САҲМИ РУСИЯ ДАР МУСОИДАТ БА СУЛҲИ МИНТАҚАИ ҚАФҚОЗ ДАСТГИРӢ КАРДА
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). – Мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вобаста ба вазъияти Иристони ҷанубӣ изҳори ташвиши ҷиддӣ намуда, нақши фаъолонаи Русияро дар бобати мусоидат ба сулҳу осоиш дар минтақаи Қафқоз дастгирӣ карданд. Дар Эъломияи Душанбе даъват карда мешавад, ки тарафҳои даргир проблемаҳои мавҷударо бо роҳҳои гуфтушунид ва мусолиматомез ҳаллу фасл кунанд. Боварӣ дорам, ки мавқеи ягонаи давлатҳои аъзои СҲШ ҳамовозии байналхалқиро ба вуҷуд оварда, онҳоеро ҳушдор хоҳад дод, ки ҳақиқатро сарфи назар карда, таҷовузро ба муқобили мамлакати дигар ҳақ бароварданӣ мешаванд, гуфт Д.Медведев.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






