СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛИ РАҲМОН
Дўстони азиз!Ҳамватанони арҷманд!Дар таърихи ҳар халқу миллат сана ва рўйдодҳои арзишманде ҳастанд, ки бо гузаштани вақту тақозои замона мазмуну мундариҷаи нави иҷтимоӣ мегиранд. Бегумон, амали хайре, ки ҳоло бо иштироки меҳмонони олиқадр ва мардуми пойтахти кишварамон амалӣ мешавад, чун як саҳифаи заррини дигар ба китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид мегардад. Имрўз дар боғи тарҳи навгирифтаи устод Рўдакӣ, воқеъ дар маркази пойтахти мамлакатамон муҷассамаи Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки соли равон бо қарори ЮНЕСКО 1150-солагии ўро дар қатори мардуми Тоҷикистон тамоми ҷаҳони мутамаддин ҷашн мегирад, қомат афрохт. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин муҷассамаи устод Рўдакӣ аз лиҳози услуб ва санъати меъморӣ дар радифи зеботарин ва пуршукўҳтарин ёдгориҳои таърихии кишварамон мақоми арзанда хоҳад гирифт. Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки расо ним аср қабл Тоҷикистон 1100-солагии нобиғаи миллат — устод Рўдакиро ботантана ҷашн гирифта буд, вале дар замони мо, замони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ҷашни Рўдакӣ ҳамчун таҷассумгари андеша, ҷавҳар ва фитрати миллӣ, ҳамчун тантанаи пирўзии хиради азалии халқи тоҷик моҳияти нав касб менамояд. Хотираи инсоният ба мисли оинаи пурҷилоест, ки бани одам онро аз насл ба насл мерос гузошта, дар роҳҳои пурпечутоби таърих эҳтиёткорона ҳифз намудаанд, то гаштаю баргашта дар оинаи таърих осореро бубинанд, ки орзую омол, шикасту пирўзиҳо ва лаҳзаҳои нишотбахши замонҳои пешинро ифода менамоянд. Огаҳӣ аз гузашта наслҳои минбаъдаро бо донишҳои нав мусаллаҳ месозад, ба онҳо сабақҳои волою хирадмандона медиҳад, дар мисоли корнамоиҳои аҷдодон ибрату илҳоми тоза мебахшад. Ба ин маънӣ, рў овардани мо ба замони Сомониёни бузург, ба умқи таърихи ҳазорсола, ки аз паси ғубори он шеъри Рўдакӣ чун нури ҳаётбахши хуршед ҷило медиҳад, як амали табиист. Маҳз дар замони Сомониён баъди суқути тўлонӣ давлатдории мо эҳё гардид ва шакли комил гирифт. Маҳз дар ҳамон давра Абўабдуллоҳи Рўдакӣ пойдевори кохи бузурги адабиёт ва фарҳанги моро гузошт, маҳз дар ҳамон айём забони адабии тоҷикӣ ва андешаи миллию ғояи ватанхоҳӣ ташаккул ёфтанд, ки ба шарофати онҳо халқи тоҷик минбаъд дар гирдоби офатбори таърих бо вуҷуди шикасту рехти зиёд эмин монд. Эҷодиёти пурғановати Рўдакӣ ба давраи ниҳоят муҳим ва пурталотуми таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон рост омада, дар он воқеъаҳои бузурги иҷтимоии замон таҷассум ёфтаанд. Ақоиди адабӣ ва зебоипарастии Рўдакӣ дар асри ў комилан навоварона, боҷасорат ва пешқадам буданд ва пешорўи суханварон уфуқҳои тозаро мекушоданд. Хизмати бузурги Рўдакӣ дар он аст, ки ў на фақат пояи адабиёти тоҷикро гузошт, балки бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард ва бо ҳамин истиқлоли адабии халқи худро таъмин намуд. Мероси адабии шоир ба дараҷаи ҳайратангез бузург будааст ва абёте, ки то имрўз боқӣ мондаанд, аз он баҳри бекарона ба мисли як қатраанд. Вале ҳатто аз ин осори камшумор шукўҳу шаҳомати он кохи баланди назм, ки офаридгораш Абўабдуллоҳи Рўдакӣ мебошад, ба хубӣ пайдост. Рўдакӣ на фақат шоири забардаст, балки донишманди комил низ буд. Ў аз таърих ва фалсафаи мамолики Шарқ ва Юнони қадим маълумоти фарох дошт, достонҳо ва ривоятҳои қадими паҳлавӣ, суғдӣ, арабӣ ва халқҳои дигарро хеле хуб медонист. Рўдакӣ аз фарҳанги бостонии аҷдоди хеш ифтихор дошт, ватанхоҳӣ, адолатпарварӣ ва инсондўстиро талқин менамуд.Аз он айёме, ки Рўдакӣ зистаасту эҷод намудааст, беш аз ёздаҳ аср сипарӣ шудааст, вале даъватҳои шоир ба хотири баҳрагирӣ аз таҷрибаи рўзгор ва илмомўзию донишандўзӣ дар асри мо, асри рушди илму техника ва технологияҳои нав, асри глобализатсия бо ҳама ҳусну қубҳаш ниҳоят замонавӣ ва асоснок садо медиҳанд. Чунин афкори хирадмандонаю дурбинона дар эҷодиёти Рўдакӣ хеле зиёд аст. Аз ин хотир метавон гуфт, ки шеъри Рўдакӣ ҳеҷ гоҳ кўҳна нахоҳад шуд ва худи ў дар ҳамаи давру замонҳо шоири муосир боқӣ хоҳад монд.Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ!Ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти оламшумули тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар арафаи иди бузурги миллиамон — 17-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ сурат мегирад. Дар ин лаҳзаҳо ёдовар шудан хеле бамаврид аст, ки маҳз дар замони истиқлолият мо имкон ёфтем, то гузаштаи миллати худро таҷдиди назар кунем ва аз маънову мундариҷаи мероси гаронбаҳои шоирону мутафаккирони асрҳои пешин ба манфиати давлати мустақил ва ҷомеаи нави кишварамон баҳрабардорӣ намоем. Дар ин рўзҳо мо бояд аз истиқлоли Ватан ва толеи баланди миллати хеш шукргузор бошем, ки маҳз дар рўзгори мо ду абармарди таърихи пурифтихорамон — Исмоили Сомонӣ ва Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ба қуллаи боз ҳам баланди шаъну шўҳрат расиданд ва пайкараҳои боҳашамати ин ду нобиғаи миллат рў ба рў, дар канори ҳам дар дили пойтахти давлати тоҷикон қад афрохтанд. Чунон ки шумо огаҳӣ доред, Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи машҳури «Рўдакӣ»-ро бо маҳорати баланд ба саҳна гузошт. Боғи марказии истироҳатӣ ва фароғатии Душанбе бо ҷилои ҳусну тозагии дигар номи мубораки Рўдакиро гирифт. Хиёбони марказии пойтахт, чандин ноҳияҳо, пажўҳишгоҳу донишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангиву илмӣ бо исми шарифи Рўдакӣ зебу зиннат ёфтаанд. Дар зодгоҳи шоир, деҳаи Панҷрўд оромгоҳи ў куллан бозсозӣ гардид, ки он зиёратгоҳи доимии мардуми шеъру фарҳангпарвари кишвар ва меҳмонони хориҷӣ хоҳад шуд.Тадқиқоти бунёдии донишманди маъруфи Эрон, профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саид Нафисӣ, ки таҳти унвони «Муҳити зист, аҳвол ва ашъори Рўдакӣ» ҳанўз солҳои 1934 — 1941 дар Теҳрон чоп шуда, сароғози ҳақиқии илми рўдакишиносӣ гардида буд, ба ҷоизаи байналмилалии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ сазовор дониста шуд. Ин ҳама далели эҳтироми бепоёни халқи мо нисбат ба шоири миллии хеш аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба тамоми роҳбарону масъулон, меъморон ва хусусан сохтмончиён ва ҳааи онҳое, ки дар таҷдиди ин боғ ва бунёди муҷассамаи устод Рўдакӣ саҳм гузоштанд, миннатдории худро баён менамоям. Ҳозирини гиромӣ!Иҷозат диҳед ин лаҳзаҳои хотирмон ва пурнишотро бо як байти шоири гумноми ҳамзамони устод Рўдакӣ ҳусни хотима бахшида, ба шодмонии тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамаи эътиқодмандони шеъри оламгири тоҷикӣ-форсӣ дидори азизи устод Рўдакиро дар ҷилои нав муборакбод гўям:Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй,Гул бирезад, нарезад аз вай бўй.