БАЧАГОНИ СИЧУАН ДАР ТОҶИКИСТОН ИСТИРОҲАТ МЕКУНАНД
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Бо даъвати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар духтар ва 10 нафар писар – фарзандони хизматчиёни ҳарбии ноҳияҳои бар асари зилзилаи харобиовар дар вилояти Сичуани Чин зарардида як ҳафта дар Тоҷикистон истироҳат мекунанд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин Рашид Олимов қабл аз сафари бачагони чинӣ ба Тоҷикистон бо онҳо мулоқот кард. «Боварӣ дорам, ки рӯзҳои истироҳати дар кишвари кӯҳистони мо гузаронидаатон дергоҳ аз хотири Шумо фаромӯш нахоҳад шуд. Умед аст, ки Шумо дар байни ҳамсолони тоҷикатон дӯстони боэътимоду вафодор пайдо мекунед. Бо ҳамин дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин бо ҳам мустаҳкамтар мегардад», — гуфт Рашид Олимов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






