ҒАЛЛАИ КОФӢ ИСТЕҲСОЛ ШУД

Сентябрь 18, 2008 13:17

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саймурод Баҳриддинов соли ҷорӣ ҳосили хуби гандум гирифта мешавад. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, то 15 сентябри соли ҷорӣ аз масоҳати 220 ҳазору 389 гектар гандуми киштшуда, майдони 189 ҳазору 808 гектари он даравида шудааст, ки ин баробари 81,1 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Ҳосили 181 ҳазору 811 гектари даравидашуда кӯфта гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳазору 951 гектар зиёд аст. Ҳосилнокии ҳар гектар гандуми кӯфашуда 19 сентнериро ташкил дод. Ҳосили умумии гандуми кӯфташуда дар ҷумҳурӣ ба 345 ҳазору 111 тонна расонида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2007 64 ҳазору 317 тонна зиёд мебошад.

Сентябрь 18, 2008 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид