Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фардикунонӣ ба тамоюли муҳими соҳаи телекоммуникатсия табдил меёбад. Содатар бигӯем, ба муштарӣ танҳо он тарофаю хизматрасониҳое пешниҳод мегарданд, ки маҳз барои ӯ ҷолиб буда метавонанд. Ин таҷрибаи нодири истифода бо истифода аз технологияҳои Big Data ва алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ ташаккул меёбад. Масалан, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» системаҳои Next Best Offer (NBO) ва Next Best Action (NBA)-ро мавриди истифода қарор додааст.
Пешниҳоди фардӣ (махсус) – тавассути NBO
Системаи NBO дар заминаи маълумоти бехусусият пешниҳодҳои фардиро бо таҳлили рафтори муштариён ба таври автоматӣ ташаккул медиҳад. Дар ин раванд тарофаю опсияҳои пайвасткардаю қатънамудаи муштарӣ, тағйирёбии хоҳишҳо ва талаботи номбурда, эътинои ӯ ба муроҷиатҳои оператор ба инобат гирифта мешаванд. Ин гуна тарзи амал имкон медиҳад, ки ба муштариён танҳо хизматрасонии барояшон мувофиқ пешниҳод карда шаванд.
Мисоли одӣ: муштарӣ ҳарчӣ бештар трафики интернетро истифода мебараду нисбатан камтар зангҳоро анҷом дода, СМС ирсол менамояд. Баъзе хизматрасониҳои дигари ройгонро умуман истифода намекунад. Ин маънои онро дорад, ки система пайвасткунии тарофаро бо бастаи васеъкардашуда пешниҳод карда, опсияҳои нодаркорро аз байн мебардорад.
Маълумот доир ба имконияти барои муштарӣ ҷолиб дар замимаи мобилии «МегаФон Life», қисми «Пешниҳодҳои махсус» ҷойгир карда мешавад. Дар он метавон бо чунин имконият мустақилона шинос шуда, ҳангоми зарурат пайваст кард.
Иртиботи муносиб – тавассути NBA
Агар NBO барои ташаккули пешниҳодҳо ҷавобгар бошад, системаи NBA вақти муносиб ва шакли иртиботро интихоб менамояд. Алгоритмҳо ҳолатҳои эҳтимолии ба кумак ниёз доштани муштариро муайян месозанд. Масалан, ба муштарӣ оид ба хизматрасонии фаъол ва хавфи барзиёд сарф шудани трафик хотиррасон карда мешавад.
Ҳамин тавр, вақте ҳаҷми бастаи интернетӣ ба тамомшавӣ наздик аст, система метавонад муваққатан трафики таҳвили маълумотро зиёд намояд, то ки муштарӣ хизматрасонии алоқаро бе танаффус истифода бурда тавонад. Тамоми шарҳу тавсияҳо инчунин дар қисми «Пешниҳодҳои махсус» дар «МегаФон Life» инъикос меёбанд.
Натиҷаи умумӣ: NBO ва NBA робитаро нисбатан дақиқ менамоянд, ба ин васила муштариён пешниҳодҳои тасодуфиро камтар қабул мекунанд – танҳо он тавсияҳое фиристода мешаванд, ки маҳз дар лаҳзаи ҷорӣ фоидаовар ҳастанд.
«Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то пешниҳодҳои таҳияшаванда дақиқ, саривақтӣ ва муфид бароянд. Технологияҳои NBO ва NBA барои дарки амиқи рафтори истифодабарандагон ва пешбининамоии роҳҳои ҳалли махсус, ки аз талаботи воқеӣ асос гирифтаанд, кумак мерасонанд», — мегӯяд Илдар Салихов, директори самти фурӯшҳои оператсионии ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






