ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ «ПЕШРАФТИ МАОРИФ ДАР РУСИЯ» КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе , 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ).- Бо ташаббуси Агентии федералии маорифи Русия 17 сентябр дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳти унвони «Рушди соҳаи маориф дар Русия» намоишгоҳи калон кушода мешавад. Дар он китобҳои нави дарсӣ, дастурҳои методӣ, наворҳои таълимӣ ва дастовардҳои нави илмию технологии соҳаи маориф намоиш дода мешаванд. Дар ҷараёни намоишгоҳ намояндагони Академияи ба номи Г. Плеханов, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Санкт- Петербург, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия, Донишкадаи давлатии иқтисодии Урал, Донишкадаи давлатии политехникии Томск, Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Русия ва Донишгоҳи давлатии Адигей ба Тоҷикистон омада, бо омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олӣ мулоқот хоҳанд кард.Тарҷумон — А. Қудратов.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






