ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲР ДАР БОРАИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1981-1990 ба хизмати ҳарбӣ» қарор қабул кард. Дар қарори мазкур аз ҷумла омадааст, ки комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат, дар навбати аввал Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда, мукаммал намоянд. Инчунин, таъқид шудааст, ки Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе комиссияҳои тиббиро бо духтурони ботаҷрибаи соҳаи тиб ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намояд. Раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор шудаанд, ки ҳамроҳи комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ назорати қатъиро барои аз ҳудуди пойтахт баромада нарафтани даъватшавандагон, пурзӯр ва ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ аз корхона, муассиса ва ташкилотҳо 10 нафарӣ кормандони техникиро сафарбар намоянд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои пойтахт ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳозир шудани даъватшавандагон ба марказҳои даъватӣ кӯмак намуда, нисбат ба шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷустуҷӯи онҳоро ба роҳ монанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






