ЭМОМАЛИ РАХМОН: «МУЛОКОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ СҲШ ПУРСАМАР БУД»

Август 28, 2008 16:58

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).-Сарони кишварҳои узви СҲШ дар фарҷоми мулоқот Эъломияи Душанберо дар бораи нақш ва мақоми созмон дар ҷомеаи имрӯза имзо карданд. Президентхои Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунин зери санадҳои ҳамкорӣ дар мавриди якҷоя гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи тарканда имзо гузоштанд. Инчунин, меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Аврупо ба имзо расид. Пас аз анҷоми маросими имзои ҳуҷҷатҳо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси СҲШ натиҷаҳои мулоқотро дар ҳузури доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ ҷамъбаст карда, гуфт, ки маҷлиси имрӯзаи Созмони Ҳамкории Шанхай хеле пурсамар ва фарогири тамоми масоили мавриди баҳсу баррасӣ хотима ёфт. Сарони кишварҳои аъзои созмон тавсиаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзоро таъкид карда, мавзӯъҳои ҳамкории бисёрҷониба ва вазъияти имрӯзаи байналхалқиро баррасӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки тайи як соли гузашта Созмони Ҳамкории Шанхай фаъолияти хеле назаррас нишон дод. Муассисаҳои мухталифи созмон бо фаъолияти босамари худ ба муваффақиятҳои зиёд ноил шуданд. Бахусус, дар бахшҳои таъмини амният ва тиҷорат корҳои зиёд анҷом дода шуд. Самтҳои ҳамкории кишварҳои узви созмон дар ҳоли афзоиш мебошад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои Русия Дмитрий Медведев, Чин Ху Сзинтао, Казоқистон Нурсултон Назарбоев, Ӯзбекистон Ислом Каримов, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайатҳои расмии Покистон, Муғулистон ва Ҳиндустон ҳамчун кишварҳои мушоҳиди СҲШ, инчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба ҳайси меҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Август 28, 2008 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид