ЧОРАҲОИ АМАЛӢ ДАР РОҲИ ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар Маркази ҷумҳуриявии пешгирии бемориҳои тропикӣ маҷлиси аввалини гурӯҳи корӣ баргузор гардид, ки бо фармони вазири тандурустии ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани сабабҳои афзоиши бемориҳои вобаста ба кирми рӯдаю меъда ташкил дода шуда буд. Дар он муовини вазири тандурустӣ, роҳбари гурӯҳи корӣ Аъзам Мирзоев, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналхалқиву ғайридавлатӣ иштирок намуданд. А. Мирзоев роҷеъ ба мақсади маҷлиси мазкур сухан ронда, қайд кард, ки Вазорати тандурустӣ ҳамроҳи вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналхалқию ғайридавлатӣ лоиҳаи Барномаи кам кардани бемориҳои марбут ба кирми рӯдаю меъдаро таҳия кардааст. Мушовири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Албис Франсиско Габриели роҷеъ ба вазъи паҳншавии бемориҳои вобаста ба кирми рудаю меъда дар мамлакатҳои ҷаҳон, усулҳои мубориза бо муқобили онҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳа маълумот дода, гуфт, ки мувофиқи маълумоти омории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар дунё зиёда аз 4,5 миллиард нафар одамон ба бемориҳои вобаста ба кирми рӯдаю меъда гирифтор мебошанд. Ҳар сол дар ҷаҳон аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои вобаста ба кирми рӯъдаю меъда зиёда аз 15 миллион нафар одамон ба ҳалокат мерасанд. Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирии бемориҳои тропикӣ Тоҳир Шерхонов гуфт, ки аз 270 намуди кирми рӯдаю меъда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 намуд мавҷуд буда, танҳо 10 намудаш таҳқиқ карда шудааст. Дар мамлакат ҳар сол зиёда аз 20 ҳазор нафар гирифторони бемориҳои кирми рӯдаю меъда ба қайд гирифта мешаванд, ки 80% онҳоро кӯдакон ва бачагон то 14 — сола ташкил медиҳанд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






