ДАР ҚАЗОҚИСТОН ОСОРИ РӮДАКӢ БА НАШР РАСИД
Китоби мазкур аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввал ашъори устод Рӯдакӣ иборат аз қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ ва байту пораҳои алоҳида аз маснавиҳои шоир, ки то ба замони мо расидаанд, гирд оварда шудааст. Инчунин, дар ин қисмати китоб но-шир ва мураттиби асар Аҳмад Дуйсенбоев баргузидаи ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, баху-сус Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Хусравонӣ, Ҳаким Ҳаббози Нишопурӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва Дақиқиро ҷой додааст. Дар бахши дуюми китоб пажӯҳиши донишмандони маъруф Абдулғанӣ Мирзоев ва Иосиф Брагинский дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷой дода шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки осори Рӯдакӣ бори дуюм аст дар Қазоқистон ба чоп мера-сад. Соли гузашта бо кӯшиши адиб ва донишманди тоҷик Қодири Рустам дар Алмаато девони Рӯдакӣ ба забони тоҷикӣ нашр гардида буд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






