МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо хунук шудани ҳаво сокинони деҳот ва минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои гарм кардани хонаҳояшон аз ангишт истифода мебаранд. Барои аксар сокинони мамлакат ангишт яке аз воситаҳои дастрас ва маъмул барои гармидиҳӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ангишт метавонад дар фасли сармо дар хонаҳои сокинон гармиро хуб таъмин кунад, вале истифодаи нодуруст ва беэҳтиётонаи он оқибатҳои хеле хатарнок дар пай дорад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии хона аввал бояд бухории мувофиқ интихоб намуд. Инчунин талаботи ҳавокашии қубури дудбаро бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, шабона ворид гаштани ҳавои тоза таъмин гардад. Мутаассифона, баъзе одамон ба қоидаҳои дуруст истифода бурдани ангишт эътибор намедиҳанд.
Тарзи дурусти истифодаи ангишт барои гарм кардани хона
Тибқи тавсияи мутахассисон, пеш аз истифода бурдани ангишт барои гармкунии манзил шаҳрвандон бояд якчанд талаботи муҳимро ба назар гиранд. Зеро на ҳар бухорӣ барои истифодаи ангишт мувофиқ аст. Бисёре аз бухориҳое, ки дар деҳот истифода карда мешаванд, барои сӯзишвории дигар (масалан, ҳезум) сохта шудаанд ва дар мавриди сӯзонидани ангишт хатари ихроҷи газ ва дуд ба хона зиёд мешавад. Насби бухорӣ бояд аз ҷониби мутахассиси соҳа анҷом дода шавад, то амният таъмин гардад.
Агар дар дохили бухорӣ ангишти носӯхта боқӣ монад, беҳтар аст он комилан хомӯш карда шавад. Зеро оташ метавонад шабона ба таври оҳиста бисӯзад ва гази карбон хориҷ кунад. Дар бисёр ҳолатҳо заҳролудшавӣ маҳз шабона рух медиҳад. Аз харидорӣ намудани ангишти пастсифат, ки миқдори зиёди моддаҳои ифлоскунанда дорад, худдорӣ кунед. Зеро он миқдори зиёди газҳо ва заррачаҳои хатарнокро ба ҳаво хориҷ мекунад.
Дудбаро бояд пайваста тоза карда шавад. Агар кашиши дудбаро суст бошад, дуди бухорӣ ба дохили хона ворид шуда, боиси ихроҷи гази заҳрнок мегардад. Ҳамчунин бояд мунтазам ба хона, махсусан шабона ҳавои тоза ворид шавад. Ин роҳи самараноки коҳиши эҳтимолии заҳролудшавӣ мебошад.
Зарари дуди ангишт ба саломатии инсон
Ба иттилои мутахассисони соҳа, аксар ҳолатҳои заҳролудшавии мардум дар фасли сармо маҳз тавассути газҳои хатарноке ба вуҷуд меоянд, ки ҳангоми сӯхтани ангишт ба ҳаво хориҷ карда мешаванд. Аз ҷумла, монооксиди карбон (CO) — гази беранг ва бебӯй, вале хеле заҳрнок яке аз манбаъҳои асосии заҳролудшавии шадиди нафасӣ мебошад. Он ба гемоглобини хун мепайвандад ва интиқоли оксигенро қатъ мекунад. Диоксиди сулфур (SO₂) ва оксидҳои нитроген (NOₓ) боиси илтиҳоби роҳҳои нафас ва сулфаи музмин мешаванд. Заррачаҳои майда (PM2.5) ба шуш ворид шуда, ба гардиши хун гузашта, саломатии дилу раг ва мағзро халалдор месозанд. Моддаҳои саратонзо (PAH) низ сабабгори саратонҳои роҳҳои нафас ва узвҳои дохилӣ мегарданд.
Дуди ангишт барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Он на танҳо ҳаворо ифлос мекунад, балки метавонад сабаби марг низ гардад. Рӯй овардан ба усулҳои бехатари гармидиҳӣ ва нигоҳ доштани тозагии ҳаво — кафили ҳаёти солим ва муҳити зисти тоза аст. Аз ин рӯ дар ҳама ҳолат инсон бояд эҳтиёткор бошад. Эҳтиёткорӣ кафили амнияти ҷонӣ ва саломатии инсон мебошад.
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки ҳангоми заҳролудшавии инсон аз дуди ангишт дар шароити хона-ин нафаскашии ҳавои тоза, ҳангоми зарурат истифода аз ҳавотозакунак, истеъмоли ҷурғот, қаҳва, чойи талх, ба шахсони аз 18-сола боло додани ангишти фаъол (активированный уголь) рӯзе се маротиба чор ададӣ тавсия дода мешавад.
Дар ҳолати заҳролудшавӣ дару тирезаҳоро кушода, беморро ҳарчи зудтар ба ҳавои тоза баровардан ва мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур аст. Роҳ додан ба худтабобаткунӣ ҳолати хатарнок аст.
Нишонаҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт
Нишонаҳои умумии заҳролудшавӣ ё таъсири манфии моддаҳои хатарнок ба организми инсон дард ва чарх задани сар, хоболудӣ, беҳолӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, душвории нафаскашӣ ва дар ҳолатҳои шадид беҳушшавӣ мебошанд.
Аз ин рӯ мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар навбати аввал шахси заҳролудшударо бояд ба ҳавои кушод бароред. Тирезаю дарҳоро кушода, воридшавии ҳавои тозаро ба хона таъмин намоед. Ба рақамҳои 03 ё 112 занг занед. Агар шахс беҳуш бошад, ӯро ба паҳлу хобонида, роҳҳои нафасро боз нигоҳ доред.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






