МУЛОҚОТИ М. УБАЙДУЛЛОЕВ БО М. ЕНЧА
Мавсуф зикр сохт, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша нақши СММ-ро дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ муассир медонад. Маркази минтақавии СММ оид ба Дипломатияи пешгирикунанда, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2007 дар шаҳри Ашқобод иштирок дошт, ба ҳайси як институти нави СММ фоли неку ҷавобгӯи талаботи вақт дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Зеро дар ҳама давру замон, пеш аз ҳама дар ҷаҳони муосир, пешгирии низову ихтилофот афзалияти бештар дорад, назар ба рафъи оқибатҳои сангини он, ки мутаассифона чунин ҳолатҳо дар низоми фарҳанги ҳамзистии башарият имрӯз ҳам ҷой дорад. Инчунин таъкид сохт, ки таҷриба ва рушди муосири ҷомеаи ҷахонӣ собит кардааст, ки кишварҳои олам новобаста аз сатҳи тараққиёт ва мақоми ишғолкардаашон дар низо-ми ҷаҳонишавӣ метавонанд дар чаҳорчӯбаи фазои ҳуқуқӣ бо риояву эҳтироми соҳибистиқлолии ҳамдигар танҳо аз рӯи принсипҳои ҳамдастиву ҳамрайъӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд карда бошанд, афзуд М. Убайдуллоев. Хуб мебуд, ки Маркази маз-кур дар ҳамдастӣ бо кулли институтҳои минтақавии СММ бо таҳлилу пажӯҳиши дипло-матияи пешгирикунанда баҳри суботу оромӣ потенсиали худро дар коҳиши вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафарбар намояд. Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки саҳми парлумонҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ дар тавлиди фазои солими муносбатҳои ҳуқуқии байни кишварҳои минтақа хело назаррас буда, ҳамкориҳои мақсаднок дар доираи Ассамблеяи байнипар-лумонии ЕврАзэс, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ нек ҷараён доранд. Мирослав Енча зикр сохт, ки андешаҳои иброзгашта дар тарҳрезии нақшаҳои Марказ оид ба иҷрои вазифаҳои таъинотӣ пурсамар истифода мегарданд ва робитаҳои минбаъда низ нек густурда хоҳанд шуд.