ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ҚАРИБ 2 КИЛОГРАММ «ГЕРОИН» МУСОДИРА ГАРДИД

Сентябрь 11, 2008 17:11

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бахтиёр Ҷӯнайдови 26- соларо дастгир карданд, ки мехост бо ҳавопаймои Душанбе-Самара миқдори зиёди маводи нашъадорро ба Русия барад. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузарони аз бағоҷи Бахтиёр Ҷӯнайдов ду бастаи селофанӣ зардолуи хушк ёфт шуд. Қочоқчӣ дар дохили ҳар як зардолу моддаи нашъадори героин ҷой карда буд, ки вазни холиси он 1 килограмму 895 грамро ташкил медиҳад. Б. Ҷунайдов ба кормандони гумрук иқрор шуд, ки маводи мухаддирро ба ивази 6 ҳазор доллари ИМА аз шахси номаълум харида, мехост онро ба Федератсияи Русия барад. Вобаста ба ин нисбати Бахтиёр Ҷунайдов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда барои тафтиш ба прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Сентябрь 11, 2008 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид