БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИ БА НОМИ РӮДАКӢ 25 АВГУСТ КУШОДА МЕШАВАД
Идораҳои муттасаддии шаҳру ноҳияҳо имрӯзҳо дар ин корхонаю муассисаҳо корҳои охирини тайёриро ба анҷом мерасонанд. Меҳмонхонаҳо ва биноҳои дигар, ки дар онҳо мулоқоту тадбирҳои идона баргузор мегарданд, ба қабули меҳмонон тайёранд. Имсол ҳамаи меҳмонон дар меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон» ва «Ҳаёт Реҷенси» ҷой дода мешаванд, ки дар соҳили Кӯли ҷавонон қомат афтохтааст. Кохи Борбад низ ба гузаронидани ҷамъомадҳои идона пурра тайёр карда шуд. Инчунин ҳамаи кӯчаҳои марказӣ ва ташрифотӣ ба тартиб оварда шуданд. Бояд гуфт, ки симои боғи марказии фарҳангу фароғати шаҳр пурра тағйир дода шуд. Дар он фаввораҳои дорои сабти мусиқӣ ва гулгаштҳои нав бунёд карда шуданд. Ҳудуди боғ 12 гектар мебошад. Маросими расмии кушодашавии он 25 август баргузор мегардад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






