ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН, ҚАЗОҚИСТОН, ЭРОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР ДУШ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Президентҳои Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба Душанбе омаданд. Онҳо пагоҳ, 28 август дар маҷлиси навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок менамоянд. Бояд гуфт, ки Эрон дар маҷлиси созмони мазкур мақоми мушоҳид дорад. Маҳмуд Аҳмадинажод инчунин дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон низ иштирок хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сарони ҳамаи давлатҳоро дар майдони ҳавоии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.