Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд

Декабрь 24, 2025 09:00

ТУРСУНЗОДА, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Турсунзода барои таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон давоми солҳои 2024-2025 дар 21 ҳазору 91 гектар зироати тирамоҳию баҳорӣ кишт намуданд. 14 ҳазору 636 гектари онро ғалладонагиҳо, 1335 гектарро зироати техникӣ, 2960 гектарро сабзавот, 808 гектарро картошка, 162 гектарро полезӣ, 14 гектарро тухмии зироат ва 1182 гектарро хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи ба таври дуруст риоя намудани қоидаҳои агротехникӣ ва сари вақт бо ғизою оби полезӣ таъмин намудани зироат кишоварзони шаҳр ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Аз ҷумла, давоми 11 моҳи соли равон кишоварзони шаҳри Турсунзода 78 ҳазору 25 тонна ғаладонагӣ истеҳсол намуданд, ки 31 ҳазору 500 тоннаро шолӣ, 132 ҳазору 499 тоннаро сабзавот, 1109 тоннаро пахта, 7997 тоннаро картошка, 11 ҳазору 967 тоннаро маҳсулоти полезӣ, 5048 тоннаро мева, 63 ҳазору 550 тоннаро ангур, 171 ҳазору 40 тоннаро хӯроки чорво, 5029 тоннаро гӯшт, 24 ҳазору 180 тоннаро шир, 7,2 тоннаро моҳӣ ва 37,1 тоннаро асал ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти фаврӣ, то 1 декабри соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода ба дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат 51 ҳазору 892 тонна сабзавот, 2521 тонна мева, 4058 тонна картошка, 24 ҳазору 769 тонна ангур, 2318 тонна маҳсулоти полезӣ содирот намуданд, ки дар умум ба 85 ҳазору 558 тонна баробар аст.

Барои беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода 82 сардхона бо ғунҷоиши 26 ҳазору 350 тонна фаъолият менамоянд. То якуми декабри соли равон дар ин сардхонаҳо аз захираи умумӣ 15 ҳазору 475 тонна ангур ва 15 тонна мева боқӣ мондааст. Соҳибкорон аз ин сардхонаҳо ҳамарӯза ангури тозаро ба бозорҳои ҷумҳурӣ ворид ва пешкаши сокинон мегардонанд.

Дар баробари зиёд гардидани истеҳсоли ангур дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби деҳқонон ва соҳибкорон тайёр кардани мавиз ба роҳ монда шуд. Тибқи маълумоти фаврӣ, дар натиҷаи коркарди 18 ҳазор тонна ангур 4500 тонна мавизи хушсифат истеҳсол карда шуд. Аз ин миқдор 2100 тонна мавизи хушсифат ба хориҷи мамлакат содирот гардид.

Кишоварзони шаҳри Турсунзода ният доранд, ки соли 2026 боз ҳам бештар заҳмат кашида, барои сокинон ҷойи кори мавсимӣ муҳайё намоянд. Ҳамзамон бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Деваштич расонида шуд

Маводҳои таҳлилӣ