Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона то 2 дараҷа хунук мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад






