БАЧАГОН АЗ ИСТЕЪМОЛИ ШИР ВАФОТ КАРДАНД

Сентябрь 16, 2008 11:14

Пекин, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). – Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин чанд нафар кӯдак аз истеъмоли шири хушки истеҳсоли ширкати «Санлу» вафот кард. Мақомоти муҳофизи қонун 19 нафар корманди ширкатро ба ҳабс гирифтанд. Дар натиҷаи тафтиш муқаррар карда шуд, ки ба шир моддаи химиявии меламин ҳамроҳ карда шудааст. Моддаи химиявии мазкур дар баробари зиёд кардани сафеда дар таркиби шир сабаби бемории шадиди гурда мегардад. Айни ҳол 1253 воқеаи аз истеъмоли шири хушк заҳролуд гардидани бачагон ба қайд гирифта шуд. Аз ин ҷумла, 340 нафар дар шифохона ҷой дода шудаанд. Вазъи саломатии аксарияти онҳо ниҳоят вазнин мебошад.

Сентябрь 16, 2008 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид