ДАР САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧИН РАСУЛ БОҚИЕВРО ТАБРИК НАМУДАНД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 15 август дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин бахшида ба комёбии варзишгари тоҷик Расул Боқиев дар бозиҳои олимпӣ нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд. ки Р.Боқиев ғайр аз бозиҳои олимпӣ дар бисёр мусобиқаҳои байналхалқӣ ширкат варзида, ғолиб омадааст. Вай аз ҷумла дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдо дар Бразилия ҷойи сеюмро ишғол карда буд. Дар мусобиқаи байналхалқии барои ба даст овардани шоҳҷоиза иштирок намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Ӯ ҳамчунин дар давоми солҳои 2005-2006 ва 2007 дар бисёр мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок карда натиҷаҳои хуб ба даст оварда буд. Сафири Тоҷикистон Рашид Олимов ба Расул Боқиев бо муррабии ӯ Владимир Елчанинов тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






