ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН ОМАД
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барои боздиди расмии давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳавопаймои махсуси Президенти Русия чанд лаҳза пеш дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд омад. Сардори давлати Русияро дар майдони ҳавоӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт. Д.Медведев пагоҳ, 28 август дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок менамояд. Инчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Русия ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






