ПЕШГӮИҲОИ БОТИЛИ ВАТАНХОҲИ ДУРУҒИН
Мо медонем, ки Д.Атовуллоев симоҳои гуногун дорад, вале вай вақтҳои охир дар қиёфаи роҳбари созмони дар Тоҷикистон эътирофнашудаи ҷамъиятии «Ватандор» амал карданро авлотар медонад. Ҷаноби Атовуллоев дар бораи таъсиси ҷунбиши мазкур аввали соли 2007 хабар до-да буд. Ӯро дар ин ҷода баъзе рӯзномаю ҳафтаномаҳои хабаркашу иғвоангез дастгирӣ намуданд, ки дар қаламрави Федератсияи Русия чоп мешаванд. Д.Атовуллоев ҳамон вақт изҳор карда буд, ки Шӯрои ҷунбиш дар ҳайати 47 нафар ва Раёсати он дар ҳайати 11 на-фар ташкил ёфтаанд.Ҳамчунин дар бораи нақшаҳои иғвогаронаи таъсиси комиссияи оштӣ хабар дода шуда буд, ки ба он роҳбарони минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на-мояндагони ҳизбҳои сиёсӣ шомил гардида буданд. Журналисти иғвогар ба хонандагон дар бораи гузаронидани интихоботи комилан демократӣ дар мамлакат хабар дода, изҳор карда буд, ки ӯ барои пешбарӣ ба мансаби президент панҷ нафар номзад дорад . Ва ниҳоят Д.Атовуллоев худро пайғамбари охирзамон шуморида, дар бораи гузаронида-ни инқилоби ранга дар Тоҷикистон хабар дода буд. Вай розӣ шуда буд, ки инқилоби мазкур, инқилоби лоларанг номида шавад. Мӯҳлати гузаронидани инқилоби мазкур баҳори соли 2007 муқаррар карда шуд. Вале хайёлҳои хоми ҷаноби Атовуллоев амалӣ на-гардиданд, зеро дар мамлакати мо заминаи гузаронидани чунин инқилобҳо вуҷуд надо-рад. Ҷаноби Атовуллоев баъди дар майдони сиёсат ба нокомӣ дучор гардиданаш ме-боист осуда мегашт. Вале сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чароғи рӯз», ки берун аз қаламрави Тоҷикистон чоп мешавад, мисли пештара мехоҳад, вазъиятро бо ҳар роҳу во-сита ноором ва муташанниҷ созад. Ӯ аз хабари ташкили гирдиҳамоӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ дар назди бинои мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ огоҳ шуда, пару бол баровард ва эълон намуд, ки пешгӯиҳои «пайғамбаронаи» ӯ ҷомаи амал мепӯшанд. Ҷаноби Атовуллоев, пешгӯиҳои хайёлпарастонаи шумо ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд гашт! Зеро дар давраи ислоҳоти демократӣ дар ҳар мамлакат ташкили намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо имконпазир мебошад. Ҷои тааҷчуб нест, ки сокинони шаҳри Хоруғ дар майдони марказии шаҳр ҷамъ омада, эродҳои худро баён доштанд ва далелҳои маъму-рияти маҳаллиро шунида бо хотири ҷамъ пароканда гардиданд. Оё ин инқилоб аст?Ба ҳамагон маълум аст, ки аз пашша фил сохтан кори одамони оқил набуда, ягон натиҷа намедиҳад. Агар Шумо дар он ҷо, дур аз Ватан аз овозаҳо истифода накарда балки аз итти-лооти эътимодбахш огоҳ мешудед, ба чунин вазъияти ногувор намеафтодед. Маълумоти расмии омор шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти мамлакат ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ВМКБ то кадом андоза таваҷчӯҳ зоҳир намуда ва ғамхорӣ мекунад. Дар буҷети соли 2008 бо ин мақсад ҷудо намудани 143,9 миллион сомонӣ пешбинӣ карда мешавад. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки имрӯз се сомонию 40 дирам ба як доллари ИМА баробар аст. Баъдан, дар давоми 6 соли охир барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ВМКБ 14 барнома ба маблағи умумии 124 миллион доллар амалӣ карда шуд. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар ин барномаҳо 15,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар давоми ин солҳо дар қисмати тоҷикистонии Бадахшон нерӯгоҳи барқи обии «Помир — 1 » ва 32 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта ба истифода дода шуданд, обанбори Яшилкӯл тармим карда, қабули барномаҳои се шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Ин ҷо ҳоҷати зикр намудани корҳои дигар нест. Зеро номгӯи онҳо дар як саҳифа ҷой намегирад. Бояд гуфт, ки дар мамлакати мо ҳанӯз проблемаҳои ҳалталаб зиёданд ва Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи онҳо дар машварату маҷлисҳо ва иҷлосияҳо мунтазам сухан ронда , диққати ватанпарастонро ба ҳалли онҳо ҷалб месозад. Оё чунин проблемаҳо дар мамлакатҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Қирғизистон ё Ӯзбекистон вуҷуд надоранд? Ҳар чизи нав дар ҳаёти ҷомеа бо душворӣ роҳ меёбад. Ҷараёни ислоҳоти самарабахши иқтисодиёти Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба муҳаббат ба ватан, ба эҳсосоти ватанпарастонаи шаҳрвандони мамлакат вобаста мебо-шад. Вале мову Шумо ҷаноби Атовуллоев вазифаи фарзандии худро дар назди Модар — Ватан ба тарзи худ дарк менамоем. Шумо ба ҳар кори хуби тӯли солҳои истиқлолият ва озодӣ иҷрошуда аз нуқтаи назари бадном кардани онҳо менигаред. Мо истилоҳи ватандӯстиро ҳамчун кӯшиши афзун гардонидани комёбиҳои хоксоронаи худ ва ба манфиати фарзандонамон ривоҷ додани онҳо мефаҳмем. Шумо, ҷаноби Атовуллоев, дар давоми солҳои тӯлонии муҳоҷират ба ақидаи мо эҳсосоти шарму ҳаёро барои суханҳои бардурӯғатон гум кардаед. Одаме , ки худро аз асолати қавмӣ ва миллии худ ҷудо кардааст, худро ватанпарасти Тоҷикистон номида на-метавонад. Мо шуморо ваколатдор накардаем, ки аз номи халқи тоҷик сухан гӯед. Инро фаромӯш накунед. Ин суханони ва вақте, ки бори дигар аз рӯи одат мамлакати моро бадном карданӣ мешавед, ба хотир оред. Тоҷикистон бе шумо барин радди маъракашудагон вуҷуд дошта метавонад, вале оё шумо бе Тоҷикистон зиндагӣ карда метавонед? Дар хусуси ҳамин масъала чуқур андеша кунед! Ҳ.Маҳмудов, У.Иброҳимов, К.Ҳасанова, Б.Муборкшоев,Д.Лавлатбеков,Г.Саидова ва дигарон . Ҷамъ 23 имзо.