— барои таъмини амнияти озуқавории кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, барномаҳои соҳавӣ, ки онҳо бевосита ба зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, инчунин барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат менамоянд, қабул гардиданд. Бояд зикр кард, ки барои амалӣ гардидани ин барномаҳо ҳамасола аз буҷети давлат маблағҳои зиёд пешбинӣ карда мешаванд.

— бунёди корхонаҳои хурду калони саноатӣ, кишоварзӣ, мактабҳо, муассисаҳои маданиву маишӣ, қасрҳои фарҳанг, биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои табобативу фароғатӣ ва ғайра.

Молия, буҷет, андоз ва гумрук. Бо мақсади такмили банақшагирӣ ва истифодаи самарабахши захираҳои молиявӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, ҳамчунин идоракунии қарзи давлатӣ соли 1996 дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Идораи Марказии Хазинадорӣ ва Департаменти идоракунии қарзҳои берунӣ ташкил карда шуд.

Аз соли 2000-ум дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои идоракунии молияи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, идоракунии қарзи давлатӣ ва барномаҳо оид ба механизми нави маблағгузории соҳавӣ (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва алоқа) дар сиёсати молиявӣ ислоҳоти ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст, ки он то ба имрӯз идома дорад.

Аз ҳамин сол таҳия ва иҷрои буҷет аз рӯи гурӯҳбандии нави буҷетии даромад ва хароҷот амалӣ мегардад, ки он сохтори буҷетро аз рӯи меъёрҳои иқтисодӣ ва вазифавӣ муайян ва онро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намуд.

Солҳои 2000-2008 барои сиёсати молия ва андозу буҷет давраи оғози пешравиҳо ва тадбирҳои нави ислоҳоти молиявӣ ба шумор мераванд.

Барои таҳкими сиёсати молиявӣ ва иқтисодӣ дар кишвар як қатор қонунҳои ҳаётан муҳим, аз қабили «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи назорати молияи давлатӣ», кодексҳои андозу гумрук, қонунҳо «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ», «Дар бораи фаолияти аудиторӣ», «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи бозори коғазҳои қаматнок», «Дар бораи суғуртаи давлатӣ», «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» қабул карда шудаанд. Дар маҷмӯъ танҳо дар самти сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет зиёда аз 20 қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд, ки татбиқи амалии онҳо низоми мустақил ва ягонаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин ва танзим менамояд.

Тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд намуд: “Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва мӯътадилии он дар ҳамаи давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад”.

Ин аст, ки сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро таъмин менамояд.

Дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ низоми мақомоти андоз дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳрҳу ноҳияҳои мамлакат таъсис дода шуда, низоми миллии қонунгузории андоз, аз ҷумла тартиби баҳисобгирии андоз, андозбандии соҳибкории озоди дар ҳоли рушд ташкилгардида ва шаклҳои ҷавобгарӣ барои вайронкунии қонунгузории андоз низ муайян карда шудааст.

Сарфи назар аз дастовардҳо низоми андоз дар ин давра ба шароити иқтисоди бозаргонӣ ҳоло ҳам пурра мутобиқ набуд. Дар кишвар 24 намуди андозҳои ҷумҳуриявӣ, 11 намуди пардохтҳои ҷумҳуриявӣ ва 12 намуди андозҳо ва пардохтҳои маҳаллӣ амал мекарданд, ки ҳамаи ин намуди андозҳо ва пардохтҳо дар асоси қонунҳои алоҳида ҷамъоварӣ карда мешуданд.

Барои таҳкими сохтори ташкили назорати андоз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1995 дар заминаи Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ташаккули низоми мустақили мақомоти андози Тоҷикистон, асосан бо давраи эътидоли вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, рушди устувори иқтисодиёт ва рушди бахши хусусӣ, ҳамчунин қабули нахустин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот дорад.

Дар доираи Кодекси андоз дар асоси як санад тамоми муқаррароти асосии маъмурӣ, намудҳои мушаххаси андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ мегарданд, гирд оварда шуда, нахустин бор ба андозсупоранда додани рақами мушаххаси андозсупоранда пешбинӣ гардид ва шумораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам карда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав андоз аз амволи корхонаҳо ва андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ бо як намуд андози маҳаллӣ-андоз аз амволи ғайриманқул иваз карда шуд. Андозбандии соҳаи кишоварзӣ дар асоси ҷорӣ гардидани андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ содда гардонида шуда, андози маҳаллии барои нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар ва андоз аз даромади фавқулода хориҷ гардид.
Дар амал татбиқ намудани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ бо истифода аз низоми соддакардашуда, дар баробари дигар корҳои барои дастгирии соҳибкорӣ анҷомёфта Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2009 дар қатори 10 кишвари беҳтарини ислоҳотгари дунё муаррифӣ кард ва эътибору нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моратории санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 марти соли 2009, дар асоси Паёми навбатии Сардори Давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба паст кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 то 18 % ва меъёри андоз аз фоида барои аксари соҳаҳои фаъолият аз 25 то 15 %, то 800 ҳазор сомонӣ зиёд кардани ҳадди ниҳоии даромадҳо барои супорандагони андоз тибқи низоми соддакардашуда, инчунин дар ҳаҷми 10 % муқаррар намудани меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти гандум, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» далели возеҳи гуфтаҳои боло мебошанд.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии самаранокии фаъолияти мақомоти андоз ҳолати иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ маҳсуб мешавад. Ба таври мисол, агар дар соли 2005 ба буҷет наздики 810 млн. сомонӣ андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ворид шуда бошад, дар соли 2010 ба буҷети давлатӣ қариб 3 млрд. сомонӣ ворид карда шуд, ки он дар қиёс тақрибан 4 баробар зиёд мебошад.

Бо мақсади боз ҳам такмил додани низоми андозбандӣ кодексҳои нави андоз ва гумрук таҳия ва қабул карда шуданд. Дар кодексҳои нав нуктаҳои муҳимтарини сиёсати андоз ва маъмурияти андоз, зарурати барпо кардани сохтори ягонаи андозситонӣ, оддӣ ва оммафаҳм намудани андозҳо ва аз байн бурдани андозҳои бесамар ба инобат гирифта шудаанд.

Ҳамчунин барои ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ воридоти таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо барои ташаккул ё пурра намудани фонди оинномавии корхонаҳо ва аз нав муҷаҳҳаз кардани техникаи истеҳсолоти амалкунанда, воридоти техникаи кишоварзӣ, доруворӣ ва асбобҳои тиббӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст. Ғайр аз ин корхонаҳои наве, ки барои истеҳсоли молҳо таъсис меёбанд, бо дарназардошти ҳаҷми инвеститсияҳои вориднамудаашон ба мӯҳлатҳои муайян аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.

Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул намуд, ин Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Барои татбиқи ин ҳуҷҷат буҷети давлатӣ хусусияти иҷтимоӣ гирифта, дар он ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, нақлиёт, энергетика ва таъмини бехатарии озуқаворӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.

Аз соли 2006 бори аввал таҳияи буҷети давлатии миёнамӯҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои се соли оянда оғоз гардид, ки дар асоси он ислоҳоти молиявӣ дар соҳаи сиёсати андозу буҷет давом дода шуда, амалӣ намудани Барномаи миёнамӯҳлати хароҷот, Стратегияи кам кардани қарзи хориҷӣ ва татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳамасола зиёд намудани хароҷоти буҷет барои соҳаҳои иҷтимоӣ амалӣ карда шуданд.

Барои муқоиса, агар дар соли 2001 ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ аз рӯи ҳамаи захираҳои молиявӣ аз 314,0. млн. сомонӣ иборат бошад, пас дар соли 2005 ин нишондиҳанда зиёда аз 1,2 млрд. сомонӣ ва дар соли 2011 зиёда аз 8,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2001 27 баробар зиёд аст.

Агар дар соли 2001 барои соҳаҳои иҷтимоӣ 126,0 млн. сомонӣ ё ин ки 40 %-и буҷети давлатӣ равона шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2011 бештар аз 4 млрд. сомонӣ ё 50 %-и хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад, ки ин қариб 33 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла маблағгузории соҳаи маориф 28 баробар, соҳаи тандурустӣ 27, ҳифзи иҷтимоӣ 33, соҳаи фарҳанг 30 баробар ва мутаносибан дигар соҳаҳои иқтисод низ зиёд гардидааст.

Аз соли 2001 то имрӯз музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳои гуногун ба ҳисоби миёна қариб 10 баробар зиёд карда шудааст.

Аз соли 2007 буҷети давлатӣ дар баробари доштани хусусияти иҷтимоӣ, хусусияти тараққиёт, яъне маблағгузории рушди иқтисодиёти воқеӣ – саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, коммуникатсия, соҳибкории хурду миёна ва сармоягузории асосиро низ амалӣ намуда, имрӯз маблағгузорӣ дар ин самт зиёда аз 25 % аз ҳаҷми умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар солҳои 1992- 1995 буҷети давлатӣ қариб, ки қурб надошт, сатҳи таваррум зиёда аз чор рақамро ташкил медод. Дар ин давра музди меҳнати муаллимон ва духтурон ба 3-5 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба 15-17 сомонӣ баробар буд, ки он ҳам сари вақт пардохт намегардид. Аз соли 1995 нисбатан ба танзим даровардани буҷет оғоз шуда, ҳаҷми даромади он, соли 1997-ум 110 миллион, соли 2000 –ум ба 250 миллион расонида шуд. Соли ҷорӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 8,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 1997- 75 баробар зиёд мебошад.

Дар 20 соли истиқлолият иншооти муҳими дорои аҳамияти давлатӣ, аз қабили нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», фурудгоҳ дар шаҳри Кӯлоб, Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, кони гази «Хоҷасартез», таҷдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб, Кӯлоб-Қалъаи-Хумб, Мур¬ғоб Кулма-шоҳроҳи Қароқурум, Шкев-Зиғар, Шоғун — Зиғар марҳалаҳои 1 ва 2, Душанбе-сарҳади Қирғизистон (марҳалаҳои 1 ва 2)», нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол» ва «Озодӣ», хатҳои барқи баландшиддати «Лолазор-Хатлон» ва «Ҷануб-Шимол» сохта ва ба истифода дода шудаанд.

Таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе-сарҳади Қирғизистон — марҳалаи 3, Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Қулма — марҳалаи 1-и давраи 2 қитъаи Душанбе-Данғара ва нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», Роғун ва дигар иншооти муҳими давлатӣ босуръат идома дорад.

Имрӯз дар асоси Барномаи ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ, дигаргунсозии сохтори идоракунии давлатӣ ва Барномаи миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, нишондиҳандаҳои дурнамои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 қабул гардида, гузариш барои ба банақшагирии сесолаи нишондиҳандаҳои буҷетӣ татбиқ мегардад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ танҳо як нуқтаи гумрукии Панҷи Поён ба мо мерос монда, зиёда аз 2350 километр ҳудуди сарҳадоти маъмурӣ бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд.

Бо дарки аҳамияти масъалаи таъмини амнияти иқтисодии кишвар тавассути фишангҳои гумрукӣ як қатор чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва ташкиливу сохторӣ ҷиҳати таҳкими инфрасохтори гумрукӣ ва бо таҷҳизот таъмин намудани нуқтаҳои гумрукӣ таҳия ва татбиқ карда шуданд, ки ин ҳама барои рушди минбаъдаи фаъолияти гумрукӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Имрӯз низоми мақомоти гумрук аз 5 раёсати минтақавии гумрукӣ иборат буда, ҳоло назорат ва ба расмияти гумрукӣ даровардани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар 22 гузаргоҳи наздисарҳадии автомобилӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 1 гузаргоҳи дарёӣ, 5 гузаргоҳи нақлиёти ҳавоӣ, 17 гумруки дохилӣ ва 21 дидбонгоҳи гумрукии дохилӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1997 аъзои Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ ва 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад.
Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 маблағи 3 847,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 1996 ба маблағи 2780,0 миллион доллар зиёд мебошад.

Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Чин, Туркия, Россия, Эрон, Афғонистон, Италия, Покистон ва Латвия марбут буда, воридоти асосии мол аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин, Эрон, ИМА, Амороти Муттаҳидаи Араб, Литва, Туркия, Озарбойҷон ва Қирғизистон сурат мегирад.

Агар пардохтҳои гумрукӣ дар соли 1998 маблағи 18,0 млн. сомониро ташкил намуда бошанд, пас дар соли 2010 ин нишондиҳанда 1 млрд 695,7 млн. сомониро ташкил додааст.

Аз давраи таъсисёбӣ аз ҷониби мақомоти гумрук 52 090 ҳодисаи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, аз рӯи 975 ҳодисаи он парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Инчунин, мақомоти гумрук дар солҳои 1992-2010 997 ҳодисаи қочоқи маводи нашъаоварро ошкор намуда, 2 тоннаву 455 кг. маводи нашъаовар, зиёда аз 20 ҳазор растании банг ва 7 692 кг. прекурсор мусодира карданд. Дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 511 кг. 259 гр. маводи нашъаовар мусодира шудааст.

Ташаккули сиёсати пулию қарзӣ. Низоми бонкӣ дар Тоҷикистон дар заминаи шабакаи бонкии замони Шӯравӣ ва бонкҳои хусусии нав бунёд гардида, дар солҳои истиқлолият зина ба зина инкишоф ёфт, имрӯз ба яке аз соҳаҳои аҳамиятнок ва тезтараққиёбандаи иқтисодиёт табдил гаштааст.

Дар ин марҳалаи начандон тӯлонӣ низоми бонкӣ зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, бунёди назорати бонкии ба меъёрҳои ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ такякунанда, таҳкими фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, таҷдиди бонкҳои калон ва таҳаввулоти дигарро паси сар намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Мутобиқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 рубли тоҷикиро ҳамчун асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, Комиссияи давлатиро оид ба ҷорӣ намудани асъори миллӣ таъсис дод. Бонки миллии Тоҷикистон аз 10-уми майи соли 1995 бо қарори Комиссияи давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани асъори миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — “рубли тоҷикии барориши соли 1994”-ро ба муомилот баровард.

Дар раванди барпо шудани низоми ягонаи пулию қарзӣ аҳамияти ба узвияти Хазинаи Байналмилалии Асъор пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Ин ташкилоти бонуфузи молиявии байналмилалӣ, ки ҳадафи асосии он кӯмак ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ мебошад, баъди ба расмият даровардани санадҳои дахлдор 23 августи соли 1993 ба узвияти комилҳуқуқи ин ташкилот пазируфта шудани Тоҷикистонро эътироф намуд.

Яке аз барномаҳои асосие, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои тозааъзо пешниҳод менамояд, барномаи кӯмаки пас аз низоъ (ESAF) ба шумор меравад, ки он аз маҷмӯи кӯмакҳои моддиву молиявӣ, ихтисосиву машваратӣ ва техникӣ иборат мебошад. Барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи бузурги ин ташкилот дар идораи макроиқтисодӣ нақши назаррас дорад.

Хазинаи Байналмилалии Асъор барои дастгирии Барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисодӣ то инҷониб 238,5 млн. доллари ИМА, аз ҷумла дар солҳои 1996-1998 ба маблағи 30, 0 млн доллари ИМА, солҳои 1998-2006 ба маблағи 143,3 млн. доллари ИМА ва минбаъд 65,3 млн. доллари ИМА қарзҳои дарозмуддат ҷудо намуд.

Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии соҳаҳои зерсохторӣ, энергетика, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳои бунёдӣ, раванди ғайридавлатӣ кардан ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба андозаи қариб 520,0 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намуд. Доир ба ин соҳаҳо лоиҳаҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти гуногуни кишвар омода карда шуданд, ки бештари онҳо татбиқи амалии худро ёфта, бархи дигари онҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Бо амалӣ гаштани ислоҳоти пулии соли 1995 марҳалаи нави ташаккули сиёсати пулию қарзӣ ва барпо намудани асосҳои муҳимтарини низоми мукаммали бонкӣ оғоз гардид. Дар ин марҳала зарурати қабули маҷмӯи санадҳои ҳуқуқӣ, ки ҳадаф ва вазифаҳои бонки марказиро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дақиқан ифода намоянд, ба миён омада буд. Вобаста ба ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон замина гузошт.

Сиёсати танзими асъор аз ибтидо яке аз самтҳои муҳими сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳалаи аввал бо мақсади ташкили механизми бозории савдои асъори хориҷӣ, ки дар асоси “талабот ва пешниҳод” бояд амал мекард, моҳи апрели соли 1995 Биржаи байнибонкии асъор ташкил карда шуд. Дар ин асос 4 ноябри соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” қабул гардид. Қабули қонуни мазкур ҳамчунин ба шароит ва хусусияти бозори истеъмолии ватанӣ, ки ба асъори хориҷӣ талаботи калон дорад, мусоидат намуд. Бонки миллии Тоҷикистон тадриҷан дар амалияи татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, қисмати асъории он ва танзими механизми қурбгузории пули миллиро ба роҳ монд.

Яке аз падидаҳои хеле муҳими таърихие, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ омад, ин бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ бо номи “сомонӣ” буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар таъсири мусбат расонида, барои раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи молиявӣ, мӯътадил гардонидани иқтисодиёт, молия, буҷет ва вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвар мусоидат намуд.

Дар давраи 20 соли фаъолият низоми бонкии кишвар дар самти ҳамкориҳо бо дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба натиҷаҳои назаррас сазовор гашт. Ташкилотҳои мазкур дар низоми бонкии мамлакат барои дастгирии соҳаи соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика (тармим ва барқарорcозии шабакаҳои барқӣ), обёрии заминҳо ва дигар соҳаҳо саҳмгузорӣ намуданд.

Низоми бонкии кишвар дар давоми 20 соли фаъолияти худ ҳамкориҳои судмандро ҳамчунин бо кишварҳои халиҷи Форс ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас сазовор гашт. Аз ҷумла, ҳамкориҳоро бо Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб ва Фонди Созмони Кишварҳои Содиркунандаи Нафт мустаҳкам намуда, дар ин самт истифодаи қарзҳоро барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сохтмони роҳҳои автомобилӣ, маблағгузории бахши хусусӣ, махсусан корхонаҳои хурду миёна тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар амалӣ намуд.

Ба хотири мусоидат ба рушди сохторҳои нави молиявӣ дар кишвар, ҳамчунин ҷалби бештари ташкилотҳои молиявии мавҷуда дар ҷараёни додани қарзҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини табақаҳои камбизоат бо ҷои кор ва афзудани даромади онҳо зарурати омода кардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди ташкилотҳои маблағгузории хурд ба миён омад. Барои танзими ин раванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2004 қабул гардид.

Пас аз қабули ин қонун барои татбиқи он Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёриро доир ба тартиби иҷозатномадиҳӣ ва танзими фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд таҳия намуд, ки дар ин замина шумораи чунин ташкилотҳо то охири соли 2010 ба 138 расид.

Қарздиҳии хурд хусусан дар давоми панҷ соли охир афзоиши назаррасро соҳиб гардида, нисбат ба солҳои пешин то 3 маротиба афзуд, ки он дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи бахши иқтисодиёт ба 36,0 % мерасад.

Раванди таҳким ва такмил додани бахшҳо ва ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва он барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, мувофиқ будан ба меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёт равона шудааст.
То охири соли 2010 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 138 ташкилоти қарзӣ ва маблағгузории хурд, аз ҷумла 14 бонк, 2 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд ва 44 фонди қарзии хурд фаъолият менамояд. Зиёдшавии ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо ба васеъ ва беҳтар шудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ мусоидат мекунад.

Дар солҳои истиқлолияти кишвар шумораи ташкилотҳои аудиторие, ки ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, ба 5 адад зиёд шудааст. Ҳоло дар кишвар 13 адад ташкилотҳои аудиторӣ фаъолият мекунанд, ки рӯйхати онҳо дар сомонаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.

Дар давраи истиқлолият миқдори намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ ба 3 адад афзоиш ёфтааст.

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзӣ то охири соли 2010 дар маҷмӯъ ба 1,2 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба солҳои пешин 3,4 маротиба афзудааст. Афзоиши ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёдшавии сармояи оинномавии пардохтшуда ва фоидаи бадастовардаи ташкилотҳои қарзӣ ба даст омадааст. Дороиҳои бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарздиҳӣ 6,2 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба охири соли 2006 бештар аз 2,7 маротиба зиёд шудаанд. Зиёдшавии дороиҳо асосан аз ҳисоби зиёд шудани сандуқи қарзӣ, воситаҳои асосӣ ва дигар дороиҳо ба амал омадааст. Сандуқи қарзии бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарздиҳӣ дар охири соли 2010 ба 2,9 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба охири соли 2006 2,9 маротиба афзудааст. Зиёдшавии қарзҳо асосан аз ҳисоби афзудани бақияи қарзҳои додашудаи бонкҳои мамлакат, махсусан ба соҳаи тиҷорат, кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна ба амал омадааст.

Сармоягузорӣ. Бахшҳои Стратегияи миллии рушд, ки вазифаҳоро дар самти ислоҳоти идораи давлатӣ, беҳбуди фазои инвеститсинӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ дарбар мегиранд, барои фароҳам овардани шароити умумии сохторӣ пешбинӣ гардидаанд, ки ин ҳама дар маҷмӯъ ба пешрафти иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосии рушд дар кишвар мусоидат мекунад.

Дар ин асос масъалаҳои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҳамчунин истифодаи самараноки моликияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои як мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мутамарказ гардонида шуда, ҷиҳати ба даст овардани комёбиҳои бештар корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Дар ин замина, гузаронидани якчанд чорабинии муҳими байналмилалӣ доир ба расонидани кӯмак ба Тоҷикистон, аз ҷумла мулоқоти машваратии шарикони рушд ва форумҳои рушд дар солҳои истиқлолият ба фаъол гардидани самтҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва беҳтар шудани ҷараёни ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна мусоидат намуда, дар ин замина самтҳои идоракунии кӯмаки беруна низ хеле такмил дода шуд.

Президенти мамлакат саҳми шарикони рушдро дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва умуман рушди иқтисоди миллии кишвар муҳим арзёбӣ карда, таҳкими муносибатҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушдро пайваста таъкид менамояд.

Бо ин мақсад соли 2010 бо иқдоми Сарвари давлат Форуми рушди Тоҷикистон дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти баррасии масъалаҳои басо муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишвар доир гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони воломақоми шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур беш аз 20 кишвари ҷаҳон ва 19 созмони байналмилалии бонуфуз намояндагӣ доштанд.

Дар ҷараёни муҳокимаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд изҳороти муштарак омода гардид, ки он дар густариши ҳамкориҳои баъдӣ ва ҷалби захираҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини пешравиҳо дар рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти идоракунии давлатӣ, беҳдошти фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ва дар маҷмӯъ татбиқи минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ заминаи боэътимод хоҳад буд.

Саҳми бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чи дар таҳкими муносибатҳои ҳамшарикӣ ва чи дар густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ воқеан назаррас мебошад, зеро дар ин давра эътибори давлати Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ афзун гардид ва он ҳамчун як кишвари мустақил ва дорои арзишҳои миллӣ, иродаи сиёсӣ ва нерӯи иқтисодии рӯ ба инкишоф шинохта ва эътироф карда шуд.
Маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон аз ҷониби шарикони рушд асосан аз соли 1997 оғоз гардида, дар давоми солҳои 1997-2009 ҳаҷми умумии маблағи сармоягузорӣ мутобиқи созишномаҳои ба имзорасида 2338,63 млн. доллари ИМА, аз ҷумла воситаҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1821,54 млн. доллари ИМА ё 77,89 %-и буҷети умумии захираҳои сармоягузорӣ, воситаҳои грантӣ мутаносибан 290,67 млн. доллари ИМА ё 12,43 %, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 183,69 млн. доллари ИМА ё 7,85 % ва манбаъҳои дигар – 42,73 млн. доллари ИМА ё 1,83 % -ро ташкил кардааст.

Ҳаҷми маблағҳои сармоягузории азхудкардашуда дар ин давра 1792,33 млн. доллари ИМА ё 76,64 %-и ҳаҷми умумии маблағҳои сармоягузории дар созишномаҳо пешбинишуда, аз ҷумла маблағи кредитии азхудшуда 1458,32 млн. доллари ИМА, маблағҳои грантӣ – 214,43 млн. доллари ИМА, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 93,33 млн. доллари ИМА ва азхудкунии маблағҳои дигар – 26,26 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сиёсати сармоягузорӣ дар соли 2010 ҳаҷми маблағи маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ нисбат ба соли 2009-ум афзоиш ёфта, 2281,56 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Ин далели ба натиҷаҳои мусбат ноил шудани раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар буда, боиси рӯз аз рӯз афзудани боварии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Тоҷикистон гардидааст.

Танҳо дар давоми соли 2010-ум ҷиҳати татбиқи 27 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ созишномаҳо ба имзо расонида шуда, барои амалӣ намудани онҳо 559,70 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 334,20 млн. доллари ИМА маблағҳои қарзӣ ва 225,50 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар давраи 10 соли охир тибқи ҳисоботи оморӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,6 млрд. доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст. Дар соли 2010 ба иқтисодиёти кишвар ба маблағи 459,1 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 230,9 млн. доллари ИМА сармояи мустақим мебошад.

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷм бо ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла сохтмони НБО «Сангтӯда 1» бо ҷалби сармояи ширкати «ИНТЕР РАО ЕЭС»-и Федератсияи Россия бо иқтидори 400 МВт, барқарорсозии НБО-и «Помир — 1» бо ҷалби сармояи давлатҳои ИМА ва Швейсария, сохтмони меҳмонхонаҳои панҷситорадори «Ҳайат Реҷенси» дар шаҳри Душанбе бо ҷалби сармояи ширкати «Созидание»-и Федератсияи Россия, «Серена» бо ҷалби сармоягузории фонди «Оғохон» ба анҷом расида, барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои истихроҷи маъдан, аз ҷумла «Зарафшон-Панҷакент», «Анзоб» ва «Адрасмон» бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Халқии Хитой оғоз гардидаст.

Маълум аст, ки кӯмаки берунаи ба кишвар воридшаванда ба амалӣ гардидани Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими муносибатҳои худ бо шарикони рушд ва таъмини ҷалби кӯмаки беруна ба самтҳои афзалиятноки кишвар ба Аҳдномаи Париж ворид гардид. Бар асоси аҳдномаи мазкур тамоми шарикони рушд барои инкишофи соҳаҳои афзалиятноки кишвар танҳо дар ҳамкории мустақим бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон соли 2009 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд Стратегияи муштараки кишварии ҳамкорӣ (СМКҲ) ба имзо расонида шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштан ва беҳтар намудани сатҳи ҳамкории мутақобила ва истифодаи босамари кӯмаки беруна мебошад.

Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд. Шӯрои мазкур мунтазам ҷаласаҳо доир намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими сармоягузорӣ ва соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва доир ба ҳалли ҳар яке аз ин масъалаҳо тадбирҳо меандешад.

Хусусигардонии моликияти давлатӣ. Сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти асосии ислоҳоти иқтисодӣ — соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ аз аввалин рӯзҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардида, то имрӯз идома дорад.

Равандҳои муҳими ислоҳоти иқтисодӣ аз хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни моликият, ки мазмуни асосии марҳалаи давраи гузариш ба иқтисоди бозориро инъикос менамоянд, ибтидо мегиранд.

Дар соли 1999 шаш маротиба тендерҳои байналмилалӣ оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи корхонаҳои пахтатозакунӣ гузаронида шуда, соли 2000 таваҷҷӯҳи асосӣ барои ба итмом расонидани хусусигардонии корхонаҳои пахтатозакунӣ, ташкили музоядаҳо, хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, самаранок истифода бурдани моликияти давлатӣ равона карда шуданд.

Барои боз ҳам вусъат додани ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ 7 ноябри соли 2003 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаву калон, таҷдиди сохтори (реструктуризатсияи) субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012-ро тасдиқ намуд, ки бо қабул гардидани ин санад марҳалаи асосии хусусигардонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ба ҳолати 1 январи соли 2010 аз 459 корхонаи миёна ва калони дар Нақша тасдиқгардида 424 корхона ғайридавлатӣ гардонида шуда, бо сабаби ба фурӯш нарафтани бастаи саҳмияҳо 10 ҷамъияти саҳҳомӣ барҳам дода шуд ва корҳои вобаста ба барҳамдиҳии 5 ҷамъияти саҳҳомӣ идома доранд. Инчунин дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш ҷамъияти саҳҳомӣ аз рӯйхати Нақшаи стратегӣ хориҷ карда шуд.

Дар маҷмӯъ, аз соли 1991 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор иншооти хурд ва зиёда аз 1,3 ҳазор корхонаи миёнаву калон хусусӣ гардонида шудааст.

Рушди соҳибкорӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди соҳибкорӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориро сиёсати афзалиятноки иқтисодии кишвар эълон доштаанд.

Баргузории вохӯриҳои Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони ватанӣ, эълон доштани мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, такмил ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои бартараф намудани монеаҳои маъмурии соҳаи соҳибкорӣ аз қабили самтҳои афзалиятноке мебошанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро амалӣ менамояд ва ин ба беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Самтҳое, ки дар онҳо пешравии ҷиддӣ мушоҳида мешавад, пеш аз ҳама ҷорӣ намудани усули «Равзанаи ягона» вобаста ба низоми бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои фаъолияти сохтмонӣ, мустаҳкам намудани ҳуқуқҳои сармоягузорон бо роҳи беҳтар намудани қонунгузорӣ оид ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва содда намудани расмиёти муфлисшавӣ дохил мебошанд.

Энергетика ва саноат. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар аз самтҳои стратегии сиёсати давлат маҳсуб меёбанд. Дар роҳи татбиқи амалии ин нақша ва бо мақсади бо қувваи барқ таъмин намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии вилояти Бадахшон соли 1994 ду агрегати НБО-и «Помир-1» бо иқтидори 14 МВт ба истифода дода шуд. 4 декабри соли 2008 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати «КЕС» (Ҳиндустон) дар доираи Лоиҳаи байниминтақавии «Сохтмони интиқоли барқи байнисистемавӣ» оид ба «Сохтмони байниминтақавии хатти барқи 220 кВ Тоҷикистон-Афғонистон» шартнома ба имзо расид.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз шудаанд ва он аз НБО-и «Сангтӯда-1» шурӯъ шуда, то Пули Хумрии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мерасад, ки дарозии он 279 км-ро ташкил медиҳад. Бахши тоҷикистонии ин лоиҳа 116 км буда, бо маблағи қариб 26,0 млн. доллари ИМА аз тарафи Ширкати КЕС (Ҳиндустон) корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот анҷом дода шудаанд. Бахши афғонистонии лоиҳаро низ Ширкати КЕС (Ҳиндустон) ба ӯҳда дорад. Аз рӯи ин қарордод корҳои сохтмонии ХИБ-220 кВ соли 2011 ва ду зеристгоҳи 220/110/10кВ Бағлон ва Қундуз дар соли 2011 дар қаламрави Афғонистон низ ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2006 Ёддошти тафоҳум миёни Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон оид ба сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ ва ба роҳ мондани бозори фурӯши барқ бо иқтидори 1000 МВт ба имзо расид. Ҳоло лоиҳаи асосноккунии техникиву иқтисодии хатти интиқоли барқи «Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон» (750км) таҳия карда мешавад.

Дар тӯли солҳои 1991-2010 дар Тоҷикистон 235 адад НБО-и хурд сохта, ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумии онҳо қариб 16,0 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар доираи «Барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2010» 73 НБО-и хурд сохта ва ба истифода дода шуд.

16 ноябри соли 2004 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия Созишнома дар бораи сохтмони НБО-и «Сангтӯда-1» ба имзо расид. Сохтмони НБО-и «Сангтӯда-1» 21 апрели соли 2005 оғоз гардид. Иқтидори ин нерӯгоҳ 670 МВт буда, он аз 4 агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоми онҳо 167,5 МВт мебошад. Иншооти мазкур моҳи июли соли 2009 аз тарафи Комиссияи давлатӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев қабул карда шуд.

Хишти аввалини НБО-и «Сангтӯда-2» 20 феврали соли 2006 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Сохтмони НБО-и «Сангтӯда-2» бо иқтидори лоиҳавии 220 МВт ва истеҳсоли солонаи нерӯи барқ– 0,9 млрд.кВт.соат аз тарафи Ширкати «Сангоб» (Ҷумҳурии Исломии Эрон) бо маблағгузории Ҳукумати Эрон (180 млн. доллари ИМА), ҳиссаи Тоҷикистон (40 млн. доллари ИМА) ва Ширкати «Сангоб» (36 млн.доллари ИМА) идома дорад. Мувофиқи нақша соли 2011 нерӯгоҳ пурра мавриди истифода қарор мегирад.

Таҷдиди НБО-и «Варзоб-1» бо маблағгузории Ҳукумати Ҳиндустон соли 2010 оғоз гардид. Арзиши лоиҳавии он 17 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои «Варзоб-1-2-3» ба нақшаи стратегии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар давоми солҳои 2009-2011 дохил карда шудааст ва арзиши умумии лоиҳавии ин корҳо 35-40 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар баробари ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 2», ки то охири соли ҷорӣ бояд ба истифода супорида шавад, идомаи корҳои барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла Норак, Қайроққум, силсиланерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёҳои Варзобу Вахш ва сохтмони дигар нерӯгоҳҳои барқи обии ба нақша гирифташуда дар се соли оянда истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд.

Арзиши лоиҳаи сохтмони ХИБ «Ҷануб-Шимол» бо мақсади интиқоли барқ ба шимоли кишвар бештар аз 280,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин бештар аз 14,0 млн. доллари ИМА-маблағҳои буҷетӣ ва наздики 270,0 млн. доллари боқимондаро маблағҳои қарзи «ЭксИмБонк»-и ҶХХ ташкил медиҳад. Он моҳи октябри соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар баробари ин, аз ҳисоби қарзи «ЭксИмБонк»-и ҶХХ бештар аз 53,0 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи ШСХК «Барқи Тоҷик» наздики 11,0 млн. доллари ИМА, тибқи лоиҳаи «Сохтмони хатти иловагии интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол» корҳо дар зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ анҷом ёфтанд.
Миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ТВЕА(ҶХХ) Созишнома оид ба сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 270 МВт ва арзиши пешакӣ муайянкардашуда 405 млн. доллари ИМА дар заминаи кони ангишти «Зиддӣ» бо усули иваз бар захираҳои табиӣ ба имзо расид ва корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» дар роҳи таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ иқдоми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона буда, мақсад аз истифодаи асбобу таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, пеш аз ҳама, сарфаи энергия ва кам кардани талафоти захираҳои обиву энергетикии кишвар мебошад.

Иқтидори лоиҳавии НБО-и Роғун 3600МВт буда, аз 6 агрегат ибрат мебошад, ки ҳар кадоми он иқтидори 600МВт-ро ташкил медиҳад, баландии сарбанд 335м., ҳаҷми обанбор 13,3 км3 ва ҳаҷми фоиданокии он 10,3 км3, истеҳсоли солонаи қувваи барқ бештар аз 13,0 млрд. кВт/соат, ҳаҷми сангу хоки сарбанд -71 млн. м3 ва ҳаҷми умумии бетон аз 2,5 млн м3 иборат аст. Соли 2008 корҳои сохтмону барқарорсозии НБО-и «Рогун» аз нав оғоз гардиданд ва бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Дар зарфи 20 сол 125 корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Теъдоди коргарони ин корхонаҳо зиёда аз 5000 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар кишвар 6 корхонаи хурду калони истеҳсоли семент, 80 корхонаи истеҳсоли хишт, 46 корхонаи истеҳсоли регу шағал, 6 корхонаи коркарди санг, 6-тогӣ корхонаи истеҳсоли оҳаку гаҷ ва ғайра фаъолият доранд. Корхонаҳои соҳа танҳо соли 2010 ба маблағи бештар аз 350 млн. сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки ин назар ба соли 2009-ум тақрибан 46 млн. сомонӣ зиёд буда, беш аз 115 % афзоишро ташкил медиҳад.

Аз 143 ҳазор км2 масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34,6 ҳазор км2 онро заминҳое ташкил медиҳад, ки дар қабати онҳо нафту газ мавҷуд мебошанд. Истихроҷи гази табиӣ дар кони Хоҷа Сартез ба роҳ монда шудааст. Дар солҳои наздик Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи нафту газ ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил хоҳад гашт.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноати сабук 25 корхонаи нав таъсис дода шудааст. Ин корхонаҳо бо коркарди ашёи маҳаллӣ машғул буда, дар онҳо наздики 7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст. Дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд истеҳсолоти ресандагии ҶММ «Нику Хуҷанд» барои коркарди 2500 тонна нахи пахта дар як сол бо сармоягузории ҶСП «Хуҷанд Инвест Коттон» ва ширкати эронии «Нику Групп» 27 июни соли 2009 ба кор оғоз намуд. Моҳи марти соли 2011 дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки Президенти мамлакат даврҳои 2 ва 3–и корхона ба иқтидори пурраи истеҳсоли 7 млн. ҷӯроб дар як сол ба кор оғоз намуд. Дар ноҳияи Мастчоҳ ҶММ «Олим — Текстайл» барои коркарди 5700 тонна пахта дар як сол таъсис дода шуд, ки ифтитоҳи он дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар соли 2011 бо иштироки Президенти Тоҷикистон оғоз гардид.

Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ. Раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ масъалаи ҳаётан муҳими рушди тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар мебошад. Стратегияи таҷдиди роҳҳои автомобилгард, сохтани шоҳроҳҳо, пулҳои нав, роҳҳои оҳан, фурудгоҳҳои замонавӣ ва пайваст шудан бо тамоми ҷаҳон тавассути кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ба омили ҳалкунандаи рушди савдои дохиливу берунӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ табдил ёфт. Ин нақшаи азим дар доираи Консепсияи барқарорсозии «Роҳи Абрешим» марҳала ба марҳала татбиқ мегардад.

Дар 20 соли истиқлолият шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум, қитъаҳои Мурғоб-Кулма, Шоҳон – Зиғар ва Шкев – Зиғар бунёд гардида, шоҳроҳҳои Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, Дустӣ – Панҷи Поён навсозӣ шуданд, ҳамчунин нақбҳои Истиқлолу ва Озодӣ ва пули дорои аҳамияти байналмилалӣ аз болои дарёи Панҷ мавриди истифода қарор гирифтанд. Таҷдиду навсозии шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол – Саритош (сарҳади Қирғизистон), Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб, қитъаи Душанбе – Данғара, Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ ва сохтмони нақб дар ағбаи Шаҳристону Чормағзак дар ҳоли ба анҷом расидан мебошанд.

Бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1,6 ҳазор километр роҳҳои автомобилӣ, 18 километр нақб, 250 пул ва 4 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру тармим карда шуданд. Дар ин муддат ҳамчунин сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа– Кӯлоб ва 4 пули байнимарзӣ аз болои дарёи Панҷ низ анҷом дода шуд. Бунёд ва навсозии роҳҳои автомобилии Душанбе – Турсунзода, Кӯлоб– Қалъаихум, Айнӣ — Панҷакент аз ҷумлаи лоиҳаҳои афзалиятноке мебошанд, ки дар ояндаи наздик татбиқи онҳо дар назар аст.

Дар амал татбиқ гаштани лоиҳаҳои номбурда имкон дод, ки Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёбад, рафтуомади шаҳрвандон ва ҳамлу нақли бор ба тамоми минтақаҳои кишвар ва аз чор самт ба давлатҳои ҳамҷавор таъмин гардад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои сарфаи сӯзишворӣ, дар муддати кӯтоҳ интиқол додани молу маҳсулот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши роҳи оҳан ва ҳавопаймоии мулкӣ ба нақша гирифта шуд. Бунёди роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, роҳи мошингарди Ваҳдат – Қарамиқ, Ҷалолиддини Румӣ – Панҷи Поён, терминали замонавӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, таҷдиди фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ идома дорад.

Бо роҳи оҳан ба ҳам пайвастани тамоми минтақаҳои кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи нақлиёт мебошад. Барои афзудани нерӯи транзитӣ ва баромадан ба бандарҳои баҳрии Покистон ва Эрон дар ояндаи наздик пайвастани кишвари мо ба роҳҳои оҳани кишварҳои ҳамсоя зарурати рӯз аст. Дар ин росто ҳусни тафоҳуми давлатҳои ҳамсоя – Хитой, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон ва Туркманистон ба даст оварда шуда, лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳани трансосиёии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон- Афғонистон-Эрон таҳия ва ба барномаҳои давлатӣ ворид карда шудаанд.

Дар соҳаи ҳавопаймоӣ ба мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва роҳ ёфтани ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба бозори байналмилалӣ ислоҳоти сохтории ин соҳа гузаронда шуд. Ин иқдом имкон дод, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ заминаи устувори инкишоф ба вуҷуд оварда шавад.

Парки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» батадриҷ нав мешавад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 шаҳри 9 кишвари хориҷии дуру наздик парвоз анҷом медиҳанд ва самти парвозҳояшонро торафт васеъ менамоянд. Ширкатҳои кишвар имрӯз имкон доранд, ки дар 73 хатсайр, аз ҷумла дар 8 хатсайри маҳаллӣ парвозҳоро ба роҳ монанд. Ҳоло ҳар ҳафта 116 парвоз, аз ҷумла 61 парвози маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Ҳамчунин 19 ширкати хориҷӣ аз 22 шаҳр ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо ҳар ҳафта 55 парвоз доранд. Соли 2010 ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор мусофир ва дар ҳудуди 3 ҳазор тонна бор кашониданд.

Тараққии соҳаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар асоси барномаҳо ва стратегияҳои қабулшудаи дахлдор амалӣ мегарданд. Дар ин доира ба нақша гирифта шудааст, ки дар тамоми маҳалҳои маскунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мавқеияти ҷуғрофӣ, намудҳои асосӣ ва муҳими хизматрасонии телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла хизматрасонии телефонии маҳаллӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ ва дастрасӣ ба шабакаи интернет фароҳам оварда шавад.

Бо ин мақсад аз ҷониби оператори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» Стратегияи рушд ва тараққии зерсохтор ва шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра татбиқ шуда истодааст.

Аз соли 2002 ба ин сӯ ҳамаи истгоҳҳои алоқаи телефонии мансуби шабакаи ҶСК «Тоҷиктелеком» пурра бо технологияҳои муосири рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Бо рақамӣ кардани истгоҳҳои телефонӣ зарурати таҷдиди шабакаҳои дастрасии муштариён ба миён омад, ки ин масъала низ амалӣ карда шуд.

Аз соли 2005 ҶСК “Тоҷиктелеком” дар амал татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони марҳалавии шабакаи шоҳроҳии хатҳои алоқаи нуриву нахӣ (ВОЛС)-ро бо дарназардошти имкониятҳои баромад ба кишварҳои ҳамсарҳад оғоз намуд. Дар доираи лоиҳа иваз намудани шабакаи кӯҳна ва фарсудаи асосии байнишаҳрӣ, ки тавассути кабелҳои мисиву симӣ фаъолият менамояд, бо шабакаи хатҳои алоқаи нуриву нахӣ дар назар гирифта шудааст.
Зимни иҷрои лоиҳа дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконияти аз тариқи кабели нурию нахӣ пайваст шудан бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин фароҳам омад, ки ин боиси эҷоди роҳҳои алтернативӣ барои баромадан ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ гардидааст.

Ҳангоми сохтмони хатҳои нурии алоқа имконоти пайвастани кишвар бо тамоми кишварҳои ҳаммарз (аз шимолу ғарб бо ӯзбекистон, аз ҷануб бо Афғонистон, аз шимолу шарқ бо Қирғизистон ва аз шарқ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин) пешбинӣ шудааст.

Моҳи майи соли 2009 хатти алоқаи нуриву нахии Исфара (Тоҷикистон)-Боткен (Қирғизистон) ба масофаи 25 км дар сатҳи STM — 1 сохта шуда, ҳоло мавриди санҷиши техникӣ қарор дорад.

Бо сохта шудани шабакаи баландсуръати нуриву нахӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон имконияти пайвастани шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Исломии Афғонистон фароҳам омад.

Дар давоми 20 соли истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуръати телекоммуникатсия ба мушоҳида мерасад. Бо татбиқи технологияҳои нав шабакаҳои алоқа васеъ гардид, ки ин дар навбати худ ба дарёфти шаклҳо ва усулҳои нави танзимкунандаи фаъолияти тамоми соҳаи алоқа мусоидат намуд.

Соли 1996 аввалин муассисаи муштараки тоҷикӣ-амрикоӣ — Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «ТоҷикТел» таъсис дода шуд, ки он бо стандарти АМРS хизматрасонии алоқаи кандуиро пешниҳод мекард. Дар давоми 15 сол алоқаи кандуии Тоҷикистон аз стандарти АМРS оғоз намуда, баъдан то ба стандартҳои мухталифи алоқаи кандуӣ GSM, CDMA 20001Х, CDMA450, 3G-UMTS расидааст.

Соли 1998 дар вилояти Суғд оператори алоқаи кандуӣ «Индиго Сомонком» бо стандарти GSM ва аз октябри соли 2001 то сентябри соли 2002 боз 3 оператори алоқаи кандуӣ — «Индиго Тоҷикистон», «ТТ Мобайл» ва «Вавилон Мобайл» пешниҳоди хизматрасониро бо стандарти GSM оғоз намуданд, ки ин ин иқдом боиси паст шудани нархи ин навъи хизматрасонӣ гардид. Соли 2004 оператори «ТК Мобайл» пешниҳоди хизматрасониро бо стандарти муосири CDMA 20001Х оғоз намуд.

Ҳоло барои пешниҳод намудани алоқаи кандуӣ аз рӯи ҳар як стандарт ба 8 оператор 15 иҷозатнома дода шудаст. Миқдори муштариёни фаъоли алоқаи кандуӣ дар ин давра 3 млн. 800 ҳазор нафарро ташкил дод ва афзоиш идома дорад.

Дар Тоҷикистон Интернети беноқили WIMAX пайдо шуда, шабакаи ғайримутаҳаррики алоқа тариқи NGN — технология васеъ мешавад ва дар сохтори дохилии алоқа системаҳои беноқил инкишоф меёбанд.

Сохтмон ва меъморӣ. Барои рушд додани соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар кишвар аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, аз ташкили Нақшаҳои мукаммали генералӣ вобаста аст. Дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо, ки эътибори Нақшаи генералии онҳо ҳанӯз солҳои то истиқлолият гузаштаст, заруран таҳияи лоиҳаҳои нав ба вуҷуд омадааст. Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумат марҳала ба марҳала нақшаҳои генералӣ аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд гардидани бинову иншооти хуштарҳу муосир ва кӯчаву хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар муддати начандон тӯлонӣ симои пойтахт дигаргун гардида, дар ояндаи наздиктарин шукӯҳи тоза хоҳад гирифт. Сабки омехтаи меъмории аврупоӣ ва шарқӣ, ки дар сохтмони иншооту биноҳо истифода мешавад, шаҳри Душанберо ба пойтахти муосиру камназир мубаддал мегардонад.

Бунёд гардидани бинову иншооти маъмурӣ, фарҳангӣ, маишиву хизматрасонӣ, варзишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон дар шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд, Турсунзодаву Данғара, Хоруғу Роштқалъа ва Панҷакенту Ванҷ, боғу гулгаштҳои хуштарҳи зебо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Данғара, қомат афрохтани биноҳои истиқоматии баландошёна бо санъати муосири меъморӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо гувоҳи он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз ба рӯз ободон гардида, шароити кору зиндагии мардум беҳтар мешавад.

Солҳои тӯлонист, ки мардуми эҳтиёҷманди кишвар дар навбати гирифтани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои шахсӣ интизорӣ мекашиданд. Хушбахтона, бо иқдоми Сарвари давлат танҳо дар давоми ду соли охир дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ба мардуми эҳтиёҷманд қитъаҳои замин дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор гектар барои 127 ҳазор хонавода бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд ва ин иқдоми наҷиб то ҳанӯз идома дорад.
Таъмини амнияти озуқаворӣ. Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.

Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 қайд намуда буд, ки «Бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад».
Дар давраи истиқлолият ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст.

Натиҷаи чорабиниҳо ва дастгириҳои молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидояту супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2009, бо вуҷуди душвориҳо, истеҳсоли ғалла бори аввал ба 1,5 млн. тонна расонида шуд. Дар баробари ин истеҳсоли маҳсулоти дигари кишоварзӣ низ хеле афзуд, аз ҷумла сабзавот – беш аз 1 млн. тонна, полезиҳо –беш аз 400 ҳазор , картошка – наздики 700 ҳазор, ангур -140 ҳазор тонна, гӯшт – қариб 135 ҳазор тонна, шир -630 ҳазор тонна ва тухм -188 млн. дона расид.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои охир афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, соли 2010 нисбат ба соли 1997-ум 2,8 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти ғалладона 2,3 баробар, картошка 6, сабзавот 3,3 баробар ва мева 2 баробар афзудааст.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо афзоиши содироти зироат пайвастагӣ дорад. Ҳаҷми умумии содироти сабзавоту меваҷот дар соли 2010 наздики 250 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки 4790 тоннаи он консерва буда, нисбат ба соли гузашта 30 % афзоиш ёфтааст. Маҳсулот ба Россия, Украина, Қазоқистон, ӯзбекистон, Хитой, ҷумҳуриҳои исломии Эрону Покистон, Афғонистон ва чандин кишварҳои дигари ҷаҳон ба фурӯш бароварда шудааст.

Гузаштан ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ оғоз гардида, тибқи барномаи давлатӣ ба ҷои колхозу совхозҳо ҳоло беш аз 40 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ҷамъиятӣ, давлатӣ ва ёрирасон таъсис дода шудааст.

Ду фармони таърихии Президент «Дар бораи ҷудо гардидани 50 ҳазор га замин барои ташкили хоҷагиҳои кишоварзии инфиродӣ» аз 9 сентябри соли 1995 ва фармони дигар аз 1 декабри соли 1997 оид ба ҷудо кардани замин барои шаҳрвандон, ки ба таври илова 25 ҳазор га заминро дар бар мегирифт, барои дигаргун шудани сохтори кишоварзӣ заминаи боэтимод гузоштанд. Ин ҳуҷҷатҳо дар ҳалли мушкилиҳои давраи гузариш нақши муҳим бозиданд. Бо амалӣ сохтани ин иқдомот муяссар гардид, ки қисми зиёди аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба кори муфид ҷалб гардад ва бо ин васила сатҳи бекорӣ дар кишвар коҳиш пайдо кунад. Ҳамзамон таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аввалия, махсусан бо орд беҳтар гардид.

Дар давоми солҳои истиқлолият барои 141 ҳазор оила беш аз 8,4 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ қариб 120 ҳазор гектар замин барои 900 ҳазор оила ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, дар ду соли охир барои ин мақсад 20 ҳазор гектар барои 127 ҳазор оила, ки аксарияти онҳо оилаҳои ҷавон мебошанд, замин ҷудо карда шудааст ва ҳоло тақсимоти он идома дорад.

Бо соҳибистиқлол гардидани кишвар ва ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ зерсохтори иқтисодиву иҷтимоии аҳолии деҳот, ки дар ҳолати харобшавӣ қарор дошт, беҳбудӣ пайдо кард. Ҳамин тариқ, пастравии истеҳсолоти агросаноатӣ дар соли 1996 боздошта шуда, аз соли 1997 тамоюли рушди соҳаи кишварзӣ оғоз гардид. Афзоиши қиёсии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 соли охир дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 20 то 25 %-ро ташкил кард.

Дар соҳаи аграрӣ пахтакорӣ, ғаллакорӣ, картош¬капарварӣ, сабзавотпарварӣ, маҳсулоти полезӣ, боғу токпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ аз самтҳои асосӣ маҳсуб мешаванд. Ҳоло соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ бо суръати баланд рушд меёбад. Соли 2010 татбиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ оғоз гардид. Дар маҷмӯъ имрӯзҳо дар соҳаи човодорӣ ҳафт барномаи давлатӣ амалӣ мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои пешин бо содироти меваи хушк, ангур ва мевагиҳои тару тоза машҳур буд. Дар солҳои охир зироатҳои офтобпараст, донадор ва мевагиҳои субтропикӣ, ки ҳамчун маҳсулоти парҳезӣ ва доруворӣ истифода мешаванд, рушд меёбанд. Ба ин шароити иқлими минтақа мусоидат намуда, ин меваҷот аз меваҳои кишварҳои дигар бо сифати баланд фарқ мекунанд.

Соли 2010 ҳаҷми содироти меваи тару тоза ва хушк ба 262 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Имкониятҳои кишвар дар зиёд намудани содироти ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз хеле фаровон мебошанд.

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ лозим аст, ки соҳаи чорводорӣ рушд дода шавад. Ба 1 январи соли 2010 саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 2 млн. сар, чорвои майда ба 4,2 млн. сар, ҳамаи намуди паррандаҳо қариб 4 млн. ва асп 80 ҳазор сарро ташкил намуд. Навъи зотҳои хос ва беназири гӯсфанди Тоҷикистон ба рӯйхати генофонди гӯсфандпарварии ҷаҳон дохил карда шуда, онҳо ҳамзамон барои беҳтар гардонидани сифати зотҳои маҳаллӣ истифода мешаванд. Масалан, гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар бозори ҷаҳонӣ навъи аз ҳама фарбеҳ ва зудафзоишёбанда дар минтақаҳои Тоҷикистон шинохта шудааст.

Бинобар мусоид будани иқлими Помир кишвари мо ба қатори давлатҳои қӯтоспарвари ҷаҳон дохил гардидааст. Тоҷикистон метавонад минбаъд аз ҳисоби содироти қӯтос ва гӯшти он соҳиби манбаи даромади иловагӣ гардад.

Соҳаи парандапарварӣ дар давоми се соли охир, пас аз қабули барномаи дахлдори давлатӣ аз нав барқарор мешавад. То имрӯз 23 корхонаи паррандапарварӣ аз нав бунёд ё барқарор карда шуда, онҳо қариб ба пуррагӣ мардуми кишварро бо маҳсулоти соҳа таъмин менамоянд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 қабул гардидааст, ки он яке аз самтҳои ояндадори соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешавад.

Рушди бемайлони соҳаи кишоварзиро бе истифодаи дастовардҳои илми муосир наметавон тасаввур кард. Аз ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муассисаҳои илмиву-таҳқиқотӣ ҳамеша таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. Дар соҳаи агросаноатӣ бо таҳқиқоти илмӣ Академияи илмҳои кишоварзӣ машғул мебошад, ки ба ҳайати он 6 институти илмиву таҳқиқотӣ шомил буда, дар онҳо 29 доктори илм ва 118 номзади илм фаъолият доранд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 42 доктори илм ва 147 номзади илм фаъолият доранд.

Олимон асосан оид ба омӯзишу таҳқиқи масоили селексияи чорвову паранда, тухмиҳои серҳосил ва ба иқлими мухталиф тобовар, усулу технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат аз баландкӯҳҳои Помир то заминҳои водӣ машғул мебошанд.

Тоҷикистон ҳамчун сарзамини кӯҳистон, дорои захираҳои бузурги об мебошад. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти маҳдуд будани дигар намуди захираҳои минералӣ, аз ҷумла газ ва нафт, захираҳои об аз захираҳои стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, истифодаи ҳадафманд ва босамари онҳо барои рушди кишвар аз вазифаҳои асосии пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатӣ дониста мешавад.

Масъалаи истифодаи захираҳои об аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, вобаста ба ин кишвари мо бо манзури якчанд пешниҳодҳои ҷолибу пурарзиш дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун пешоҳанги равандҳои глобалии марбут ба об шинохта шудааст. Бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гаштани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, даҳаи 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об шаҳодати муваффақиятҳои сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад.

Ҷиҳати татбиқи амалӣ ва таҳкиму рушди ин ташаббусҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо СММ дар шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2003 Форуми байналмилалии оби тоза, соли 2005 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ, соли 2008 Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об ва соли 2010 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” доир гардиданд, ки дар кори онҳо роҳбарият ва ҳайатҳои баландмақоми кишварҳои узви СММ ва намояндагони даҳҳо созмонҳои байналмилаливу ташкилотҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.

Маводҳои видеоӣ

Ҷой барои реклама