ҶАМЪОВАРИИ САБЗАВОТ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Дарвози вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз даҳаи дуюми моҳи август ҷамъоварии сабзавот дар ин ноҳия оғоз ёфт. Ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 20 гектар сабзавот кишт намуда, ҳосили хуби помидор бодиринг ва сабзӣ рӯёниданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) -и ноҳия аллакай аз майдони 10 гектар ҳосили сабзавотро ҷамъоварӣ намуданд. Дар ноҳия аз 521 тоннаи нақшавӣ — 224 тоннаи онро ҷамъоварӣ намуданд, ки ин баробари 44,4 фоизи нақша мебошад. Ҳосилнокӣ аз 1 гектар ба 249 сентнер расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2007 5 сентнерӣ зиёд аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






