САРВАРИ ДАВЛАТ МИРОСЛАВ ЕНЧАРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
Роҳбари марказ, ки дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид нахустин муассисаи минтақавии он оид ба дипломатияи пешгирикунанда аст, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳадафу вазифаҳои ин сохтори навтаъсис ахборот дода, изҳори умед намуд, ки марказ бо мусоидат ва дастгирии роҳбарияти давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба бартараф намудани мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дастёб шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон устуворию пайвастагии мавқеъи Тоҷикистонро дар таҳкиму густариши ҳамгироии минтақавӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки кишвари мо баҳри ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳадафмандона кӯшиш мекунад. Ҳаллу фасли масоили истифодабарии босамари захираҳои обӣ, тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи кишварҳои минтақа аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои судманди ба манфиати кулли мардумони минтақа равонагашта ҳамкории мустаҳкам ба роҳ мемонанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






