ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ БА НОМИ М.ЛОМОНОСОВ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ОМӮХТА МЕШАВ
Маскав, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Аз 1 сентябри соли равон сар карда, омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамчун забони алоҳидаи иловагии шарқӣ дар Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов ба роҳ монда шуд. Соли ҷорӣ дар ин ҷо забони тоҷикӣ дар факултаи таърих омӯхта мешавад. Қабл аз ин дар давоми 7 соли гузашта забони тоҷикӣ танҳо дар баъъзе шӯъбаҳо омӯхта мешуд. Донишҷӯёни мамлакатҳои ИДМ ва мамлакатҳои хориҷӣ ба омӯхтани забони тоҷикӣ мароқи калон зоҳир мекунанд. Дар донишгоҳ барномаи махсуси омӯзиши забони тоҷикӣ тартиб дода шудааст. Дар донишгоҳи мазкур аз рӯзҳои аввали мавҷудияти он забони халқҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, забонҳои озарӣ, арманӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, туркманӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда буд. Ин забонҳоро донишҷӯёни гурӯҳҳо ва шӯъбаҳои алоҳида меомӯхтанд. Акнун дар заминаи Маркази таълимии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ кафедраи алоҳидаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таъсис дода шуд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






