БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМПӢ ДАР ПЕКИН БА ОХИР МЕРАСАНД
Ба ин муносибат 24 август дар ин ҷо маросими бошукӯҳ баргузор мегардад. Дар он дастаи мунтахаби миллии олимпии Тоҷикистон низ иштирок хоҳад кард, ки аз ҷиҳати миқдори медалҳо дар байни 205 дастаи миллии олимпӣ ҷойи 60 – умро ишғол намуд. Тавре хабар дода шуда буд, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ соҳиби ду медал гардиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки тамоми ҷузъиёти маросими бошукӯҳи анҷоми Бозиҳои олимпӣ дар Пекин комилан махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Алҳол касе гуфта наметавонад, ки Пекин бо Олимпиада чӣ гуна хайрбод хоҳад кард. Вале ҳаминаш маълум аст, ки ин ба воқеаи фаромӯшношуданӣ табдил хоҳад ёфт.








Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






