А. ҒУЛОМОВ: «ҲАМКОРИИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ СҲШ ГУСТ

Август 26, 2008 15:46

            Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари  Абӯбакр). —  26  август  дар  Душанбе  маҷлиси раёсати  Шӯрои тиҷоратии  Созмони ҳамкории  Шанхай  баргузор  гардид. Дар  он муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов, Муншии  умумии СҲШ Булат Нургалиев, роҳбарони  ҳайатҳои  миллии   Чин,  Русия,  Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва  Ӯзбекистон  ширкат варзиданд.         Асадулло Ғуломов иштирокчиёни маҷлисро аз номи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба диёри Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки тайи солҳои охир ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, бахусус давлатҳои аъзои СҲШ вусъат ёфтааст. «Бо боварии комил гуфтан мункин аст, ки баъди мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе ин ҳамкорӣ боз ҳам бештар вусъат ёфта, гардиши мол ва татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ байни ин давлатҳо меафзояд», идома дод А. Ғуломов.          Муншии  умумии СҲШ Булат Нургалиев иброз дошт, ки тибқи  низомномаи  Шӯрои  тиҷоратии  СҲШ ҳадафи асосии   фаъолияти он  мусоидат   ба  вусъати  ҳамкории  иқтисодӣ,  ба роҳ  мондани равобити  мустақим, муносибатҳои   тиҷоратию  молиявӣ  ва  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодии  мамлакатҳои аъзо  мебошад.  Ҷумҳурии  Тоҷикистон сол то сол ҳамкориро бо  мамлакатҳои  аъзои созмон гестариш медиҳад. Аз  ҷумла,  чанде  пеш  дар   Душанбе  намоишгоҳи  миллии  Чин  ва  намоишгоҳи  маҳсулоти  корхонаҳои  вилояти Мозандарони Эрон ташкил карда шуданд. Илова бар ин,  дар  натиҷаи  ҳамкорӣ  қисми  зиёди  сармоя  ба  Тоҷикистон  аз  Русия, Чин ва Эрон   ворид мегардад.          Дар маҷлис масъалаҳои дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии кишварҳои узви СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Август 26, 2008 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд