ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ М
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе ва наху-стнамоиши барномаи рангини он дар толори калони Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат баргузор гашт. Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳи калони аҳли фарҳанги пойтахти Федератсияи Россия зери сарварии Мири шаҳри Москва Юрий Лужков ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Дар нахустнамоиши барномаи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душан-бе ҳунармандони дорои шӯҳрати ҷаҳонӣ аз театри академӣ-мусиқии ба номи К.С.Станиславский ва В.И.Немирович-Данченко, театри Калони Москва, театри миниатюраи Москва, ансамбли «Русская душа», ситораҳои эстрада ва сарояндагони сурудҳои мардумӣ табъи ҳаводорони ҳунари волои мардуми русро болида намуданд. Хотиррасон мекунем, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе рузҳои 23 ва 24 июн идома хоҳанд ёфт. Дар доираи барномаи он пагоҳ соати 18:00 дар Боғи фароғатии «Дӯстии халқҳо» концерти калони ҳунармандони шаҳри Москва, соати 19:00 -и рӯзи 25 июн дар Амфитетри пойтахт консерти ҳунарпешаи хизматнишондодаи Россия Анита Тсой ва дигар чорабиниҳои пурарзиши фарҳангӣ сурат гирифта, дар таҳкими дӯстию рафоқати мардумони Тоҷикистону Россия нақши намоёни худро хоҳанд гузошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






