САФОРАТХОНАИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ МИЗОҶОНРО ҚАБУЛ НАМЕКУНАД
Зеро кормандони сафоратхона имрӯз Иди истиқлолияти мамлакаташонро ҷашн мегиранд. Ба муносибати Иди истиқлолияти ИМА дар сафоратхона зиёфати хоса ороста мешавад. Дар он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байналхалқию ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои гайриҳукуматӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат меварзанд. Ба муносибати ид пагоҳ низ дар сафоратхона рӯзи истироҳат эълон карда шудааст. Иди истиқлолият дар тамоми иёлоти Амрико низ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Пагоҳ ба ташкили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 232 сол пур мешавад.